Главная / Гуногун / Интерери ошхона -Ҷиҳози ошхона ва хонаи хӯрокхӯрӣ

Интерери ошхона -Ҷиҳози ошхона ва хонаи хӯрокхӯрӣ

Ҷиҳоз (интерер)-и ошхона ин фазои дохилии ошхона, ки бо асбобу анҷоми мураттаб оро дода шудааст.

Матбах гуфта ошхона ва ё хонаи хӯрокхӯриро меноманд. Матбах, дар хонаҳои замонавӣ аз рӯи таъинот ва истифода якчанд вазифаро иҷро мекунад. Дар матбах ғайр аз хӯрокпазӣ, боз дигар корҳои рӯзғор, ба монанди дарзмолкунӣ, дарздӯзӣ ва корҳои хурди гуногуни хоҷагӣ низ иҷро карда мешавад. Вобаста ба таъинот ва таҷҳизоту истифода матбахҳо махсус барои таомпазӣ ва ҳам таомпазию таомхӯрӣ мешаванд.

shxona

Дар матбахе, ки ҳам ҷои хӯрокпазӣ ва ҳам ҷои таомхӯриро иҷро мекунад, бояд барои дар як вақт, якҷоя хӯрок хӯрдани аҳли оила мизи хӯрокхӯрӣ гузошта шуда бошад.

Аз корҳои матбах хӯрокпазӣ ва шуста ғундоштани дегу косаю табақ меҳнату вақти зиёдеро талаб мекунад. Соҳибхона ҳангоми хӯрокпазӣ асосан рост истода кор мекунад. Ботартиб гузоштани асбоби рӯзғор дар матбах вақти кориро сарфа карда, меҳнатро хеле сабук мегардонад.

Бинобар ин ҷобаҷогузории ҷиҳози матбах ва таҷҳизоти он амалан зарур аст. Дуруст ба роҳ мондани кор ва бештар истифода намудани техникаи рӯзғор вақти хӯрокпазиро 1,2-1,5 маротиба кӯтоҳ мекунад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …