Главная / Илм / ИНФОРМАТИКА ВА КОМПЮТЕР

ИНФОРМАТИКА ВА КОМПЮТЕР

Инсоният дар тули мавчудияти худ як зумра инкилобхои илмию техникиро паси сар намудааст, ки хар кадомашон дар камолот ва худшиносии он накши амикро боки гузоштаанд. Масалан, асри санги ба пайдошавии аввалин олоти мехнат сабаб гашт, ки он захмати инсонро куллан дигаргун сохт.

Асри биринчи ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он ба дигаргуншавии мохияти хаёти чамъияти таконе дод. Ва бо хамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодабарии аробаю автомобил, асри барк ба азхудкуни ва истифодабарии энергияи бехамтои барки, асри ядрои ба азхудкуни ва инкишофи минбаъдаи омузиши кайхон ва энергетикаи атоми сабаб гаштаанд, ки онхо мехнати фикрию чисмонии инсонро миллионхо маротиба осон гардонидаанд. Имрузхо бошад, инсон дар бораи асри информатсиони сухан меронад. Ин бесабаб нест.

exnologiyai-info_

Асри ХХI барои он асри «Информатика» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми самтхои фаъолияти инсон аз дастовардхои техникаи компютери ва технологияи навтарини коркарди информатсия бахравар гардад. Сахми информатсия дар кабули карорхои идоракунии истехсолот, чамъият, тафаккур ва халли масъалахои рузмарра ба дарачае меафзояд, ки он ба катори ду омили хаётан мухимидигар – модда ва энергия шомил мегардад. Омилхои сегона, яъне модда-энергия-информатсия ба зумраи он гизохое табдил меёбанд, ки инсони карни нав мазмуну мундаричаи хаёт ва фаъолияти аклонию чисмонии худро дар такя ба онхо банизом медарорад.

Информатсия (Infoкmation) махфуми хеле васеъ аст. Калимахои точикии (шояд форси ё араби) «хабар», «ахбор», «маълумот», «иттилоот» ва гайрахо баъзе пахлухои мафхуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои онхо ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, сигнали ягон датчикро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоот не.

Информатика фанни техники буда, конунхо ва усулхои гункуни, захиракуни, коркардабарои ва интиколи информатcияро бо ёрии компютер меомузад.

Фанни информатикаро дар мамлакатхои гарб «Илми компютери (Computeк science)» мегуянд. Компютер, ки онро мошини электронии хисоббарор (МЭХ) низ ном мебаранд, яке аз дастовардхои бузургтарини илму техникаи хозиразамон ба хисоб меравад. Худи маънои калимаи компютер (computeк) низ дар забони

точики хисоббарор аст. Кариб хар сол схема ва сохти ин мошинхо такмил ёфта, сохахои тадбики онхо васеъ мегарданд. Ба хисоби миёна кариб хар дахсола дар технологияи истехсолот, конструксия ва усулхои истифодабарии МЭХ тагйиротхое ба вучуд меоянд, ки бешубха дар бораи пайдошавии насли нави компютерхо сухан рондан лозим меояд.

Имруз он компютерхое, ки аслан барои халли масъалахои хисобкуни сохта шуда буданд, тадбики худро дар идоракунии равандхои истехсоли, хисоббарорихои масъалахои иктисоди, нигохдори ва коркарди маълумотхои статистики, манбаъхои маълумотдихандаи информатсия, тархрезии равандхои физики ва фаъолияти фикрии одамон ёфтаанд.

Офариниши МЭХ бо бехтарин комёбихои инсон, аз кабили азхудкунии кувваи барк, ихтирои чарх, бунёди механизмхои буги, истифодабарии энергияи атоми ва дигар кашфиёт дар як поя карор гирифтааст. Ихтирооти номбурда дар рушди истехсолоти чамъияти ва болоравии тафаккури инсон накши багоят калоне бозидаанд. Ба туфайли онхо шароит ва сатхи зиндагии одамон баланд гардида, куввахои истехсолии чамъияти ба кулли тагйир ёфтааст.

Агар мошинхои мукаррари имкониятхои чисмонии одамро васеъ гардонида бошанд, пас компютер неруи аклонию зехнии онро баланд бардоштааст. Тараккии минбаъдаи МЭХ ба он оварда мерасонад, ки дар бисёр сохахои фаъолияти фикрию чисмонии инсон, мошинхо вазифаи ёрдамчии бегарази онро ичро мекардаги мешаванд.

Гарчанде мошинхои электронии хисоббарор аз чихати намуд ва тарзи истифодабариашон хеле гуногун бошанд хам, вале принсипи кори онхо ба хамдигар бис-ёр монанд аст. Дар хамаи онхо кисмхо ва чузъхоеро ёфтан мумкин аст, ки функсияхои якхеларо ичро мекунанд. Айнан чунин монанди ва умумиятхоро дар сохт ва мохияти масъалахои аз сохахои гуногуни илм, техника, иктисодиёт ва гайрахо пайдошуда низ дидан мумкин аст, ки онхо ба воситаи аппарати якхелаи математики хал карда мешаванд. Ба монанди хамин, бисёр умумиятхоро дар сохаи программасози хам дидан мумкин аст.

Саволхо:

  1. Информатсия гуфта чиро мефахмед?
  2. Барои чи асри XXI-ро асри «Информатика» меноманд?
  3. Информатика чиро меомузад?
  4. Калимаи компютер чиро мефахмонад?
  5. Ихтирои компютерро бо кадом дастовардхои бехтарини инсоният мукоиса намудан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Сохахоеро номбар кунед, ки дар онхо компютерро истифода мебаранд.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

slide-0

Воситахои техникии нигахдории информатсия

Бояд кайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда махфузбуда, хатман дар он осори (пай, асар, …