Главная / Илм / ИСУФОВ Саломуддин Ҷабборович

ИСУФОВ Саломуддин Ҷабборович

isufov-salomidinИСУФОВ Саломуддин Ҷабборович (тав. 26. 6. 1968, деҳаи Гулободи ноҳ. Москва), дорушинос, доктори илми дорусозӣ (2004), проф. (2007), узви вобастаи АИТТ (2010), дорандаи Ҷоизаи созмони ҷавонони ҶТ (1996), Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника (1998), ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1992). Ассистенти кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисоди фарматсияи ҳамин донишгоҳ (1992 – 95), сардори шӯъбаи доруҳои тазриқии Фабрикаи дорусозии ш. Душанбе, сардори Сарраёсати назорати давлатии сифати доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ (1995 – 96), раиси кумитаи инкишофи саноати дорусозӣ (1996 – 99), муовини аввали сардори Раёсати дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббӣ (1999 – 2002), сардори шӯъбаи дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббии Вазорати тандурустӣ (2002 – 03), раиси Кумитаи фармакопеяи Вазорати тандурустӣ (2003 – 05), декани фак-ти фармасевтии ДДТТ (2005 – 08), сардори Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фармасевтии Вазорати тандурустии ҶТ (аз 2008). Муаллифи беш аз 180 кори илмӣ, аз ҷумла 5 рисола ва 5 ихтироот мебошад. Дар мавзӯи «Хосиятҳои физикию химиявӣ ва технологии гилҳои бентонитии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Таҳияи маводи доруӣ дар асоси баъзе намудҳои ашёи табиӣ ва синтезӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Зери роҳбарии И. 5 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Бо иштироки бевоситаи И. с. 2006 бори аввал дар ҷумҳурӣ «Формуляри доруҳои асосии ҶТ» таҳия карда шудааст.
Ос.: Гюрзотоксин, Д., 1997; Физико-химические и технологические свойства бентонитовых глин Таджикистана и их применение в качестве вспомогательных веществ в фармации, Д., 2002; Руководство по сбору и сушке лекарственных растений Таджикистана, М., 2002; Руководство по физическим и физико-химическим методам фармацевтического анализа, Д., 2008.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …