Главная / Гуногун / Инкилоби буржуазии солхои 1867 – 1868 дар Чопон

Инкилоби буржуазии солхои 1867 – 1868 дар Чопон

Сиёсати “дархои кушод” имконият фарохам овард, ки дар Чопон муносибатхои сармоядори ташаккул ёбанд. Вале сохти сиёсии чомеа ба пешравии иктисодиёти бозоргони ва муассисахои демократи монеь мешуданд. Хонадони Токугава танхо манфиатхои табакаи феодалиро ифода мекард. Барои пешрафти Чопон зарурати дигар кардани хокимияти лавлати ба миён омад.

Шартномахое, ки Чопон солхои 50-уми асри XIX бо давлатхои империалистии Гарб баст, вобастагии онро бо ин давдатхо пурзуртар карданд. Аз хамин сабаб чомеаи Чопон аз хукумати Токугава норози буд.

jopon

Солхои 60-уми асри XIX Англия, Фаронса ва Холландия фишоровариро ба Чопон бас накарданд. Хукумати сегун ва дарбори император ба ин фишор тоб наоварда, мохи ноябри соли 1865 хамаи шартномахоеро, ки Чопон бо давлатхои хоричи баста буд, тасдик намуданд. Бахори соли 1866 бо Англия, Фаронса, Холландия ва баъзе давлатхои дигари абаркудрат дар бораи нархномахон воридоти созишномахои нав ба имзо расонида шуданд, ки онхо вазъи иктисодии Чопонро аз пештара хам бадтар карданд.

Дар чунин шароит барои хокимият дар байни нерухои сисёии мамлакат мубориза авч мегирад. Мохи октябри соли 1867 рохбари музофоти Тссю Яманоути аз номи гурухи зиддитокугаваги ба сёгун Кэйки огохнома супорид. Дар он такозо карда мешуд, ки дар мамлакат духокимияти (хокимияти сёгун ва хокимияги император) бархам зада, хокимияти оли ба имератор дода шавад. Барои мукобилиятл харби нишон дода тавонистан ба Кэйки вакт лозим буд. Бо хамин хотир у 9 ноябри соли 1867 “ихтиёри” таклифро дар бораи истеъфо кабул кард. 3 январи соли 1868 императори 15-сола Мутсухито хукумати навро бо рохбарии шохзода Арисугава эълон кард. Император Кэикиро ба ин хукумат лохил накард. Барои хамин Кэйки карор дод, ки алайхи режими нав ба муборизаи мусаллахона даст занад. У бо хамин максад аскарони ба худ вафодорро аз шахри Осака ба Киото равон кард. Вале онхо дар мухорибаи назди Фусима ва Тоба шикаст хурданд. Кэйки ба Эдо фирор кард. Баъди ин шахри Киото пурра ба ихтиёри император гузашт. Мамлакат ба ду урду таксим шуд. Музофотхои чанубу гарби аз чониби император чанг мекарданд ва музофотхон шимолу шарки – аз чониби сё Кэйки. Кушиши музофотхои чонибдори Кэнки ташкил камуд муковимат барои у натичаи дилхох надод.Нерухои харбии музофотхо мохи ноябри соли 1868 шикаст хурданд. Як ки сми флоти харби хам чонибдори Кэйки буд. Мохи июни соли 1869 дар тахти рохбарии адмирал Эномото кушиш кард, ки бар 3 режими нав мукобилиятро давом дихад. Бо хамин максад у киштихои худ ба чазираи Эдзю (Хокайдо) омад, лекин дар ин пурра шикаст хурд.

Хамин тарик, дар натичаи инкилоби солхои 1867 – 18 вазифаи асоси – бархам задани системам харбию феодалии сё ки ба он хонадони Токугава рохбари мекард, ичро гардид. Хокимият ба дасти император гузашт.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

urolog

Урологи бехтарин аз Хиндустон октябри 2021 ба Точикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муоличаи беморихои уролочи бе чарохи тарики дастгоххои эндоскопи ва лазери аз …