Главная / Гуногун / Интиқоли Маблағҳо дар Бонк: МАЪЛУМОТНОМАИ ТАҲЛИЛӢ

Интиқоли Маблағҳо дар Бонк: МАЪЛУМОТНОМАИ ТАҲЛИЛӢ

Ба Раиси Раёсати
ҶСП «СомонБонк»
муҳтарам Сомонов С.С.

МАЪЛУМОТНОМАИ ТАҲЛИЛӢ

Мудирияти ҷамъбастӣ-таҳлилии Раёсати иттилоотӣ-таҳлилӣ тибқи супориши Шумо, оид ба таҳлили натиҷаи фаъолияти ҶСК «СомонБонк» дар самти интиқоли маблағҳоро зери иҷроиш қарор дода аз натиҷааш чунин маълумот медиҳад.

Бо мақсади иҷроиши супориш, нишондиҳандаҳои асосии Бонк вобаста ба интиқоли маблағҳо дар 4-моҳи аввали соли 2012 зери таҳлил қарор дода шуданд. Маҷмуи маблағҳои интиқолшуда аз ҷониби ҶСК «СомонБонк» Дар давоми 4-моҳи соли 2012 (бе кушодани суратҳисобҳо)

Асъор Маблағи интиқоли воридшудаи пардохтгардида Маблағи интиқоли ирсолшуда Даромад аз интиқол
Доллари ИМА 90 289 388 23 719 250
Рубли русӣ 3 770 316 877 919 779 151
Евро 220 154 123 989
Сомонӣ 84613 0
Ҳамагӣ бо сомонӣ 1 044 566 431 263 304 948 7 713 375

Чи тавре, ки аз ҷадвали боло бармеояд, маблағҳои интиқолшаванда асосан бо рубли русӣ ба амал бароварда мешаванд, ки ин аз нисф зиёди ҳаҷми маблағҳои интиқолшавандаро ташкил медиҳад. Маблағҳои ирсолшаванда назар ба маблағҳои пардохтшаванда 25%-ро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ бошад, давоми ин давра бо муодил ба маблағи 271 млн. доллари ИМА маблағҳо интиқол дода шуданд, ки аз он 216 млн. доллари ИМА пардохт гардидааст, 55 млн. доллари ИМА ирсол карда шудааст.

Даромад аз ин амалиёт маблағи 7,7 млн. сомонӣ буда 4%-и маҷмӯи даромадҳои бонкро ташкил медиҳад.Интиколи маблаг
Гарчанде, ки даромад аз интиқоли маблағҳо дар маҷмӯъ 4%-и даромади низоми ҶСК «СомонБонк»-ро дар давраи таҳлилшаванда ташкил медиҳад, лекин дар филиалҳо ин таносуб шакли дигар дорад.

Масалан чунин даромад дар тавозуни филиали бонки н. Ҳисор-15%, Ҷиргатол-29%, Шаҳритус-28%, Айнӣ-27%, Ғончӣ-24%, Ишкошим-20%, Фархор-14%, Рӯшон-14%, Роғун-5%, Ҳамадонӣ-11% ва Восеъ-2%-и ҳиссаи умумии даромадҳои онҳоро ташкил медиҳад.

Соли 2011 ҳиссаи ҶСК «СомонБонк» дар бозори интиқоли маблағҳои ҷумҳурӣ 31%-ро ташкил кард ва ба маблағи 913 млн. доллари ИМА баробар буд. Дар кишвар бошад, ин нишондиҳанда ба охири соли 2011 маблағи 2,96 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 45,4%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар мебошад.

Ба ҳисоби миёна ҶСК «СомонБонк» аз фаъолияти интиқоли маблағҳо бо арзиши 0,54%-и солона даромад гирифта бошад, аз он 0,33% хароҷоту андоз ва боқимонда 0,21% фоидаи софи Бонк ба шумор меравад. Вазни миёнаи як интиқол ба ҳисоби миёна бо муодил ба 670-доллари ИМА баробар аст.

Дар соли 2010 бошад ҳиссаи ҶСК «СомонБонк» дар бозори интиқоли маблағҳои кишвар 39%, соли 2009 ба андозаи 40%, ва соли 2008 дар ҳаҷми 38,2% қарор гирифта буд ва гувоҳи аз он медод, ки солҳои қабли мавқеи Бонк дар ин бахш нисбатан бештар буд. Албата бояд ба назар гирифт, ки тӯли солҳои охир бинобар сабаби зиёд шудани марказҳои хизматрасонии дигар бонкҳо, мавқеъи ҶСК «СомонБонк» нисбатан коҳиш ёфтааст, вале аз дигар тараф, саривақт таъмин нашудани сохторҳои амалиётӣ бо воситаҳои пулӣ, қувваи барқ, алоқа ва дигар омилҳо боиси паст шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳо гаштааст.

Ҳаҷми маблағҳои интиқолшуДа бо низомҳо (бо Доллари ИМА)

Низоми пардохт Маблағи интиқоли воридшудаи пардохтгардида Маблағи интиқоли ирсолшуда Шумораи Амалиёт дар барномаи ЦФТ
1 Anelik 6 930 001 138 893 25 612
2 ЗОЛОТАЯ КОРОНА 126 145 041 20 715 057 23 782
3 CONTACT 24 450 714 540 897 12 788
4 UNISTREAM 25 966 220 1 892 608 12 039
5 MIGOM 7 848 233 7 255 902 9 136
6 Western Union 6 831 704 1 266 811 9 095
7 Blizko 4 763 954 17 487 5 953
8 Лидер 5 431 765 14 100 416 5 322
9 Inter Express 1 943 862 2 095 4 545
10 Private Money 2 969 021 13 231 2 873
11 Money Gram 1 789 086 266 969 2 254
12 Быстрая почта 1 008 531 115 894 1 775
13 SWIFT 112 337 8558 134 650
14 Allur 46 219 0 7
15 Avers 9 295 0 3
Ҳамагӣ 216 245 983 54 617 583 115 834

Аз нишондиҳандаҳои ҷадвал бармеояд ки аз ҳама маблағи зиёд асосан тавассути низоми Золотая корона, баъдан UNISTREAM ва саввумин тариқи CONTACT интиқол шудааст. Аз ҳама камтар бошад, тавассути низоми интиқолии Avers интиқол гардидааст. Бо низоми Allur бошад, бинобар сабаби ночиз будани ҳаҷми амалиёт, шартномаи ҳамкорӣ қатъ карда шудааст.

Аз ҷиҳати шумораи амалиётҳо бошад, аз ҳама зиёдтар тавассути низоми Анелик, баъдан Золотая корона маблағҳо интиқол дода мешаванд.

Интиқоли пардохтшуда маблағҳо дар давоми солҳои 2008-2012 (бо номинали . асъор)

Асъор Соли 2008 Соли 2009 Соли 2010 Соли 2011 30.04.2012
RUR 6 193 541 868 7 683 201 112 12 347 136 722 14 489 096 399 3 770 316 877
USD 703 402 788 473 046 398 450 377 991 413 127 186 90 286 388
EURO 3 278 926 2 479 699 2 451 944 1 856 879 220 154
Ҳамагӣ бо $ 956 481 887 723 060 651 862 772 990 913 524 691 216 245 983
Шумораи

амалиёт

937 170 802 505 825 111 464 161 105 135

Барои ташкили амалиётҳои интиқолӣ, ҶСК «СомонБонк» 138 сохтори худро, аз ҷумла 62-филиал, 55-нуқтаҳои интиқоли маблағҳо, 15-МХБ, 3-МАБХ, 2-Дирексия ва 1-шӯъбаи амалиётӣ, ки дар он 224 нафар корманд сафарбар карда шудаанд, ҷалб намудааст.

Фаъолияти интиқоли маблағҳо дар сохторҳои амалиётии Бонк ба санаи 30.04.2012

Номгуи сохтор Маблағи интиқол бо $ Фоидаи соф Шумораи кормандон Сарбори ба як корманд (дар 1 руз)
Саридора
Раёсати амалиётии №1 38 628 348 338 663 13 35
Раёсати амалиётии №2 1 785 196 6 596 2 14
МХБ-1 5 235 187 62 426 2 32
МХБ-2 756 526 -21 488 3 7
МАХБ-3 4 485 382 48 685 3 19
МХБ-4(қатъ карда шуд) 901 563 8 810 1 15
МАХБ-5 6 680 590 91 851 2 47
МАХБ-7 2 896 986 43 771 1 45
МАХБ-8 13 525 027 135 131 6 17
Гипрозем (ША) 5 442 397 88 896 2 40
Душанбе
н. Фирдавсӣ 7 765 981 124 976 3 38
И. Сомони 3 222 074 9 162 5 9
н. Шохмансур 7 495 226 83 121 5 18
маҳ. Шохмансур 965 235 7 754 1 14
Филиал Сино 9 920 617 92 528 2 45
НТМ (РРП)
н. Рашт 1 900 536 12 880 1 15
Ваҳдат 1 860 082 109 229 4 25
Варзоб 93 833 -11 970 2 1

 

Нуробод 734 033 3 692 2 7
Роғун 1 061 868 2 262 1 7
Рӯдакӣ 737 522 23 798 2 14
Турсунзода 3 309 915 71 454 4 17
Тоҷикобод 955 047 13 665 1 16
Файзобод 1 009 896 10 132 2 7
Шаҳринав 900 302 35 971 3 14
Илхом (Хиссор) 9 51 878 47 181 2 23
Филиал Ёвон 372 195 45 434 2 21
н. Ҳисор 2 486 315 77 897 3 24
н. Ҷиргатол 11 664 737 20 757 1 21
Дар н. Суғд
ш. Хуҷанд 10 857 839 54 502 10 13
Суғд (сарфилиал) 5 753 949 19 953 9 12
н. Айни 605 662 1 254 1 10
н. Ашт 3 166 373 34 898 5 9
н. Зафаробод 2 146 807 28 218 2 17
н.Исфара 2 113 067 11 812 5 8
н.Истравшан 3 834 613 73 757 3 26
н. Конибодом 5 667 925 92 004 3 28
н.Мастчоҳ (Бӯстон) 352 440 5 411 1 9
н. Панҷакент 11 597 354 131 023 13 13
н. Спитамен 3 408 455 53 979 2 26
н. Шаҳристон 748 475 4 053 2 6
н. Ғафуров 3 239 864 15 307 4 12
н. Ғончӣ 6 037 774 76 815 4 20
н. Ҷ. Расулов 1 329 558 19 455 2 12
м. Қӯрғонтеппа
н. Панҷ 1 730 960 26 333 1 26
Сарф. Қӯрғонтеппа 13 454 547 123 018 17 12
н. Хуросон 1 743 012 18 098 2 13
н. Шаҳритуз 8 594 089 111 039 7 16
н. Қубодиён 4 614 881 78 072 2 42
н. Қумсангир 1 544 333 13 660 2 44
н. Ҷ. Румӣ 2 963 566 43 030 2 22
н. Ҷиликӯл 3 410 361 48 167 2 25
Бохтар 641 441 14 754 1 19
Вахш 1 352 282 15 589 2 10
н. Данғара 1 403 933 12 171 2 11

 

Ҷоми 2 872 440 44 560 2 21
Минтақаи Кӯлоб
ш. Кӯлоб 8 886 531 99 386 10 12
н. Восеъ 714 345 1 059 1 7
н. Мӯминобод 333 311 -9 411 2 1
н. Темурмалик 867 614 4 573 2 7
н. Фархор 4 584 000 74 717 3 23
н. Ховалинг 291 116 -126 1 6
н. Шӯробод 512 835 2 299 2 4
н. Ҳамадонӣ (Москва) 3 249 631 49 781 2 24
ВМКБ:
ш. Хоруғ 3 900 998 67 545 4 17
н. Ванҷ 482 183 3 818 1 8
Қалъаи Хум 354 722 -906 1 6
н. Ишкошим 406 137 1 442 1 7
н. Мурғоб 223 160 -15 754 2 2
н. Рошқалъа 350 874 536 1 6
н. Рушон 908 468 15 107 1 20
Сағирдашт 84 560 -8 267 1 1
Ҳамагӣ 271 730 889 3 049 361 229 миёна-17

Тибқи ҷадвали мазкур муайян мешавад, ки аз 138-сохтори Бонк, 12-адад бо зарар дар самти интиқоли маблағҳо фаъолият карданд (6 филиал ва 6 шуъбаҳои амалиётӣ). Аз ҷумла, филиали Бонк дар д. Сағирдашт, Қалъаи Хум, Мурғоб, Мӯъминобод, Ховалинг, Варзоб ва Шӯъбаҳои амалиёӣ дар деҳаи Балҷувон, Даҳана (ш.Кӯлоб), Ином (Шаҳритуз), Лоҳутӣ 7/4 (ф. Исмоили Сомонӣ), Алмос ва Мадина (ш.Хӯҷанд) инчунин Маркази Хизматрасонии Бонкии №2.

Дигар масъалаи муҳиме, ки ҷолиби диққат аст ин сарбории кормандони интиқолии сохторҳои амалиётӣ мебошад. Мутассифона, бинобар сабаби мавҷуд набудани рақамҳои дақиқ вобаста ба шумораи интиқолгирандагон (гузариш аз RS Bank ба ЦФТ) зарур шуморидем, ки рақамҳои тақрибии таҳлилиро ҳисоб карда муқоиса намоем.

Муайян шуд, ки қисми зиёди кормандони интиқоли маблағҳо вақти изофа барои хизматрасонӣ кардани дигар маҳсулотҳои бонкро доранд.

Масалан, агар дар 1-соат як корманд 2 мизоҷи интиқолгирандаро ҳадди ақал хизматрасонӣ намояд, пас дар давоми як рӯзи корӣ баробари 16-мизоҷ мешавад. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми ҶСК «СомонБонк» аз ин нишондиҳанда камтар, кормандони 21-сохтор аз ҷумла: филиали Бонк дар н. Варзоб, Файзобод, Мӯъминобод, Темурмалик, Шӯробод, Ванҷ, Мурғоб ва дигарон сарборӣ камтар доранд, дар ҳоле, ки дар басти кориашон 2 ва зиёда корманди интиқоли маблағҳо доранд. Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки яке аз корманди худро ба соҳаҳои дигари фаъолияти судманди бонкӣ равона гардонанд ё ҳамзамон дигар корҳои тиҷоратии бонкро амалӣ намоянд.

Дар маҷмӯъ бошад, ба ҳисоби миёна (таҳлилӣ), маблағи воситаҳои асосие, ки Бонк дар самти интиқоли маблағҳо равона кардааст 13,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин асосан, бинои корӣ, мизи кории кормандон, компютер ва ба монанди инҳо буда 9,4%-и маҷмӯи воситаҳои асосии Бонкро ташкил медиҳад.

Мувофиқи ҳисобу таҳлилҳои гузаронидашуда, дар чор моҳи соли ҷорӣ аз амалияи тиҷоратӣ зикршуда 7 713 375 сомонӣ даромад гирифта шуда бошад, пас хароҷот маблағи 4 663 814 сомониро ташкил додааст. Дар натиҷа, ҳисобҳои таҳлилӣ нишон доданд, ки Бонк дар давраи зикршуда аз ин амалиёт 3 049 561 сомонӣ фоидаи соф гирифтааст.

Ҳангомӣ таҳлил хамчунин муайян гардид, ки баҳисобгирии даромаду хароҷотҳо дар ҳар сохтор гуногунранг мебошад. Агар дар як филиал хароҷотҳои дахлдор ба сохтори худаш ба қайд нагирифта бошад, пас дар дигараш ингуна хароҷотҳо ба дигар ҳисобҳо бурда шудаанд ва ё умуман инъикос нагардидаанд. Ин ҳолат дар раванди таҳлилкунӣ душворӣ ба миён овард ва моро водор кард, ки дар баъзе ҳолатҳо, рақамҳои воқеӣ не, балки рақамҳои тахминии ба ҳақиқат нисбатан мувофиқбударо ҳисоб намоем (масалан, хароҷотҳои инкасатсионӣ, бехатарӣ, хароҷотҳо то барқароршаваии интикол ва ғайра).

Ба хотири тафсири ин ҳолат, рӯйхат ва ҳаҷми хароҷотҳое, ки вобаста ба интиқоли маблағҳо алоқаманд мебошад дар ҷадвали зерин оварда шудаанд.

Номгуи хароҷот Ҳаҷми хароҷот
1 Маош 708 556
2 Мукофотпулӣ 396 470
3 Истеҳлок (амортизатция)* 290 843
4 Кувваи барқ* 74 005
5 Алоқа (телефон ва интернет)* 196 038
6 Инкасатсия 168 665
7 Бехатарӣ* 221 627
8 Иҷораи бино* 204 867
9 Хароҷотҳои конселярӣ 100 563
10 Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФСЗН) 276 307
11 Андози минималӣ (1%) 77 134
12 Андози фонди роҳ (2%) 112 937
13 Андоз аз даромад (25%) 964 258
14 Харидани асъори хориҷӣ аз бонкҳои шарик 105 544
15 Азнавбаҳодиҳии асъори хориҷӣ 0
16 Истифодаи захираҳои ҷалбшаванда (пасандозҳо) то барқароршавии интиқол 586 000
17 Дигар хароҷотҳои ғайри мустақим 180 000
Ҳамагӣ бо сомонӣ 4 663 814

Эзоҳ: Зери хароҷотҳои ғайримустақим асосан, қисми маоши кормандони алоқаманде, ки ба ин кор вобаста буданд, масалан роҳбарони сохторҳо, хазинадорон ва ғайра маҳсуб мешаванд.

* Усули ҳисоб кардани истеҳлок тариқи маблағи умумии истеҳлоки ҳар як филиал ба шумораи умумии кормандонашон тақсим шуда ба шумораи умумии кормандоне, ки маҳз ба интиқоли маблағҳо дар онҳо машғуланд зарб зада ҳисоб карда шудааст. Ҳамчунин дигар хароҷотҳои марбута ба чунин усул ҳисоб карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки маҳз интиқоли маблағҳо барои бештар гирифтани даромад аз амалиёт бо асъори хориҷӣ, сабабгор гаштааст. Мутобиқан дар давраи таҳлилшаванда Бонк аз амалиёт бо асъори хориҷӣ ба маблағи 11,4 млн. сомонӣ даромади соф дида бошад аз он на кам аз 4,9 млн. сомонӣ ё 43%-и онро маҳз аз ҳисоби фурӯши рубли русӣ ба даст омадааст. Агар даромад аз ҳисоби фурӯши доллари ИМА-ро ба назар гирем, пас ин рақам аз 5 млн. сомонӣ зиёд метавон буд.

Гуфтаҳои боло шаҳодат аз он медиҳанд, ки маҳз Саридораи бонк аз сохторҳои амалиётии худ доллари ИМА-ро бо нархи нисбатан арзон дастрас менамояд ва асосан ин асъорҳое мебошанд, ки сохторҳо аз ҳисоби мубодилаи интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба даст овардаанд. Яъне маҳз интиқоли маблағҳо сабабгори зиёд гардидани даромади ҶСК «СомонБонк» ва таъмин шудан бо асъори хориҷӣ мебошад, ки дар ҳолатҳои мухталиф Бонк талаботҳои асъории худро аз ин сарчашмаҳо қонеъ гардонида истодааст. Барои мисол, Бонк дар давраи таҳлилшаванда 3 млрд. 770 млн. рубли русии маблағҳои интиқолиро пардохт карда 919 млн. рублро ба хориҷ ирсол намудааст. Ҳамзамон маблағи 368 млн. рублро аз бонкҳои шарики дохилӣ дастрас карда, боқимонда 2,5 млрд. рублро аз бозор харидорӣ карда ба мизоҷон фурухтааст. Ин танҳо ба мисоли рубли русӣ мебошад, вале нисбати долларӣ ИМА ва Евро, бо назрадошти мавҷуд будани сабабҳои маълум, тарзи ҳисбу китоб кардани он ниҳоят душвор мебошад ва вақти беандозаро талаб менамояд.

Рақамҳои инъикосгардида ҳамчунин далели онанд, ки Бонк маблағи зиёди асъории қонеъкунандаи худро аз ҳисоби бозор таъмин менамояд. Албата, маълум аст, ки дар самти таъмин бо доллари ИМА чандон душворӣ мавҷуд нест, чунки филиалҳо долларро аз бозор ва ё аз саридора дастрас менамоянд. Вале мушкилот асосан бо рубли русӣ мавҷуд аст ва таъмини он дар баъзе ҳолатҳо аз дигар бонкҳо, аз ҷумла БМТ, Ориёнбонк ва Казкомерцбанк бо хароҷотҳои иловагӣ дастрас карда мешаванд.

Дар давраи таҳлилшаванда ҶСК «СомонБонк» ҳамагӣ ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ воситаҳои пулию молиро барои пешбурдии тиҷорати интиқоли маблағҳо равона кардааст, ки аз он воситаҳои асосӣ ба маблағи 13,6 млн. сомонӣ, нақдина тақрибан 14 млн. сомонӣ ва хароҷотҳои истеҳсолии тағйирёбанада, аз қабили маош, андозҳо ва ғайраҳо маблағи 4,7 млн. сомониро ташкил доданд. Дар ҳолати ба таъхир афтодани маблағи барқароршаванда аз тарафи бонкҳои шарик (низомҳои интиқолӣ), Бонк маҷбур мешавад, ки аз ҳисоби захираҳои ҷалбшавандаи дигар онро муваққатан пушонад. Дар ин ҳолат, ба ҳисоби миёна: 14 млн. сомонӣ х 15,5%* – қиммати миёнаи солонаи захираҳо бо ҳамаи асъорҳо /100 = 2,14 млн. сомони / 360 руз = 6027 сомонӣ дар як рӯз хароҷоти иловагӣ дошта бошад.

Агар Бонк ин ҳаҷми маблағҳоро дар ягон ташкилоти молиявӣ ҳамчун пасандоз бо арзиши 14%-и солона мегузошт, пас фоидаи соф ба ҳисоби миёна маблағи на камтар аз 1,5 млн. сомониро дар давоми 4 моҳ ташкил менамуд. Дар асл бошад, фоидаи соф аз ин амалиёт маблағи 3 049 561 сомониро ташкил карда истодааст. Аз ин маълум мегардад, ки ҶСК «СомонБонк» аз амалиёт бо интиқоли маблағҳо нисбат ба он, ки ба дигар самтҳои алтернативии фаъолияти молияви равона намояд, бештар фоида гирифта истодааст!

Номгуи сабабҳое, ки боиси кам шудани даромади Бонк аз амалиётҳои интиқоли маблағҳо мешаванд ва садди роҳи рушди он мегарданд:

  1. Ҷойгиршавии сохтори хизматрасон чандон дар ҷойи сераҳолӣ ё обод маскан надорад. Хусусан филиалҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ мебошанд;
  2. Душворӣ бо таъмини қувваи барқ дар фаслҳои сард, хусусан дар ҳолатҳои фавқулода;
  3. Баъзан бо нақдина саривақт таъмин нашудани сохторҳои амалиётӣ;
  4. Рақобати шадид дар байни ташкилотҳои молиявӣ дар минтақаҳои кишвар;
  5. Хароҷотҳои истеҳсолӣ нисбатан гарон мебошанд. Махсусан барои давраи сармо ба тамоми филиалҳо барои харидани сӯзишворӣ (барои движок) зарур аст;
  6. Таъмини номуътадил бо алоқа ва интеренет;
  7. Муомилаи дурушт ё нодуруст бо мизоҷон;
  8. Маблағҳои барқароршаванда аз 2-рӯз зиёдтар мавҷуданд;
  9. Мавқеи кушодаи асъорӣ дар баъзе ҳолатҳо боиси зарари ғайричашмдошт шуда метавонад.

ХУЛОСА:

  1. Барои ҶСК «СомонБонк» фаълияти тиҷоратӣ дар самти интиқоли маблағҳо дар давраи зикршаванда фоиданок буда даромаднокии он 65% (рентабельность) ва нишондиҳандаи CIR-29,4% мебошад, ки ин аз нишондиҳандаҳои бозорӣ ва талаботҳои қабулшуда қариб ду маротиба беҳтар аст;
  2. Алҳол ба ҳисоби миёна ҶСК «СомонБонк» аз низомҳои интиқолии маблағҳо бо арзиши 0,54%-и солона даромад гирифта истодааст ва нуқтаи безарар (точка безубыточности) аз ин амалиёт, дар ҳолати комиссия хизматрасонии софи ба души ҶСК «СомонБонк», 0,33% боқӣ мондан ба шумор меравад. Нуқтаи даромаднокии ниҳоӣ барои тавсия на камтар аз 0,47% пешкаш мегардад;
  3. Аз тарафи дигар бояд қайд кард, ки дар як рӯз ба ҳисоби миёна Бонк 3,3 млн. доллари ИМА-ро интиқол медиҳад, ки аз он 36 ҳаз. сомонӣ фоидаи соф мегирад. Вале агар дар як рӯз аз 2,2 млн. доллари ИМА камтар интиқол шавад, пас аллакай фаъолияти мазкур камдаромад ҳисобида мешавад. Дар ҳолати аз 1,53 млн. доллари ИМА камтар дар як рӯз интиқол додан, бонк аз ин амалиёт зарар мебинад;
  4. Тибқи таҳлилҳо агар нуқтаи интиқоли маблағҳо дар як моҳ, ба ҳисоби миёна, муодил бо доллари ИМА аз 50 ҳаз. камтар интиқол намояд, пас алакай ин сохтор зарарнок ҳисобида мешавад;
  5. Аз бемасъулиятӣ ё ин, ки беаҳмиятии фронт ва бек офисҳои кормандони бо маблағҳои интиқолӣ сару кордошта бармеояд, ки як қисми маблағҳое пардохт шудаву вале сари вакт барқарор нашуда вуҷуд доранд. Аз ин лиҳоз, Бонк маҷбур аст, ки нисбати ин маблағҳои барқарорнашуда захира ташаккул диҳад. Чунин ҳолат метавонад хароҷоти иловагии дигарро талаб намояд. Аз рӯи таҳлилҳои қисмати Дирексия молиявӣ ба холати 01.06.2012с., маблағҳои баркарорнашуда дар: Саридора – 301 410 доллари ИМА, Сохторҳои бо барномаи СФТ кор мекарда – 2 241 552 рубли русӣ ва 150 256 доллари ИМА, минтақаи Қӯрғонтеппа – 302 640 рубли русӣ ва 55 708 доллари ИМА мебошад. Ин маблағҳо асосан тӯли солҳои қаблӣ ташаккул ёфтаанд;
  6. Зарурияти рушд додани ҳаҷму сифати интиқоли маблағҳо ва бештар кардани саҳми Бонк дар ин бозор боиси зиёд шудани даромадноки гардида метавонад;
  7. Сохторҳои дахлдор вобаста ба камбудиҳои зикршуда чораҳои заруриро андешида ҳар моҳ аз натиҷаи иҷроиши он ба аъзоёни раёсати Бонк ахборот манзур намоянд;
  8. Сохторҳое, ки аз амалиёти интиқоли маблағҳо зарар дида истодаанд, чораҳои раҳои аз ин ҳолатро ҷуянд.

Нишондиҳандаҳои овардашуда танҳо ба амалиётҳои интиқолие, ки бе кушодани суратҳисоб ба амал бароварда мешаванд алоқаманд ҳастанд. Агар нишондиҳандаҳои интиқоли маблағҳое, ки бо кушодани суратҳисоб алоқманд мебошанд ба назар гирем, пас фоидаи соф аз ин амалиёт ба маблағи тақрибан 1 млн. сомонӣ бештар мешавад.

Дар интиҳо қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳолати сифатан беҳтар шудани самаранокии кори сохторҳои амалиётӣ дар самти интиқоли маблағҳо ва то андозае баратараф намудани камбудиҳои мавҷуда, эҳтимолияти бештар гирифтани даромад имконпазир аст.

Роҳбари Раёсати

иттилоотӣ-таҳлилӣ                                                 Саидов Р.Л.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …