Главная / Гуногун / Инқилоби буржуазии солҳои 1867 – 1868 дар Ҷопон

Инқилоби буржуазии солҳои 1867 – 1868 дар Ҷопон

Сиёсати “дарҳои кушод” имконият фароҳам овард, ки дар Ҷопон муносибатҳои сармоядорӣ ташаккул ёбанд. Вале сохти сиёсии ҷомеа ба пешравии иқтисодиёти бозоргонӣ ва муассисаҳои демократӣ монеь мешуданд. Хонадони Токугава танҳо манфиатҳои табақаи феодалиро ифода мекард. Барои пешрафти Ҷопон зарурати дигар кардани ҳокимияти лавлатӣ ба миён омад.

Шартномаҳое, ки Ҷопон солҳои 50-уми асри XIX бо давлатҳои империалистии Ғарб баст, вобастагии онро бо ин давдатҳо пурзӯртар карданд. Аз ҳамин сабаб ҷомеаи Ҷопон аз ҳукумати Токугава норозӣ буд.

jopon

Солҳои 60-уми асри XIX Англия, Фаронса ва Ҳолландия фишоровариро ба Ҷопон бас накарданд. Ҳукумати сегун ва дарбори император ба ин фишор тоб наоварда, моҳи ноябри соли 1865 ҳамаи шартномаҳоеро, ки Ҷопон бо давлатҳои хориҷӣ баста буд, тасдиқ намуданд. Баҳори соли 1866 бо Англия, Фаронса, Ҳолландия ва баъзе давлатҳои дигари абарқудрат дар бораи нархномаҳон воридотӣ созишномаҳои нав ба имзо расонида шуданд, ки онҳо вазъи иқтисодии Ҷопонро аз пештара ҳам бадтар карданд.

Дар чунин шароит барои ҳокимият дар байни нерӯҳои сисёии мамлакат мубориза авҷ мегирад. Моҳи октябри соли 1867 роҳбари музофоти Тссю Яманоути аз номи гурӯҳи зиддитокугавагӣ ба сёгун Кэйки огоҳнома супорид. Дар он тақозо карда мешуд, ки дар мамлакат дуҳокимиятӣ (ҳокимияти сёгун ва ҳокимияги император) барҳам зада, ҳокимияти олӣ ба имератор дода шавад. Барои муқобилиятл ҳарбӣ нишон дода тавонистан ба Кэйки вақт лозим буд. Бо ҳамин хотир ӯ 9 ноябри соли 1867 “ихтиёрӣ” таклифро дар бораи истеъфо қабул кард. 3 январи соли 1868 императори 15-сола Мутсухито ҳукумати навро бо роҳбарии шоҳзода Арисугава эълон кард. Император Кэикиро ба ин ҳукумат лохил накард. Барои ҳамин Кэйки қарор дод, ки алайҳи режими нав ба муборизаи мусаллаҳона даст занад. Ӯ бо ҳамин мақсад аскарони ба худ вафодорро аз шаҳри Осака ба Киото равон кард. Вале онҳо дар муҳорибаи назди Фусима ва Тоба шикаст хӯрданд. Кэйки ба Эдо фирор кард. Баъди ин шаҳри Киото пурра ба ихтиёри император гузашт. Мамлакат ба ду урду тақсим шуд. Музофотҳои ҷанубу ғарбӣ аз ҷониби император ҷанг мекарданд ва музофотхон шимолу шарқӣ – аз ҷониби сё Кэйки. Кӯшиши музофотҳои ҷонибдори Кэнки ташкил камуд муқовимат барои ӯ натиҷаи дилхоҳ надод.Нерӯҳои ҳарбии музофотҳо моҳи ноябри соли 1868 шикаст хӯрданд. Як қи сми флоти ҳарбӣ ҳам ҷонибдори Кэйки буд. Моҳи июни соли 1869 дар таҳти роҳбарии адмирал Эномото кӯшиш кард, ки бар 3 режими нав муқобилиятро давом диҳад. Бо ҳамин мақсад ӯ киштиҳои худ ба ҷазираи Эдзю (Хокайдо) омад, лекин дар ин пурра шикаст хӯрд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи инқилоби солҳои 1867 – 18 вазифаи асосӣ – барҳам задани системам ҳарбию феодалии сё ки ба он хонадони Токугава роҳбарӣ мекард, иҷро гардид. Ҳокимият ба дасти император гузашт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …