Главная / Ҷамъият / Иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима

Иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима

Моддаи 229-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар  намуди ҷарима 

  1. Ҷаримаи маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ё шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, бояд дар мӯҳлати на дертар аз сӣ шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи таъин кардани ҷаримаи маъмурӣ ё аз лаҳзаи гузаштани мӯҳлати батаъхирандозӣ ё ба мӯҳлатҳо ҷудо кардан, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, иҷро карда шавад.
  2. Агар шахси ноболиғ даромади мустақил надошта бошад, ҷаримаи маъмурӣ аз падару модар ё намояндаи қонунии ӯ ситонида мешавад.
  3. Маблағи ҷаримаи маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ё шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ба Буҷети давлатӣ  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  4. Ҳангоми аз кор озод шудани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда ё мавҷуд набудани имконияти ситонидани ҷарима аз музди меҳнат ё дигар даромади ӯ, маъмурияти ташкилот дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз рӯзи аз кор озод шудан ё ба вуҷуд омадани дигар ҳолатҳои ғайриимкон гаштани ситонидани ҷарима, ҳуҷҷатро оид ба таъин кардани ҷарима ба суд, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки онро қабул намудааст, бо нишон додани ҷойи кори нави шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда (агар муайян бошад), сабаби ғайриимкон будани ситонидани ҷарима, бо қайди маблағи аз музди меҳнат нигоҳ дошташуда (агар нигоҳ дошта шуда бошад) бармегардонад.
  5. Ҳангоми дар муҳлати пешбининамудаи Кодекси мазкур иҷро накардани қарор оид ба таъйин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима, иҷрои  маҷбурии қарори мазкур бо  тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалӣ карда мешавад. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …