Главная / Илм / ИШЕМИЯИ ДИЛ

ИШЕМИЯИ ДИЛ

ishemiai-dilИШЕМИЯИ ДИЛ, бемории дилу рагхо, ки дар натичаи норасоии хуни мушаки дил – миокард (окибати атеросклерози шараёнхои иклилии дил аст) ба вучуд меояд. Мафхуми «ишемияи дил» амрози шадиди дил (монанди стенокардия, сактаи дил) ва иллатхои музмини он (кардиосклерози диффузи ва чузъи)-ро дарбар мегирад. Азбаски инкишофи бемори ба атеросклерози рагхо вобаста аст, онро кардиосклерози тасаллуби хам меноманд. Хангоми И. д. кори дил (заъфи дил ва номураттабии тапиши дил) хеле мушкил мешавад (ниг. Силсилаи дилу рагхо). Чараёни И. д. номунтазам буда, хуручи бемори ба давраи нисбатан ором иваз мегардад. Хуручи стенокардия хангоми фаъолияти чисмони яке аз аввалин падидахои клиникии И. д. буда, минбаъд бемори муддати дароз давом меёбад. Одатан, ба стенокардия (хангоми кори чисмони) баъд аз чанд вакт хуруче, ки дар холати ороми сар мезанад, хамрох мешавад. Дар давраи авчи бемори инкишофи сактаи мушаки дил басо хатарнок аст.
И. д. дар чумхури беш аз пеш густариш меёбад. Бо дарназардошти ин с. 2007 Хукумати Чумхурии Точикистон дар робита ба «Барномаи миллии пешгири, ташхис ва муоличаи ишемияи дил дар давраи солхои 2007 – 2015» карор кабул кард. Максади асосии барнома паст намудани суръати афзоиши гирифтори, фавт ва маъюби аз И. д. аст. Барномаи мазкур баланд бардоштани сатхи маърифати мутахассисони тиб ва ахолиро рочеъ ба масоили пешгири, ташхис ва муоличаи И. д., бехтар намудани сифати ташхис, расондани кумаки босамари тибби ба маризон дар назар дорад.
И. д. масъалаи мухими ичтимоист. Ба туфайли пешрафти илму техника, тагйири ичтимоию иктисоди ва комёбихои тиббу нигахдории тандурусти савияи беморшавии ахоли дигаргун шуд: эпидемияхои тоун, домана ва диг. беморихои сироятиро тадричан амрози дилу рагхо, хусусан И. д. иваз карданд.
Бо инкишофи И. д. бисёр омилхои дохилию беруни (омилхои хавфнок) мусоидат менамоянд. Ба омилхои асосие, ки мучиби И. д. мешаванд, ихтилоли мубодилаи липидхо (чарбу) – дар таркиби хун афзудани микдори холестерин (гиперхолестеринемия), гипертензияи шараёни, диабети канди, тамокукаши, камхаракати, асабонияти бардавом ва г. тааллук доранд.
Дар раванди ишемияи миокард (мушаки дил) номувофикати байни талаботи мушаки дил ба оксиген ва моддахое, ки тавассути рагхои иклилии тангшуда меоянд, макоми калон дорад. Чи кадаре, ки сурохи раг зиёд танг шуда бошад, тафовут ва кори дил хамон кадар меафзояд.
Ишемияи миокард ба фаъолияти дил таъсири ногувор мерасонад. Ишемияи кутохмуддат бо хуручи стенокардия падид меояд (дамкутохи, чарх задани сар ва г.). Агар ишемия 20 – 30 дак. давом ёбад, дистрофияи манбаии миокард ба вучуд меояд. Ишемияи нисбатан бардавом, хусусан дар мавриди бо судда баста будани артерияи иклили (коронари), боиси мавти хамон китъаи мушаки дил гашта, бо сактаи дил анчом мепазирад.
И. д.-ро аз руи мачмуи аломатхои гуногуни болини ташхис мекунанд. Аз усулхои электркардиография, эхокардиография, тадкики радиоизотопи, мушохидаи монитори, ташхиси вазифавии кори дил ва г. истифода карда мешавад.
Хангоми хуручи дарди мукаррари давомоти он ва таъсири нитроглитсеринро ба инобат мегиранд. Хуручи стенокардия, одатан, дуру дароз нест (аз 5 то 30 дак.) ва барои рафъи он нитроглитсерин таъсири хуб мерасонад (баъди 1 – 3 дак. ба зери забон гирифтан дард нест мешавад). Дар вакти дистрофияи (осеби) манбаии миокард дард маъмулан 20 – 30 дак. давом мекунад (истифодаи нитроглитсерин таъсири нопурра ва кутохмуддат мерасонад). Аломати сактаи мушаки дил дуру дароз (аз 30 дак. то чанд соат ва хатто руз) давом кардани дард аст (он нисбатан пуршиддат буда, баъди истифодаи нитроглитсерин рафъ намешавад).
Хангоми шиддат ёфтани хама гуна хелхои И. д. мумкин аст фаъолияти гуногуни дил халал ёбад. Муоличаи И. д. ба таври комплекси сурат мегирад.
Пархез ахамияти калон дорад, барои ин дар вояи хурок бояд микдори равгани хайвонот ва ангиштоби зудхазм кам, равганхои растани, витаминхои С ва гурухи В бисёр бошанд, творог, гушти беравган, мохи, сабзавоту меваи тар бештар истеъмол шавад, аз дилбастаги ба машруботи спиртдор худдори бояд кард. Хар руз чор маротиба хурдани таом (энергияи шаборузиаш такр. 2500 ккал) тавсия мешавад. Кори чисмони шарти мухими пешгирии И. д. аст. Гайр аз мехнати фикри, барои сайру гашт, кори чисмони, варзиш ва г. вакт чудо кардан лозим. Рухсатии мехнати ва рузхои истирохатро берун аз шахр, бо саёхат гузаронидан муфид аст. Аз кашидани сигору нос бояд даст кашид. Саривакт ва муттасил муолича кардани галаёни хун, диабети канди, фарбехи ахамияти калон дорад. Мувофики шавку рагбат ва кобилият интихоб намудани касб, ташкили дурусти мехнат ва муносибати хайрхохона нисбати атрофиён ба пешгирии И. д. мусоидат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …