Главная / Чамъият / Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури дар намуди чарима

Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури дар намуди чарима

Моддаи 229-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури дар  намуди чарима 

  1. Чаримаи маъмури аз чониби шахсони вокеи, шахсони мансабдор ё шахсони хукуки, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудаанд, бояд дар мухлати на дертар аз си шабонарузи баъди эътибори конуни пайдо кардани карор дар бораи таъин кардани чаримаи маъмури ё аз лахзаи гузаштани мухлати батаъхирандози ё ба мухлатхо чудо кардан, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст, ичро карда шавад.
  2. Агар шахси ноболиг даромади мустакил надошта бошад, чаримаи маъмури аз падару модар ё намояндаи конунии у ситонида мешавад.
  3. Маблаги чаримаи маъмури аз чониби шахсони вокеи, шахсони мансабдор ё шахсони хукуки, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудаанд, ба Бучети давлати  мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  4. Хангоми аз кор озод шудани шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда ё мавчуд набудани имконияти ситонидани чарима аз музди мехнат ё дигар даромади у, маъмурияти ташкилот дар мухлати дах шабонаруз аз рузи аз кор озод шудан ё ба вучуд омадани дигар холатхои гайриимкон гаштани ситонидани чарима, хуччатро оид ба таъин кардани чарима ба суд, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки онро кабул намудааст, бо нишон додани чойи кори нави шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда (агар муайян бошад), сабаби гайриимкон будани ситонидани чарима, бо кайди маблаги аз музди мехнат нигох дошташуда (агар нигох дошта шуда бошад) бармегардонад.
  5. Хангоми дар мухлати пешбининамудаи Кодекси мазкур ичро накардани карор оид ба таъйин кардани чазои маъмури дар намуди чарима, ичрои  мачбурии карори мазкур бо  тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи истехсолоти ичро» амали карда мешавад. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263)
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …