Главная / Чамъият / ИСТЕХСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛИ ВА МАШРУБОТ

ИСТЕХСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛИ ВА МАШРУБОТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи танзими давлатии истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 1997, № 10, мод.147; соли 1998, 10, мод.74; соли  2002, № 4, к-1, мод.179, 188; соли 2007, №6, мод. 434, 437; Конуни ЧТ аз 03.07.2012с., №872;)

Ин Конун муносибатхои хукукиро дар сохаи истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот танзим мекунад.

БОБИ I. КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхуми асосии танзими давлатии истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот

spirti-tojikiston

Тахти мафхуми танзими давлатии истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот низоми истехсол ва муомилоти спирти этили ва машруботи бо конунгузори мукарраргардида ва дар асоси он санадхои меъёрию хукукии кабулшуда фахмида мешавад.

Спирти этили ошоми, арак, ликёр, хелхои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру мевачот ва дигар озукаи дорои спирти этили, ки аз ашёи хоми хуроквори истехсол шуда, беш аз якуним фоизи микдори вохиди машруботро дорад, аз чумлаи машрубот аст.

Тахти муомилоти спирти этили ва машрубот содироту воридот, молрасони, хариду фуруши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этили) фахмида мешавад.

Моддаи 2. Конунхо дар бораи танзими давлатии истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот

Конунхо дар бораи танзими давлатии истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот аз хамин Конун ва санадхои дигари меъёрию хукукии тибки он кабулшавандаи Чумхурии Точикистон иборатанд.

Амали ин Конун ба махсулоти зерин дахл намекунад:

машруботе, ки шахрванд (шахси вокеи) на барои фуруш истехсол кардааст;

спирти этили, ки шахси юридики ё ашхоси юридики дар асоси шартнома аз хар хели ашёи хом истехсол кардаанд ва онро танхо дар чараёни технологи вакти тайёр кардани махсулоти гайримашруботи истифода мебаранд.

Моддаи 3. Ваколатхои макомоти давлати дар сохаи истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот

Ваколатхои макомоти давлати дар сохаи истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот аз инхо иборатанд:

ташкили назорати давлати ба истехсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот;

мукаррар намудани маблаги акцизи спирти этили ва машрубот;

мукаррар кардани меъёри коидахо, стандартхои давлати ва регламентхои техники дар сохаи истехсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот; (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

мукаррар намудани тартиби лицензиядихи барои истехсол кардан ва ба муомилот баровардани спирти этили ва машруботе, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз спирт дошта, хачми истехсол ё муомилоти он ба хисоби машруботи холис соле аз 0,02 млн. декалитр зиёдтар аст, инчунин лицензиякунии намудхои фаъолияти зикршуда;

муайян кардани сахмияи (квотаи) хачми спирти этилие, ки барои конеъ гардонидани талаботи Чумхурии Точикистон зарур аст;

татбики мачмуи тадбирхое, ки хукуки истеъмолгарон ва истехсолкунандагони моли ватаниро дар сохаи истехсол ва муомилоти спири этили ва машрубот хифз мекунанд.

Масъалахои дигари танзими давлатии истехсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот, ки дар ихтиёри Чумхурии Точикистон мебошанд ва бо ин Конун танзим гардонида нашудаанд.

 

БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕХСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛИ

 

Моддаи 4. Тартиби танзими давлатии истехсол ва муомилоти спирти этили

Танзими давлатии истехсол ва муомилоти спирти этили инхоро пешбини менамояд:

ичозатномадихии фаъолият вобаста ба истехсол ва муомилоти спирти этили тибки конунгузории Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

манъ кардани фуруши чаканаи спирти этили;

мукаррар намудани стандартхои давлати, регламентхои техники, меъёру коидахо дар сохаи истехсол ва муомилоти спирти этили; (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

амали гардонидани назорати давлатии сифати спирти этили.

Тартиби танзими давлатии истехсол ва муомилоти спирти этилиро Хукумати Чумхурии Точикистон мутобики хамин Конун мукаррар менамояд.

 

Моддаи 5. Ичозатномадихи ба фаъолият дар сохаи истехсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот

Фаъолият дар сохаи дар сохаи истехсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот дар каламрави Чумхурии Точикистон  дар асоси  ичозатнома  ба амал мебароранд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

Ичозатнома  дар сохаи  истехсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва махсулоти спирти бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» дода мешавад.

 

БОБИ III. КОИДАХОИ АСОСИИ ИСТЕХСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАШРУБОТ

 

Моддаи 6. Тартиби танзими давлатии истехсол ва муомилоти машрубот

Танзими давлатии истехсол ва муомилоти машрубот ин корхоро пешбини менамояд:

ичозатномадихи фаъолият вобаста ба истехсол ва муомилоти машруботтибки конунгузории  Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

сертификатсияи машрубот ва тачхизоти истехсоли он;

мукаррар намудани акцизи хамаи хелхои машрубот;

назорати риояи хукуки истемолкунандагони машрубот;

мукаррар намудани стандартхои давлати, регламентхои техники, меъёр ва коидахо дар сохаи истехсол ва муомилоти машрубот. (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

Тартиби танзими давлатии истехсол ва муомилоти машруботро Хукумати Чумхурии Точикистон мутобики хамин Конун мукаррар мекунад.

 

Моддаи 7. Шароит барои истехсол ва муомилоти машрубот

Истехсол ва муомилоти машруботро ашхоси юридикие ба амал мебароранд, ки барои фаъолияти мазкур дар сурати мавчуд будани лицензияхои дахлдор шароите доранд, ки ба меъёру коидахои санитарию гигиени мувофикат мекунад.

Барои истехсоли машрубот бояд спирти этилие истифода шавад, ки танхо аз ашёи хоми озука хосил шудааст.

Машруботе, ки дар худуди Чумхурии Точикистон дар шабакаи савдои чакана фурухта мешавад, аз чумла машруботи хоричи бояд оиди сертификатсия, коди истехсолкунанда, аломати мувофикат, номгуи стандартхои давлати, ки машрубот бояд ба талаботи хатмии онхо мувофик бошад, оиди хачми зарф, таркиб, оиди моддахои барои саломати зиёновари таркиби он нисбати талабхои хатмии регламентхои техники ва оиди гайри кобили истехсол маълумот дошта бошад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

 

Моддаи 8.  (Хорич карда тибки К  ЧТ аз 13.06.07с №278).

 

Моддаи 9. Акцизи машрубот

Акцизи машрубот бо тартибу шартхои пешбининамудаи конунхои Чумхурии Точикистон ситонида мешавад.

Маблаги акциз ба вохиди микдори спирти этилии таркиби машрубот хисоб карда мешавад.

Акцизи машруботи воридоти хангоми ба каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон ворид кардани он ситонида мешавад.

Бо максади пурра ситонидани маблаги акциз ва пешгирии пинхони овардану фурухтани молхои мавриди акциз тартиби тамгазании тамоми машрубот бо тамгахои маблаги акцизи мукаррар карда мешавад.

Намунаи тамгахои маблаги акциз, тартиб ва хачми пардохти онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 10. Сифати машруботи воридоти

Сифати машруботи воридоти аз сифати пешбининамудаи стандартхои давлати ва регламентхои техникии хамин намуд машруботи ватани набояд паст бошад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

 

(Моддаи 11. Хорич карда шуд тибки КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

 

Моддаи 12. Шартхо ва тартиби фуруши махсулот

Фуруши машруботи ватани ва воридотиро ташкилотхо ба таври яклухт ва чакана, сохибкори инфироди ба таври чакана дар сурати доштани лицензия амали мегардонанд.

Ташкилотхо ва сохибкорони инфироди машруботро танхо дар чойхои муайянкардаи макомоти хокимияти ичроияи махалли (хукуматхо) фурухта метавонанд.

Дар айни замон фуруши яклухт ва чаканаи машрубот:

дар муассисахои бачагона, таълими, дини ва табобатию профилактики ва худудхои хамшафати онхо;

бо микдори спирти этилии зиёда аз 20 фоиз дар ташкилотхои номуносиби махалхои серодам ва серхавф (вокзалу фурудгоххо, объектхои таъиноти харби) ва худудхои хамшафати онхо, хамчунин аз даст, дукончахо ва автомашинахо, павильону хаймахои тачхизонидашудаи савдо ва дигар бинохои барои фуруши ин махсулот номувофик, дар ташкилотхои илми ва истехсоли ва худудхои хамшафати онхо;

ба ашхоси то синни 18 – сола;

бе сертификати мувофикат ва тамгаи маблаги акцизи манъ аст.

Шартхо ё махдудиятхои дигари фуруши чаканаи машруботро дар худуди муайян макомоти хокимияти ичроия дар махалхо (хукуматхо) махсус бо максади хифзи сихати ахоли, таъмини амнияти чомеа ва риояи меъёрхои ахлокии рафтор мукаррар карда метавонанд.

 

БОБИ IV. НАЗОРАТИ РИОЯИ ИН КОНУН ВА ЧАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОН

 

Моддаи 13. Назорати давлатии риояи ин Конун

Ба истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот макомоти махсуси босалохияти давлати назорати давлати мекунанд.

Системаи макомоти назорати давлатии истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот ва вазифахои онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Назорати давлатии истехсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот назорати додани ичозатномахоро барои истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот, сертификатсияи тачхизоти истехсоли спирти этили ва машрубот, назорати риояи шартхои хатмии барои машрубот ва ашёи хоми истехсоли он мукарраршуда, сифати этили ва машруботро дар бар мегирад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №872)

Макомоте, ки бо масъалахои танзим ва назорати давлатии истехсол, муомилот, воридот ва хариди спирти этили ва машрубот, додани лицензия сару кор доранд, метавонанд як кисми пули пардохтхо ва бочро бо тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои эхтиёчоти худ харч намоянд.

Назорати давлатии фаъолияти субъектхои хочагидор новобаста аз  шакли моликият ва тобеъияти идоравии онхо бо рохи гузаронидани санчиши риояи конунгузори дар бораи танзими давлатии истехсолу муомилоти спирти этили ва машрубот мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон» анчом дода мешавад.

 

Моддаи 14. Манъи истехсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот

Дар сохаи истехсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот ин корхо манъ аст:

барои истехсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми гайриозукави истехсол шудааст;

фуруши чаканаи спирти этили;

истехсол ва муомилоти машрубот бе лицензияхои дахлдор;

фуруши машрубот бе сертификатхои мувофикат ё бе тамгахои бочи акцизи;

фуруши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтахои зиёди зарарнок доранд;

фиристодани машрубот дар зарфхое, ки ба талаботи хатмии хуччати меъёрию техники мувофикат намекунанд;

реклама кардани машруботи ба талабхои хамин Конун мувофика накунанда.

Мансабдорони ташкилотхое, ки спирти этили ва машруботро бе риояи талабхои ин Конун истехсол мекунанд ва ба муомилот мебароранд, тибки конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе 15 май соли 1997

№ 451

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …