Главная / Илм / ИЗОЛЯТОР

ИЗОЛЯТОР

izolatorИЗОЛЯТОР (Isolator), инфиродгоҳ, палатаи алоҳидаест барои ҷойгир намудани ашхоси бемор, касалиашон сироятнок ё ба онҳо монанд (беморони дарунрав, табдор ва ғ.). Беморхонаҳо, поликлиникаҳо, санаторияҳо, яслию боғчаҳои бачагона, интернатҳо, хобгоҳҳо, пункти тиббии вокзалҳо, бандаргоҳҳо ва ғ. И. доранд.
Ҳангоми тоун, вабо ва диг. бемориҳои ниҳоят хавфнок дар И. беморон то пурра шифо ёфтан, бистарӣ мегарданд. Ин қабил И.-ҳо мувофиқи дастуруламали хоса ҷиҳозонида мешаванд (ниг. Карантин, Обсерватсия).
Бинои И. бояд тозаву озода бошад. Ба он роҳ ёфтани хояндагон, хомӯшакҳо, кӯрпашша, магас ва ғ. манъ аст. Кормандони И. ҳангоми ба назди бемор даромадан, аз халат, кулоҳ ва ниқоби докагии алоҳида истифода мекунанд.
Мавриди нигоҳубини беморони И. риояи талаботи қатъии зиддиэпидемӣ (истифодаи зарфи алоҳида, дезинфексияи мунтазами ҳавои хона, зарф, либоси таг, асбоби рӯзгор) ҳатмист; одами гирифтори бемории сирояти (грипп, сурфакабутак, сурхча)-ро ба И. набурда, дар хонаи алоҳида ё ба як кунҷи хона парда кашида хобондан мумкин аст. Ба бемор косаву табақ, сару либос ва лавозимоти бистарӣ ҷудо карда, ашёи хона, зарфҳо ва ғ.-ро мунтазам гандзудоӣ менамоянд. Парасторон бояд қоидаҳои муайян ва маслиҳатҳои духтурро қатъӣ риоя кунанд. Агар зарурат афтад, ба парасторон моя (ваксина) мегузаронанд.
Ш. Матинов.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …