Главная / Илм / КАБЗИ ПЕШОБ

КАБЗИ ПЕШОБ

kabzi-peshobКАБЗИ ПЕШОБ (Retensio urinae), наомадани пешоб. К. п. аз сабаби беморихои гуногуни узвхои шошаю таносул, ки дар ин холат сурохии найи пешоброн пурра ё кисман баста мешавад (омос, аденомаи гадуди простата, бемории санги пешоб ва г.), ба вучуд меояд. Он мумкин аст дар натичаи иллати асабхои маркази, инчунин дар аснои газаки атрофи рудаи рост ва макъад, осеби устухонхои кос низ инкишоф ёбад. К. п. шадид ва музмин мешавад.
Хангоми кабзи шадид бо вучуди зуд-зуд пайдо шудани хохиши дардомези пешоброни, бемор ихтиёри мезида наметавонад, зери ноф ва чатан дард мекунад. Мариз барои рафъи дард вазъи мувофик мечуяд – хам мешавад, суст нафас мекашад ва г. Аксар вакт дар ин маврид баданро араки сарди часпак пахш карда, одамро ларза мегирад.
Суст шудани чараёни пешоб, нисбатан тул кашидани пешоброни, пурра холи нашудани пешобдон аломатхои асосии кабзи музмин мебошанд.
Дар аснои кабзи шадид ёрии таъчили (тавассути асбоби махсус – катетер фавран холи кардани шошадон) зарур аст; баъзан чаррохии таъчили мебояд.
Хангоми кабзи музмин хатман аз муоинаи духтур уролог гузаштан лозим, то ки сабаби он муайян ва бемории асоси табобат карда шавад. Ниг. низ Узвхои пешоб, Ишурия.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …