Главная / Гуногун / Ислоҳоти солҳои 1868- 1873 дар Ҷопон

Ислоҳоти солҳои 1868- 1873 дар Ҷопон

Ҳукумати дар натиҷаи инқилоб ба сари қудратомадаро зоҳиран император Мутсуҳ роҳбарӣ мекард. Режими сиёсие, ки хонадони Токугаваро намуд, манфиатҳои гурӯҳи буржуазию помешикии дар муборизаи зидди сёгун ташаккулёфтаро инъикос мекард. Ҳарчанд дар ҳукумат мансабҳои олиро намояндагони ашрофони дарбор ишғол намуда буданд, *ханаги асосии дастгоҳи ҳокимияти нав табақаи поёнии самурайҳои вилоятҳои ҷанубу ғарбӣ, яъне Сатсума, Тёсю ва Хидзэн буданд. Ба ташаккули сиёсати ҳукумати пешвоёни гурӯҳи зиддисёгун Окубо Тосимити ва Кидо Такам таъсири калон мерасониданд.

390px-battle_of_ueno_4_july_1868

Барномаи ҳукумати нав ба системаи маъмурӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои муҳимро дохил намуд. Унсурҳои буржуазии ҳукмрон вазъияти ҷориро хуб дарк мекарданд. Онҳо барои мустаҳкам кардани мавқеи худ таклифу пешниҳод намуданд, ки дар мамлакат ислоҳот гузаронида шавад то ки ба тартиботи феодалии ҷомеа хотима дода шавад.

Мувофиқи ислоҳоти маъмурӣ князиҳои феодалиро, ки асл чудоихоҳ буданд, барҳам дода, ба ҷои онҳо префектураҳо ташкил дода шуданд, аз он ҷумла дар қаламрави ҳар се пойтахт ҳам Токио, Киото ва Осака, ташкил додани системаи нави маъмурӣ мувофиқи тақозои манфиатҳои таҳкими иқтисоди бозоргонӣ амал бароварда шуд.

Мувофики ислоҳоти иҷтимоӣ моҳи марги соли 1872 табақаи ҷомеа таъсис меёбад: дворянҳои олимақом, ки ба собик даймё ва кугэ дохил буданд, дворянҳои самураӣ*. Дар амал самурайҳо вазъи имтиёзноки худро аз даст доданд. Дар натиҷаи ин анъанае ба вуҷуд омад, ки мувофиқи он ба мансабҳои одии давлатӣ, роҳбарӣ ба артит ва флот шахсоне пешниҳод карда мешуданд, ки аслан ба дворянҳои оппозитсионии ду князӣ Сатсума ва Тёсю тааллуқ доштанд.

Соли 1872 ӯҳдадории умумин ҳарбӣ эълон карда шуд, ки он дар ин соҳа ба инҳисори самурайҳо зарба зад. Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ соли 1873 дар Токио академияи ҳарбӣ кушода мешавад. Дар ин академия мутахассисони ҳарбии Фаронса ва дар академияю омӯзишгоҳи ҳарбии баҳрӣ мутахассисони ҳарбии Англия дарс медоданд.

Ислоҳоти аграрӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимтарини ҳукумати нав буд. Он дар солҳои 1872-1873 ба амал бароварда шуд. Мақсади ислоҳоти аграрӣ дар деҳот ҷорӣ намудани муносибатҳои сармоядорӣ буд. Бо ин роҳ ҳукумат ҷидду ҷаҳд мекард, ки дар ин ҷо мавқеи помешикҳои мавро мустаҳкам кунад. Бо ҳамин мақсад соли 1872 хариду фурӯши замин расман иҷозат дода шуд. Ин кор инҳисорӣ табақаи феодалҳоро ба замин бекор ва моликияти буржуазиро бар он ҷорӣ кард.

Сарфи назар аз баъзе маҳдудиятҳояш ислоҳоти аграрӣ дар татбиқи муносибатҳои истеҳсолии бозоргонии Ҷопон марҳалаи ҳалкунанда гардид. Ашрофони баландмақоми феодалӣ минбаъд дар деҳоти Ҷопон такягоҳи иҷтимоии ҳукумат набуданд. Акнун ин вазифаро дворянҳои нав ва буржуазия иҷро мекарданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …