Главная / Илм / ИСПАНД

ИСПАНД

ispandИСПАНД (Peganum harmala), сипанд, хазориспанд, хармал, гиёхест бисёрсолаи маъмул. Аз 20 то 80 см кад мекашад. Пояи рости сершох, барги буришдор (дарозиаш 3 – 6,5 см), гули зард, сафед, гузаи сертухм, тухми кахваги ё буртоб дорад. Май – авг. гул карда тухм мебандад. И. асосан дар шурзамин, гилхок, санглоху регзор, канори сой, заминхои партов, айлокчой ва баъзан чун алафи бегона дар киштзор меруяд. Дар Точикистон дар хама чо (то баландии 3750 м аз с.б.) пахн шудааст.
И. дар ёдгории фархангии кадимтарини форсу точик Авесто доруи таскинбахш ва хушбуй тавсиф шудааст. Бо он беморон, ибодатгоххо ва маитро дуд мекарданд. И.-ро Дискуридус ва Абуалии Сино дар муоличаи беморихои гуногун кор мефармуданд. Дискуридус И.-ро барои табобати заъфи бинои тавсия додааст. Бо ин максад онро бо асал, май, талхаи кабк ё мург ва шарбати розиёна омехта карда ба чашм мемоланд. Бино ба маълумоти Абуханифаи Диновари чушоби решаи И. табларзаи бардавомро шифо мебахшад. Дар «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Ибни Сино омада, ки И. (хармал) барои рафъи бугумдард ва илтихоби асаби сурин (агар онро ба чойи дардманд моланд) давои хуб аст. Нушобаи И. шоша ва хайзро тез меронад ва боиси дилбехузурии сахт мегардад. Абуалии Сино бо И. баъзе беморихои испурч, рудахо, бавосир ва г.-ро табобат менамуд.
И. дар тибби халки аз чумлаи растанихои доруии маъмул аст. Точикон бо И. одамони фалачро дуд ва бо баргаш омосхоро тарбанди мекунанд. Бо чушоби тухми И., загир ё кунчит зики нафас ва тарбодро даво мебахшанд. И. чун доруи таскинбахш, зардарон, шошарон ва аракрон низ истифода мешавад. Сокинони баъзе нохияхои шим. Точикистон аз И. доруи махсус тайёр мекунанд. Бо ин максад наврустаи онро бо ягон деги сурохдор (барои даромадани хаво) мепушонанд. И. месабзад ва дар муддати чанд хафта аз тарашшухоти он дар танаи дег кабати тунуки моддаи часпак пайдо мешавад. Сипас онро бо корд тарошида мегиранд ва чун давои бехтарин барои муоличаи беморихо истифода мебаранд.
Ба акидаи табибони мардуми И.-ро куфта бихуранд, барои иллатхои саръ, фолич, девонаги, фаромушхотири даво мешавад, истиско, зардпарвин, кулинч ва иркуннасо (радикулит)-ро дафъ менамояд. Куфтахои И. (100 г) ва загир (100 г)-ро дар 1,5 кг асал сиришта, аз он хар руз се махал яккошуки бихуранд, зики нафасро дору будааст (ба шарте, ки фишори хун баланд набошад). И.-ро дар об чушонда он обро ба узвхои заиф бирезанд, онхоро кувват мебахшад, карахтиро дафъ мекунад. Куфтаи И.-ро гарм карда, батакрор гузошта банданд, барои суст ва нотавон гаштани узв, карахти, дардхои боди ва г. шифо мебахшад. Оберо, ки дар он И. чушонда шуда бошад, дар офтоб гафс гардонда, баъд дар бини чаконанд, назларо шифо мебахшад.
И. аз кадимулайём барои табобати беморихои пуст, шамолхури, варача, табларза, саръ, киччасори кор фармуда мешавад. Чойи баргу пояи онро дар мавриди асабоният, саръ, сузок, беморихои гурда менушанд, бо он дахонро гаргара мекунанд (хангоми дарди милки дандон), чашмро мешуянд (хангоми беморихои чашм). Тухми И.-ро (то 10 дона дар як руз) барои илочи беморихои меъдаю руда ва чун доруи зардарон истеъмол мекунанд. Дар чойхои серодам дуд кардани он зуком барин бемории сироятиро пешгири менамояд.
Баргу пояи И., кокути ва решаи камолро омехта карда (бо хиссахои баробар), дар об мечушонанд. Чавхари гализи хосилшударо ба матоъ печонида, ба сабил, хафтпуст, пучак мегузоранд. Ба акидаи бисёр одамон он бехтарин доруи фасодкаш ва бахамоварандаи захм мебошад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …