Главная / Гуногун / Интиколи Маблагхо дар Бонк: МАЪЛУМОТНОМАИ ТАХЛИЛИ

Интиколи Маблагхо дар Бонк: МАЪЛУМОТНОМАИ ТАХЛИЛИ

Ба Раиси Раёсати
ЧСП «СомонБонк»
мухтарам Сомонов С.С.

МАЪЛУМОТНОМАИ ТАХЛИЛИ

Мудирияти чамъбасти-тахлилии Раёсати иттилооти-тахлили тибки супориши Шумо, оид ба тахлили натичаи фаъолияти ЧСК «СомонБонк» дар самти интиколи маблагхоро зери ичроиш карор дода аз натичааш чунин маълумот медихад.

Бо максади ичроиши супориш, нишондихандахои асосии Бонк вобаста ба интиколи маблагхо дар 4-мохи аввали соли 2012 зери тахлил карор дода шуданд. Мачмуи маблагхои интиколшуда аз чониби ЧСК «СомонБонк» Дар давоми 4-мохи соли 2012 (бе кушодани суратхисобхо)

Асъор Маблаги интиколи воридшудаи пардохтгардида Маблаги интиколи ирсолшуда Даромад аз интикол
Доллари ИМА 90 289 388 23 719 250
Рубли руси 3 770 316 877 919 779 151
Евро 220 154 123 989
Сомони 84613 0
Хамаги бо сомони 1 044 566 431 263 304 948 7 713 375

Чи тавре, ки аз чадвали боло бармеояд, маблагхои интиколшаванда асосан бо рубли руси ба амал бароварда мешаванд, ки ин аз нисф зиёди хачми маблагхои интиколшавандаро ташкил медихад. Маблагхои ирсолшаванда назар ба маблагхои пардохтшаванда 25%-ро ташкил додааст. Дар мачмуъ бошад, давоми ин давра бо муодил ба маблаги 271 млн. доллари ИМА маблагхо интикол дода шуданд, ки аз он 216 млн. доллари ИМА пардохт гардидааст, 55 млн. доллари ИМА ирсол карда шудааст.

Даромад аз ин амалиёт маблаги 7,7 млн. сомони буда 4%-и мачмуи даромадхои бонкро ташкил медихад.Интиколи маблаг
Гарчанде, ки даромад аз интиколи маблагхо дар мачмуъ 4%-и даромади низоми ЧСК «СомонБонк»-ро дар давраи тахлилшаванда ташкил медихад, лекин дар филиалхо ин таносуб шакли дигар дорад.

Масалан чунин даромад дар тавозуни филиали бонки н. Хисор-15%, Чиргатол-29%, Шахритус-28%, Айни-27%, Гончи-24%, Ишкошим-20%, Фархор-14%, Рушон-14%, Рогун-5%, Хамадони-11% ва Восеъ-2%-и хиссаи умумии даромадхои онхоро ташкил медихад.

Соли 2011 хиссаи ЧСК «СомонБонк» дар бозори интиколи маблагхои чумхури 31%-ро ташкил кард ва ба маблаги 913 млн. доллари ИМА баробар буд. Дар кишвар бошад, ин нишондиханда ба охири соли 2011 маблаги 2,96 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 45,4%-и Мачмуи махсулоти дохилии Точикистон баробар мебошад.

Ба хисоби миёна ЧСК «СомонБонк» аз фаъолияти интиколи маблагхо бо арзиши 0,54%-и солона даромад гирифта бошад, аз он 0,33% харочоту андоз ва бокимонда 0,21% фоидаи софи Бонк ба шумор меравад. Вазни миёнаи як интикол ба хисоби миёна бо муодил ба 670-доллари ИМА баробар аст.

Дар соли 2010 бошад хиссаи ЧСК «СомонБонк» дар бозори интиколи маблагхои кишвар 39%, соли 2009 ба андозаи 40%, ва соли 2008 дар хачми 38,2% карор гирифта буд ва гувохи аз он медод, ки солхои кабли мавкеи Бонк дар ин бахш нисбатан бештар буд. Албата бояд ба назар гирифт, ки тули солхои охир бинобар сабаби зиёд шудани марказхои хизматрасонии дигар бонкхо, мавкеъи ЧСК «СомонБонк» нисбатан кохиш ёфтааст, вале аз дигар тараф, саривакт таъмин нашудани сохторхои амалиёти бо воситахои пули, кувваи барк, алока ва дигар омилхо боиси паст шудани хачми интиколи маблагхо гаштааст.

Хачми маблагхои интиколшуДа бо низомхо (бо Доллари ИМА)

Низоми пардохт Маблаги интиколи воридшудаи пардохтгардида Маблаги интиколи ирсолшуда Шумораи Амалиёт дар барномаи ЦФТ
1 Anelik 6 930 001 138 893 25 612
2 ЗОЛОТАЯ КОРОНА 126 145 041 20 715 057 23 782
3 CONTACT 24 450 714 540 897 12 788
4 UNISTREAM 25 966 220 1 892 608 12 039
5 MIGOM 7 848 233 7 255 902 9 136
6 Western Union 6 831 704 1 266 811 9 095
7 Blizko 4 763 954 17 487 5 953
8 Лидер 5 431 765 14 100 416 5 322
9 Inter Express 1 943 862 2 095 4 545
10 Private Money 2 969 021 13 231 2 873
11 Money Gram 1 789 086 266 969 2 254
12 Быстрая почта 1 008 531 115 894 1 775
13 SWIFT 112 337 8558 134 650
14 Allur 46 219 0 7
15 Avers 9 295 0 3
Хамаги 216 245 983 54 617 583 115 834

Аз нишондихандахои чадвал бармеояд ки аз хама маблаги зиёд асосан тавассути низоми Золотая корона, баъдан UNISTREAM ва саввумин тарики CONTACT интикол шудааст. Аз хама камтар бошад, тавассути низоми интиколии Avers интикол гардидааст. Бо низоми Allur бошад, бинобар сабаби ночиз будани хачми амалиёт, шартномаи хамкори катъ карда шудааст.

Аз чихати шумораи амалиётхо бошад, аз хама зиёдтар тавассути низоми Анелик, баъдан Золотая корона маблагхо интикол дода мешаванд.

Интиколи пардохтшуда маблагхо дар давоми солхои 2008-2012 (бо номинали . асъор)

Асъор Соли 2008 Соли 2009 Соли 2010 Соли 2011 30.04.2012
RUR 6 193 541 868 7 683 201 112 12 347 136 722 14 489 096 399 3 770 316 877
USD 703 402 788 473 046 398 450 377 991 413 127 186 90 286 388
EURO 3 278 926 2 479 699 2 451 944 1 856 879 220 154
Хамаги бо $ 956 481 887 723 060 651 862 772 990 913 524 691 216 245 983
Шумораи

амалиёт

937 170 802 505 825 111 464 161 105 135

Барои ташкили амалиётхои интиколи, ЧСК «СомонБонк» 138 сохтори худро, аз чумла 62-филиал, 55-нуктахои интиколи маблагхо, 15-МХБ, 3-МАБХ, 2-Дирексия ва 1-шуъбаи амалиёти, ки дар он 224 нафар корманд сафарбар карда шудаанд, чалб намудааст.

Фаъолияти интиколи маблагхо дар сохторхои амалиётии Бонк ба санаи 30.04.2012

Номгуи сохтор Маблаги интикол бо $ Фоидаи соф Шумораи кормандон Сарбори ба як корманд (дар 1 руз)
Саридора
Раёсати амалиётии №1 38 628 348 338 663 13 35
Раёсати амалиётии №2 1 785 196 6 596 2 14
МХБ-1 5 235 187 62 426 2 32
МХБ-2 756 526 -21 488 3 7
МАХБ-3 4 485 382 48 685 3 19
МХБ-4(катъ карда шуд) 901 563 8 810 1 15
МАХБ-5 6 680 590 91 851 2 47
МАХБ-7 2 896 986 43 771 1 45
МАХБ-8 13 525 027 135 131 6 17
Гипрозем (ША) 5 442 397 88 896 2 40
Душанбе
н. Фирдавси 7 765 981 124 976 3 38
И. Сомони 3 222 074 9 162 5 9
н. Шохмансур 7 495 226 83 121 5 18
мах. Шохмансур 965 235 7 754 1 14
Филиал Сино 9 920 617 92 528 2 45
НТМ (РРП)
н. Рашт 1 900 536 12 880 1 15
Вахдат 1 860 082 109 229 4 25
Варзоб 93 833 -11 970 2 1

 

Нуробод 734 033 3 692 2 7
Рогун 1 061 868 2 262 1 7
Рудаки 737 522 23 798 2 14
Турсунзода 3 309 915 71 454 4 17
Точикобод 955 047 13 665 1 16
Файзобод 1 009 896 10 132 2 7
Шахринав 900 302 35 971 3 14
Илхом (Хиссор) 9 51 878 47 181 2 23
Филиал Ёвон 372 195 45 434 2 21
н. Хисор 2 486 315 77 897 3 24
н. Чиргатол 11 664 737 20 757 1 21
Дар н. Сугд
ш. Хучанд 10 857 839 54 502 10 13
Сугд (сарфилиал) 5 753 949 19 953 9 12
н. Айни 605 662 1 254 1 10
н. Ашт 3 166 373 34 898 5 9
н. Зафаробод 2 146 807 28 218 2 17
н.Исфара 2 113 067 11 812 5 8
н.Истравшан 3 834 613 73 757 3 26
н. Конибодом 5 667 925 92 004 3 28
н.Мастчох (Бустон) 352 440 5 411 1 9
н. Панчакент 11 597 354 131 023 13 13
н. Спитамен 3 408 455 53 979 2 26
н. Шахристон 748 475 4 053 2 6
н. Гафуров 3 239 864 15 307 4 12
н. Гончи 6 037 774 76 815 4 20
н. Ч. Расулов 1 329 558 19 455 2 12
м. Кургонтеппа
н. Панч 1 730 960 26 333 1 26
Сарф. Кургонтеппа 13 454 547 123 018 17 12
н. Хуросон 1 743 012 18 098 2 13
н. Шахритуз 8 594 089 111 039 7 16
н. Кубодиён 4 614 881 78 072 2 42
н. Кумсангир 1 544 333 13 660 2 44
н. Ч. Руми 2 963 566 43 030 2 22
н. Чиликул 3 410 361 48 167 2 25
Бохтар 641 441 14 754 1 19
Вахш 1 352 282 15 589 2 10
н. Дангара 1 403 933 12 171 2 11

 

Чоми 2 872 440 44 560 2 21
Минтакаи Кулоб
ш. Кулоб 8 886 531 99 386 10 12
н. Восеъ 714 345 1 059 1 7
н. Муминобод 333 311 -9 411 2 1
н. Темурмалик 867 614 4 573 2 7
н. Фархор 4 584 000 74 717 3 23
н. Ховалинг 291 116 -126 1 6
н. Шуробод 512 835 2 299 2 4
н. Хамадони (Москва) 3 249 631 49 781 2 24
ВМКБ:
ш. Хоруг 3 900 998 67 545 4 17
н. Ванч 482 183 3 818 1 8
Калъаи Хум 354 722 -906 1 6
н. Ишкошим 406 137 1 442 1 7
н. Мургоб 223 160 -15 754 2 2
н. Рошкалъа 350 874 536 1 6
н. Рушон 908 468 15 107 1 20
Сагирдашт 84 560 -8 267 1 1
Хамаги 271 730 889 3 049 361 229 миёна-17

Тибки чадвали мазкур муайян мешавад, ки аз 138-сохтори Бонк, 12-адад бо зарар дар самти интиколи маблагхо фаъолият карданд (6 филиал ва 6 шуъбахои амалиёти). Аз чумла, филиали Бонк дар д. Сагирдашт, Калъаи Хум, Мургоб, Муъминобод, Ховалинг, Варзоб ва Шуъбахои амалиёи дар дехаи Балчувон, Дахана (ш.Кулоб), Ином (Шахритуз), Лохути 7/4 (ф. Исмоили Сомони), Алмос ва Мадина (ш.Хучанд) инчунин Маркази Хизматрасонии Бонкии №2.

Дигар масъалаи мухиме, ки чолиби диккат аст ин сарбории кормандони интиколии сохторхои амалиёти мебошад. Мутассифона, бинобар сабаби мавчуд набудани ракамхои дакик вобаста ба шумораи интиколгирандагон (гузариш аз RS Bank ба ЦФТ) зарур шуморидем, ки ракамхои такрибии тахлилиро хисоб карда мукоиса намоем.

Муайян шуд, ки кисми зиёди кормандони интиколи маблагхо вакти изофа барои хизматрасони кардани дигар махсулотхои бонкро доранд.

Масалан, агар дар 1-соат як корманд 2 мизочи интиколгирандаро хадди акал хизматрасони намояд, пас дар давоми як рузи кори баробари 16-мизоч мешавад. Лекин тахлилхо нишон медиханд, ки дар низоми ЧСК «СомонБонк» аз ин нишондиханда камтар, кормандони 21-сохтор аз чумла: филиали Бонк дар н. Варзоб, Файзобод, Муъминобод, Темурмалик, Шуробод, Ванч, Мургоб ва дигарон сарбори камтар доранд, дар холе, ки дар басти кориашон 2 ва зиёда корманди интиколи маблагхо доранд. Бинобар ин, пешниход менамоем, ки яке аз корманди худро ба сохахои дигари фаъолияти судманди бонки равона гардонанд ё хамзамон дигар корхои тичоратии бонкро амали намоянд.

Дар мачмуъ бошад, ба хисоби миёна (тахлили), маблаги воситахои асосие, ки Бонк дар самти интиколи маблагхо равона кардааст 13,6 млн. сомониро ташкил медихад, ки ин асосан, бинои кори, мизи кории кормандон, компютер ва ба монанди инхо буда 9,4%-и мачмуи воситахои асосии Бонкро ташкил медихад.

Мувофики хисобу тахлилхои гузаронидашуда, дар чор мохи соли чори аз амалияи тичорати зикршуда 7 713 375 сомони даромад гирифта шуда бошад, пас харочот маблаги 4 663 814 сомониро ташкил додааст. Дар натича, хисобхои тахлили нишон доданд, ки Бонк дар давраи зикршуда аз ин амалиёт 3 049 561 сомони фоидаи соф гирифтааст.

Хангоми тахлил хамчунин муайян гардид, ки бахисобгирии даромаду харочотхо дар хар сохтор гуногунранг мебошад. Агар дар як филиал харочотхои дахлдор ба сохтори худаш ба кайд нагирифта бошад, пас дар дигараш ингуна харочотхо ба дигар хисобхо бурда шудаанд ва ё умуман инъикос нагардидаанд. Ин холат дар раванди тахлилкуни душвори ба миён овард ва моро водор кард, ки дар баъзе холатхо, ракамхои вокеи не, балки ракамхои тахминии ба хакикат нисбатан мувофикбударо хисоб намоем (масалан, харочотхои инкасатсиони, бехатари, харочотхо то баркароршаваии интикол ва гайра).

Ба хотири тафсири ин холат, руйхат ва хачми харочотхое, ки вобаста ба интиколи маблагхо алокаманд мебошад дар чадвали зерин оварда шудаанд.

Номгуи харочот Хачми харочот
1 Маош 708 556
2 Мукофотпули 396 470
3 Истехлок (амортизатция)* 290 843
4 Кувваи барк* 74 005
5 Алока (телефон ва интернет)* 196 038
6 Инкасатсия 168 665
7 Бехатари* 221 627
8 Ичораи бино* 204 867
9 Харочотхои конселяри 100 563
10 Фонди хифзи ичтимоии ахоли (ФСЗН) 276 307
11 Андози минимали (1%) 77 134
12 Андози фонди рох (2%) 112 937
13 Андоз аз даромад (25%) 964 258
14 Харидани асъори хоричи аз бонкхои шарик 105 544
15 Азнавбаходихии асъори хоричи 0
16 Истифодаи захирахои чалбшаванда (пасандозхо) то баркароршавии интикол 586 000
17 Дигар харочотхои гайри мустаким 180 000
Хамаги бо сомони 4 663 814

Эзох: Зери харочотхои гайримустаким асосан, кисми маоши кормандони алокаманде, ки ба ин кор вобаста буданд, масалан рохбарони сохторхо, хазинадорон ва гайра махсуб мешаванд.

* Усули хисоб кардани истехлок тарики маблаги умумии истехлоки хар як филиал ба шумораи умумии кормандонашон таксим шуда ба шумораи умумии кормандоне, ки махз ба интиколи маблагхо дар онхо машгуланд зарб зада хисоб карда шудааст. Хамчунин дигар харочотхои марбута ба чунин усул хисоб карда шудааст.

Бояд кайд кард, ки махз интиколи маблагхо барои бештар гирифтани даромад аз амалиёт бо асъори хоричи, сабабгор гаштааст. Мутобикан дар давраи тахлилшаванда Бонк аз амалиёт бо асъори хоричи ба маблаги 11,4 млн. сомони даромади соф дида бошад аз он на кам аз 4,9 млн. сомони ё 43%-и онро махз аз хисоби фуруши рубли руси ба даст омадааст. Агар даромад аз хисоби фуруши доллари ИМА-ро ба назар гирем, пас ин ракам аз 5 млн. сомони зиёд метавон буд.

Гуфтахои боло шаходат аз он медиханд, ки махз Саридораи бонк аз сохторхои амалиётии худ доллари ИМА-ро бо нархи нисбатан арзон дастрас менамояд ва асосан ин асъорхое мебошанд, ки сохторхо аз хисоби мубодилаи интиколи маблагхои мухочирон ба даст овардаанд. Яъне махз интиколи маблагхо сабабгори зиёд гардидани даромади ЧСК «СомонБонк» ва таъмин шудан бо асъори хоричи мебошад, ки дар холатхои мухталиф Бонк талаботхои асъории худро аз ин сарчашмахо конеъ гардонида истодааст. Барои мисол, Бонк дар давраи тахлилшаванда 3 млрд. 770 млн. рубли русии маблагхои интиколиро пардохт карда 919 млн. рублро ба хорич ирсол намудааст. Хамзамон маблаги 368 млн. рублро аз бонкхои шарики дохили дастрас карда, бокимонда 2,5 млрд. рублро аз бозор харидори карда ба мизочон фурухтааст. Ин танхо ба мисоли рубли руси мебошад, вале нисбати доллари ИМА ва Евро, бо назрадошти мавчуд будани сабабхои маълум, тарзи хисбу китоб кардани он нихоят душвор мебошад ва вакти беандозаро талаб менамояд.

Ракамхои инъикосгардида хамчунин далели онанд, ки Бонк маблаги зиёди асъории конеъкунандаи худро аз хисоби бозор таъмин менамояд. Албата, маълум аст, ки дар самти таъмин бо доллари ИМА чандон душвори мавчуд нест, чунки филиалхо долларро аз бозор ва ё аз саридора дастрас менамоянд. Вале мушкилот асосан бо рубли руси мавчуд аст ва таъмини он дар баъзе холатхо аз дигар бонкхо, аз чумла БМТ, Ориёнбонк ва Казкомерцбанк бо харочотхои иловаги дастрас карда мешаванд.

Дар давраи тахлилшаванда ЧСК «СомонБонк» хамаги ба маблаги 32,3 млн. сомони воситахои пулию молиро барои пешбурдии тичорати интиколи маблагхо равона кардааст, ки аз он воситахои асоси ба маблаги 13,6 млн. сомони, накдина такрибан 14 млн. сомони ва харочотхои истехсолии тагйирёбанада, аз кабили маош, андозхо ва гайрахо маблаги 4,7 млн. сомониро ташкил доданд. Дар холати ба таъхир афтодани маблаги баркароршаванда аз тарафи бонкхои шарик (низомхои интиколи), Бонк мачбур мешавад, ки аз хисоби захирахои чалбшавандаи дигар онро муваккатан пушонад. Дар ин холат, ба хисоби миёна: 14 млн. сомони х 15,5%* – киммати миёнаи солонаи захирахо бо хамаи асъорхо /100 = 2,14 млн. сомони / 360 руз = 6027 сомони дар як руз харочоти иловаги дошта бошад.

Агар Бонк ин хачми маблагхоро дар ягон ташкилоти молияви хамчун пасандоз бо арзиши 14%-и солона мегузошт, пас фоидаи соф ба хисоби миёна маблаги на камтар аз 1,5 млн. сомониро дар давоми 4 мох ташкил менамуд. Дар асл бошад, фоидаи соф аз ин амалиёт маблаги 3 049 561 сомониро ташкил карда истодааст. Аз ин маълум мегардад, ки ЧСК «СомонБонк» аз амалиёт бо интиколи маблагхо нисбат ба он, ки ба дигар самтхои алтернативии фаъолияти молияви равона намояд, бештар фоида гирифта истодааст!

Номгуи сабабхое, ки боиси кам шудани даромади Бонк аз амалиётхои интиколи маблагхо мешаванд ва садди рохи рушди он мегарданд:

  1. Чойгиршавии сохтори хизматрасон чандон дар чойи серахоли ё обод маскан надорад. Хусусан филиалхое, ки дар нохияхои кухи мебошанд;
  2. Душвори бо таъмини кувваи барк дар фаслхои сард, хусусан дар холатхои фавкулода;
  3. Баъзан бо накдина саривакт таъмин нашудани сохторхои амалиёти;
  4. Ракобати шадид дар байни ташкилотхои молияви дар минтакахои кишвар;
  5. Харочотхои истехсоли нисбатан гарон мебошанд. Махсусан барои давраи сармо ба тамоми филиалхо барои харидани сузишвори (барои движок) зарур аст;
  6. Таъмини номуътадил бо алока ва интеренет;
  7. Муомилаи дурушт ё нодуруст бо мизочон;
  8. Маблагхои баркароршаванда аз 2-руз зиёдтар мавчуданд;
  9. Мавкеи кушодаи асъори дар баъзе холатхо боиси зарари гайричашмдошт шуда метавонад.

ХУЛОСА:

  1. Барои ЧСК «СомонБонк» фаълияти тичорати дар самти интиколи маблагхо дар давраи зикршаванда фоиданок буда даромаднокии он 65% (рентабельность) ва нишондихандаи CIR-29,4% мебошад, ки ин аз нишондихандахои бозори ва талаботхои кабулшуда кариб ду маротиба бехтар аст;
  2. Алхол ба хисоби миёна ЧСК «СомонБонк» аз низомхои интиколии маблагхо бо арзиши 0,54%-и солона даромад гирифта истодааст ва нуктаи безарар (точка безубыточности) аз ин амалиёт, дар холати комиссия хизматрасонии софи ба души ЧСК «СомонБонк», 0,33% боки мондан ба шумор меравад. Нуктаи даромаднокии нихои барои тавсия на камтар аз 0,47% пешкаш мегардад;
  3. Аз тарафи дигар бояд кайд кард, ки дар як руз ба хисоби миёна Бонк 3,3 млн. доллари ИМА-ро интикол медихад, ки аз он 36 хаз. сомони фоидаи соф мегирад. Вале агар дар як руз аз 2,2 млн. доллари ИМА камтар интикол шавад, пас аллакай фаъолияти мазкур камдаромад хисобида мешавад. Дар холати аз 1,53 млн. доллари ИМА камтар дар як руз интикол додан, бонк аз ин амалиёт зарар мебинад;
  4. Тибки тахлилхо агар нуктаи интиколи маблагхо дар як мох, ба хисоби миёна, муодил бо доллари ИМА аз 50 хаз. камтар интикол намояд, пас алакай ин сохтор зарарнок хисобида мешавад;
  5. Аз бемасъулияти ё ин, ки беахмиятии фронт ва бек офисхои кормандони бо маблагхои интиколи сару кордошта бармеояд, ки як кисми маблагхое пардохт шудаву вале сари вакт баркарор нашуда вучуд доранд. Аз ин лихоз, Бонк мачбур аст, ки нисбати ин маблагхои баркарорнашуда захира ташаккул дихад. Чунин холат метавонад харочоти иловагии дигарро талаб намояд. Аз руи тахлилхои кисмати Дирексия молияви ба холати 01.06.2012с., маблагхои баркарорнашуда дар: Саридора – 301 410 доллари ИМА, Сохторхои бо барномаи СФТ кор мекарда – 2 241 552 рубли руси ва 150 256 доллари ИМА, минтакаи Кургонтеппа – 302 640 рубли руси ва 55 708 доллари ИМА мебошад. Ин маблагхо асосан тули солхои кабли ташаккул ёфтаанд;
  6. Зарурияти рушд додани хачму сифати интиколи маблагхо ва бештар кардани сахми Бонк дар ин бозор боиси зиёд шудани даромадноки гардида метавонад;
  7. Сохторхои дахлдор вобаста ба камбудихои зикршуда чорахои заруриро андешида хар мох аз натичаи ичроиши он ба аъзоёни раёсати Бонк ахборот манзур намоянд;
  8. Сохторхое, ки аз амалиёти интиколи маблагхо зарар дида истодаанд, чорахои рахои аз ин холатро чуянд.

Нишондихандахои овардашуда танхо ба амалиётхои интиколие, ки бе кушодани суратхисоб ба амал бароварда мешаванд алокаманд хастанд. Агар нишондихандахои интиколи маблагхое, ки бо кушодани суратхисоб алокманд мебошанд ба назар гирем, пас фоидаи соф аз ин амалиёт ба маблаги такрибан 1 млн. сомони бештар мешавад.

Дар интихо кайд кардан ба маврид аст, ки дар холати сифатан бехтар шудани самаранокии кори сохторхои амалиёти дар самти интиколи маблагхо ва то андозае баратараф намудани камбудихои мавчуда, эхтимолияти бештар гирифтани даромад имконпазир аст.

Рохбари Раёсати

иттилооти-тахлили                                                 Саидов Р.Л.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …