Главная / Гуногун / Интерери ошхона -Чихози ошхона ва хонаи хурокхури

Интерери ошхона -Чихози ошхона ва хонаи хурокхури

Чихоз (интерер)-и ошхона ин фазои дохилии ошхона, ки бо асбобу анчоми мураттаб оро дода шудааст.

Матбах гуфта ошхона ва ё хонаи хурокхуриро меноманд. Матбах, дар хонахои замонави аз руи таъинот ва истифода якчанд вазифаро ичро мекунад. Дар матбах гайр аз хурокпази, боз дигар корхои рузгор, ба монанди дарзмолкуни, дарздузи ва корхои хурди гуногуни хочаги низ ичро карда мешавад. Вобаста ба таъинот ва тачхизоту истифода матбаххо махсус барои таомпази ва хам таомпазию таомхури мешаванд.

shxona

Дар матбахе, ки хам чои хурокпази ва хам чои таомхуриро ичро мекунад, бояд барои дар як вакт, якчоя хурок хурдани ахли оила мизи хурокхури гузошта шуда бошад.

Аз корхои матбах хурокпази ва шуста гундоштани дегу косаю табак мехнату вакти зиёдеро талаб мекунад. Сохибхона хангоми хурокпази асосан рост истода кор мекунад. Ботартиб гузоштани асбоби рузгор дар матбах вакти кориро сарфа карда, мехнатро хеле сабук мегардонад.

Бинобар ин чобачогузории чихози матбах ва тачхизоти он амалан зарур аст. Дуруст ба рох мондани кор ва бештар истифода намудани техникаи рузгор вакти хурокпазиро 1,2-1,5 маротиба кутох мекунад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …