Главная / Илм / ИСЛОМОВ Икром

ИСЛОМОВ Икром

nophotoИСЛОМОВ Икром (1921 ш. Хучанд – 1984, хамон чо), патофизиолог, доктори илми тиб (1974). Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941 – 45). Дар мухорибахо барои озод кардани ш. Киев (сент. 1941) ба асорат афтода, дар конслагери Дарнитск махбус гашт. Баъдтар аз лагер фирор карда, дар отряди Бишевск партизан шуд. Аз нояб. 1943 боз ба Артиши Сурх пайваст. Дар чабхахои Украина чангидааст. Хини начот додани мачрухон худ ду маротиба захмдор шуд. Чангро дар сарзамини Чехословакия ба охир расондааст. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1951). Ассистенти кафедраи физиологияи эътилолии ДДТТ (1951 – 57), дотсенти кафедраи анатомия ва физиологияи хайвоноти Донишкадаи давлатии хочагии кишлоки Точикистон (1957 – 60), дотсенти кафедраи физиологияи эътилолии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1960 – 83). Аз с. 1983 нафакагир буд. Муаллифи зиёда аз 40 асару маколахои илмист, ки ба масъалахои истифодаи изотопхои радиоактив дар тиб ва омузиши мубодилаи байнираги хангоми ихтилоли раванди микросиркулятсия бахшида шудаанд. Яке аз аввалинхо шуда дар тибби Точикистон нишонаатомхоро кор фармуд. Бо 2 орден ва 7 медал сарфароз гаштааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …