Главная / Гуногун / Ислохоти солхои 1868- 1873 дар Чопон

Ислохоти солхои 1868- 1873 дар Чопон

Хукумати дар натичаи инкилоб ба сари кудратомадаро зохиран император Мутсух рохбари мекард. Режими сиёсие, ки хонадони Токугаваро намуд, манфиатхои гурухи буржуазию помешикии дар муборизаи зидди сёгун ташаккулёфтаро инъикос мекард. Харчанд дар хукумат мансабхои олиро намояндагони ашрофони дарбор ишгол намуда буданд, *ханаги асосии дастгохи хокимияти нав табакаи поёнии самурайхои вилоятхои чанубу гарби, яъне Сатсума, Тёсю ва Хидзэн буданд. Ба ташаккули сиёсати хукумати пешвоёни гурухи зиддисёгун Окубо Тосимити ва Кидо Такам таъсири калон мерасониданд.

390px-battle_of_ueno_4_july_1868

Барномаи хукумати нав ба системаи маъмури, сиёси, иктисоди ва ичтимоии мамлакат дигаргунихои мухимро дохил намуд. Унсурхои буржуазии хукмрон вазъияти чориро хуб дарк мекарданд. Онхо барои мустахкам кардани мавкеи худ таклифу пешниход намуданд, ки дар мамлакат ислохот гузаронида шавад то ки ба тартиботи феодалии чомеа хотима дода шавад.

Мувофики ислохоти маъмури князихои феодалиро, ки асл чудоихох буданд, бархам дода, ба чои онхо префектурахо ташкил дода шуданд, аз он чумла дар каламрави хар се пойтахт хам Токио, Киото ва Осака, ташкил додани системаи нави маъмури мувофики такозои манфиатхои тахкими иктисоди бозоргони амал бароварда шуд.

Мувофики ислохоти ичтимои мохи марги соли 1872 табакаи чомеа таъсис меёбад: дворянхои олимаком, ки ба собик даймё ва кугэ дохил буданд, дворянхои самураи*. Дар амал самурайхо вазъи имтиёзноки худро аз даст доданд. Дар натичаи ин анъанае ба вучуд омад, ки мувофики он ба мансабхои одии давлати, рохбари ба артит ва флот шахсоне пешниход карда мешуданд, ки аслан ба дворянхои оппозитсионии ду князи Сатсума ва Тёсю тааллук доштанд.

Соли 1872 ухдадории умумин харби эълон карда шуд, ки он дар ин соха ба инхисори самурайхо зарба зад. Бо максади тайёр кардани кадрхои баландихтисоси харби соли 1873 дар Токио академияи харби кушода мешавад. Дар ин академия мутахассисони харбии Фаронса ва дар академияю омузишгохи харбии бахри мутахассисони харбии Англия дарс медоданд.

Ислохоти аграри аз чумлаи чорабинихои мухимтарини хукумати нав буд. Он дар солхои 1872-1873 ба амал бароварда шуд. Максади ислохоти аграри дар дехот чори намудани муносибатхои сармоядори буд. Бо ин рох хукумат чидду чахд мекард, ки дар ин чо мавкеи помешикхои мавро мустахкам кунад. Бо хамин максад соли 1872 хариду фуруши замин расман ичозат дода шуд. Ин кор инхисори табакаи феодалхоро ба замин бекор ва моликияти буржуазиро бар он чори кард.

Сарфи назар аз баъзе махдудиятхояш ислохоти аграри дар татбики муносибатхои истехсолии бозоргонии Чопон мархалаи халкунанда гардид. Ашрофони баландмакоми феодали минбаъд дар дехоти Чопон такягохи ичтимоии хукумат набуданд. Акнун ин вазифаро дворянхои нав ва буржуазия ичро мекарданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …