Главная / Илм / ИСУФОВ Саломуддин Чабборович

ИСУФОВ Саломуддин Чабборович

isufov-salomidinИСУФОВ Саломуддин Чабборович (тав. 26. 6. 1968, дехаи Гулободи нох. Москва), дорушинос, доктори илми дорусози (2004), проф. (2007), узви вобастаи АИТТ (2010), дорандаи Чоизаи созмони чавонони ЧТ (1996), Чоизаи давлатии ЧТ ба номи Исмоили Сомони дар сохаи илм ва техника (1998), ДДТТ ба номи Абуали ибни Синоро хатм кардааст (1992). Ассистенти кафедраи фармакогнозия ва ташкили иктисоди фарматсияи хамин донишгох (1992 – 95), сардори шуъбаи дорухои тазрикии Фабрикаи дорусозии ш. Душанбе, сардори Сарраёсати назорати давлатии сифати дорухо ва тачхизоти тибби (1995 – 96), раиси кумитаи инкишофи саноати дорусози (1996 – 99), муовини аввали сардори Раёсати дорусози ва тачхизоти тибби (1999 – 2002), сардори шуъбаи дорусози ва тачхизоти тиббии Вазорати тандурусти (2002 – 03), раиси Кумитаи фармакопеяи Вазорати тандурусти (2003 – 05), декани фак-ти фармасевтии ДДТТ (2005 – 08), сардори Раёсати илм ва тахсилоти тиббию фармасевтии Вазорати тандурустии ЧТ (аз 2008). Муаллифи беш аз 180 кори илми, аз чумла 5 рисола ва 5 ихтироот мебошад. Дар мавзуи «Хосиятхои физикию химияви ва технологии гилхои бентонитии Точикистон» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Тахияи маводи доруи дар асоси баъзе намудхои ашёи табии ва синтези дар Чумхурии Точикистон» рисолаи доктори химоя кардааст. Зери рохбарии И. 5 наф. рисолаи номзади дифоъ намудаанд. Бо иштироки бевоситаи И. с. 2006 бори аввал дар чумхури «Формуляри дорухои асосии ЧТ» тахия карда шудааст.
Ос.: Гюрзотоксин, Д., 1997; Физико-химические и технологические свойства бентонитовых глин Таджикистана и их применение в качестве вспомогательных веществ в фармации, Д., 2002; Руководство по сбору и сушке лекарственных растений Таджикистана, М., 2002; Руководство по физическим и физико-химическим методам фармацевтического анализа, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …