Главная / Илм / ИСКОТ

ИСКОТ

iskotИСКОТ (Abortio), аборт, дар давоми 29 хафтаи аввали хомилаги аз бачадон афтидани чанини гайри кобили хаёт. И. табии ва сунъи мешавад.
И.-и табии дар натичаи ягон бемори ба вучуд меояд. И.-и сунъи бо хохиши зан (агар бо ягон сабаб кудакдор шудан нахохад) ё бо тавсияи духтур, хангоме, ки хамл ва таваллуд ба саломати ва хаёти у хатарнок бошад (мас., шакли фаъоли сили шуш, нукси вазнини дил, токсикозхои вазнин ва г.), инчунин барои пешгирии аз насл ба насл гузаштани беморихои вазнини ирси гузаронида мешавад.
Искоти сунъиро дар муассисахои табобати амали мегардонанд. Агар И. худсарона ва берун аз беморхона карда шавад, чиноят хисоб меёбад, чунки онро шахсони аз тиб дур ва аз талаботи имрузаи он бехабар мегузаронанд. Аз амалиёти ин гуна «табибон» газак гирифтани бачадон ё сурох шудани деворахои он, иллати махбал, шошадон, руда ачаб нест. Тибки моддаи 123 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон шахсоне (аз он чумла духтуроне), ки берун аз беморхона И. мекунанд, ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд.
И.-и сунъи ба организм зарар дорад, зеро он созгории физиологиро, ки бо инкишофи хомилаги алокаманд аст, якбора катъ намуда, дар баъзе холатхо кори асаб, системаи эндокрини, мубодилаи моддахоро вайрон мекунад. И. хусусан барои занхое, ки бори якум хамл гирифтанду давраи хайз вайрон аст, инчунин гирифтори инфантилизми чинси (суст инкишоф ёфтани узвхои таносул) мебошанд, зарар дорад. Мумкин аст онхо дигар хомила нашаванд. Хунрави, осеби бачадон, газаки бачадон ва зоидхои (узвхои иловагии ) он оризахои И. мебошанд. Газаки бачадон (ниг. Метроэндометрит) ва зоидхои он (ниг. Аднексит) бештар номаълум гузаранд хам, тагийроти зиёди чидди ба вучуд меоранд. Мас., газаки лулахои бачадон кисман рохи тухмгузарро баста, сабаби хомилагии берун аз бачадон ё бенасли мегардад. Баъзан баъди 1 – 2 сол фаъолияти системаи асаб ва гадудхои эндокрени халал меёбад. Зан зуд-зуд асабони ва камкувват гашта, хайз то дарачаи аменорея мерасад. Ихтилоли мубодилаи моддахо бошад, боиси фарбехи мегардад.
И.-и сунъи масъалаи мухими ичтимои аст, чунки нафакат манфиати зан, балки манфиати давлатро хам дар назар дорад. Ин масъала дар мамлакатхои гуногуни чахон ба тарзи мухталиф хал карда мешавад. Дар мамлакати мо барои мухофизати саломати ва хушбахтии модарону кудакон шароити хуб фарохам оварда шудааст (ниг. Мухофизати модарон ва кудакон). Конунхои оид ба мухофизати мехнати занон дар истехсолот, зиёдшавии шумораи муассисахои табобатию профилактики ва бачагона (таваллудхонахо, машваратгоххои занона, яслию богчахо ва г.), афзудани ёрии давлат ба модарони танхо дар бораи он шаходат медиханд. Дар мамлакати мо барои ба искоти чинояти рох надодан, И.-ро дар шароити беморхона мегузаронанд. Дар баробари ин оид ба зарари И.-и сунъи корхои ташвикоти гузаронида, маводи зидди хамл тавсия карда мешаванд (ниг. Пешгирии хомилаги).
Пеш аз ба И. рози шудан, бояд хар як зан зарари онро донад. Агар И. зарур бошад, бояд у аввал аз муоинаи духтурони мушоварагохи занона гузарад; муассисаи муоличави дар аснои аз 12 хафта зиёд набудани мухлати хомилаги ва вучуд надоштани илтихоби аъзои чинси ба у хати рухсат медихад. Пеш аз И. газаки узвхои таносулро бояд муолича кард. Агар хомилаги аз 12 хафта гузашта бошад, ба И. танхо духтур ичозат мефармояд (дар сурате, ки хомилаги ва таваллуд ба хаёти зан хавф надошта бошад).
Баъд аз И. зан бояд тавсияи духтур ва коидахои бехдоштро катъи ичро кунад. Дар 2 хафтаи аввал шустани фарш, чомашуи, бардоштани бори вазнин манъ аст. Зан бояд ба холати умумии организми худ назорат кунад (казои хочат, хар руз чен кардани харорати бадан, хусусан дар ду хафтаи аввал, эхтиёт аз сармо ва г.). Хангоми бад шудани ахвол, хунрави, хисси дард дар зери ноф ва г. ба духтури занона мурочиат кардан зарур аст. Зан бояд хар руз 2 маротиба (пагохи ва бегохи) бо оби чушидаи ширгарм ва собун (ё бо махлули сусти перманганати калий) мустахаб кунад, либоси тагашро иваз намояд (чунки рузхои аввал гардани бачадон андаке кушода буда, ба бачадон микробхои бемориовар дохил мешаванд ва боиси газаки он мегарданд). Бо махлули доруи шустани махбал мумкин нест, чунки он боиси хунрави хохад шуд. Ду хафтаи аввал танхо дар душ оббози кардан мумкин аст (дар дарё ва бахр оббози кардан мумкин нест). Дар муддати 1 мох бо варзиш машгул шудан низ манъ мебошад; танхо варзиши сабуки пагохирузи равост. Хангоми таъхири хайз ё бармахал сар шудани он, хатман ба духтур мурочиат бояд кард. Алокаи чинси факат баъд аз хайз (пешаки аз духтур оид ба усулхои пешгири намудани хомилаги маслихат пурсидан муфид мебошад) мумкин аст.
Искоти табии сабаби бисёр дорад. Он дар натичаи беморихои илтихоби, омос ва г., инкишофи нокиси узвхои чинсии зан, беморихои сирояти (грипп, буртселлёз, токсоплазмоз ва г.), номувофикатии хуни модару чанин, токсикозхои вазнин, баъд аз И.-и сунъи ва г. ба вучуд меояд.
Хангоми И.-и табии тухмаки чанин аз девораи бачадон кучида, рагхои хуни он иллат меёбад. Аввал аз таъсири кашиши мушакхои бачадон дар поёни шикам ва камаргох дарди суст пайдо мешвад. Баъд дар натичаи кучидани тухмаки чанин андаке хун меравад. Дар ин маврид агар саривакт ба муолича шуруъ кунанд, хомилагиро нигох доштан мумкин аст. Барои ин пеш аз хама бистари шуда, духтурро даъват кардан лозим. Истеъмоли дору ё ба шикам гузоштани ях мумкин нест, чунки кашиши бошиддати бачадон сар мезанад. Агар муолича накунанд, дард меафзояд, аз бачадон хуни бисёр меравад ва окибат чанин меафтад. Хангоми И.-и табии аксаран тухмак пурра наафтода, кисман дар бачадон боки мемонад, дар натичаи кашиш нахурдани бачадон хунрави давом мекунад. Аз ин сабаб барои дур кардани бакияи чанин дар беморхона бистари шудан зарур аст.
Баъзан дар хафтахои аввали хомилаги И.-и табии ором сурат гирифта, хун кам меравад, зан ба духтур мурочиат намекунад. Аммо тул кашидани он барои саломати хатарнок аст, чунки ба бачадон микробхои бемориовар дохил шуда, боиси газак ва инкишофи уфунат мегарданд. Бинобар ин хангоми хисси дард ва хунрави фавран ба духтур мурочиат бояд кард. Ин имкон медихад, ки И. ва оризахои он пешгири карда шаванд.
И.-и табии метавонад такрор ёбад (И.-и одати). Дар ин маврид муоличаи мунтазам ва бардавом зарур аст. Махз барои ошкор намудани сабаби И.-и одати муоинаи пешаки гузаронида мешавад. Дар давоми муоина ва табобат бояд аз хомилаги худдори кард.
Агар зан бордор шавад, дар муддати 3 мохи аввал бояд аз алокаи чинси худдори кунад; худро аз шахсони гирифтори беморихои сирояти дур гирад, ба изтиробу хастаги рох надихад, бештар дар хавои тоза бошад, хуроки сергизо хурад.
Дар пешгирии И.-и табии саривакт (хангоми пайдоиши аломатхои аввалини хомилаги) мурочиат кардан ба мушоварагохи занона ахамияти калон дорад. Ин имкон медихад, ки бемории асоси ошкор ва табобат карда шавад. Ба кадри имкон рох надодан ба И.-и сунъи низ хеле мухим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …