Главная / Илм / ИЗОЛЯТОР

ИЗОЛЯТОР

izolatorИЗОЛЯТОР (Isolator), инфиродгох, палатаи алохидаест барои чойгир намудани ашхоси бемор, касалиашон сироятнок ё ба онхо монанд (беморони дарунрав, табдор ва г.). Беморхонахо, поликлиникахо, санаторияхо, яслию богчахои бачагона, интернатхо, хобгоххо, пункти тиббии вокзалхо, бандаргоххо ва г. И. доранд.
Хангоми тоун, вабо ва диг. беморихои нихоят хавфнок дар И. беморон то пурра шифо ёфтан, бистари мегарданд. Ин кабил И.-хо мувофики дастуруламали хоса чихозонида мешаванд (ниг. Карантин, Обсерватсия).
Бинои И. бояд тозаву озода бошад. Ба он рох ёфтани хояндагон, хомушакхо, курпашша, магас ва г. манъ аст. Кормандони И. хангоми ба назди бемор даромадан, аз халат, кулох ва никоби докагии алохида истифода мекунанд.
Мавриди нигохубини беморони И. риояи талаботи катъии зиддиэпидеми (истифодаи зарфи алохида, дезинфексияи мунтазами хавои хона, зарф, либоси таг, асбоби рузгор) хатмист; одами гирифтори бемории сирояти (грипп, сурфакабутак, сурхча)-ро ба И. набурда, дар хонаи алохида ё ба як кунчи хона парда кашида хобондан мумкин аст. Ба бемор косаву табак, сару либос ва лавозимоти бистари чудо карда, ашёи хона, зарфхо ва г.-ро мунтазам гандзудои менамоянд. Парасторон бояд коидахои муайян ва маслихатхои духтурро катъи риоя кунанд. Агар зарурат афтад, ба парасторон моя (ваксина) мегузаронанд.
Ш. Матинов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …