Главная / Илм / ИБНИ ЗУХР

ИБНИ ЗУХР

ibni-zuhrИБНИ ЗУХР (Avenzoar), Абумарвон Абдулмалик ибни Абилъало Зухур ибни Зухр (с. тав. номаълум, ш. Ишбилия – ваф. 1162, хамон чо), табиб. Дар Андалус (Испанияи исломи) фаъолият кардааст. Хонадони И. З. дар Андалус бо илму адаб, фикху сиёсат ва тиб шухрат дошта, чандин факеху табибу шоиру вазирро ба камол расондааст. Аз чумла номи шаш нафар табиб аз ин хонадон дар таърихи тиб сабт шудааст, ки машхуртарини онхо И. З. мебошад. И. З. баъд аз касби камолот кардан, дар дарбори хокимони муробити ба чои падараш адои вазифа мекунад. Пас аз шикаст хурдани муробитихо ва дар Магриб руи кор омадани давлати муваххидихо И. З. дар назди халифа Абумухаммад Абдулмуъмин вазифаи вазоратро бар ухда мегирад. Дар ин хангом, ки хокимияти муваххидихо аз Магриб то Андалус густариш ёфта буд, шухрати донишманди ва табибии И. З. ба авчи аълои худ расида, дар Аврупо низ пахн мешавад ва то Италиёву Фаронса меравад. И. З. хануз дар замони зиндагияш чандон шухрат доштааст, ки файласуфи номии хамасраш Ибни Рушд уро бузургтарин табиб баъд аз Чолинус мехисобидааст ва таърихнигори тиб Леклер (ваф. 1892) гуфтааст, ки И. З.-ро факат бо Закариёи Рози ва Ибни Сино метавон мукояса кард.
Аз таълифоти И. З. оид ба тиб дар «Уюну-л-анбо»-и Ибни Усайбиъа ва диг. сарчашмахои таърихи факат хашт китоб ёд шудааст: «Китобу-т-тайсир фи-л-мудовоти ва-т-тадбир», «Китобу-л-агзия», «Китобу-з-зинат», «Тазкира фи амри-д-давои-л-мусхил», «Макола фи илали-л-куло», «Рисола фи иллатайя-л-барас ва ва-л-бахак», «Тазкира» ва «Ал-Иктисод фи ислохи-л-анфуси ва-л-ачсод». Аз ин мачмуъ факат се китоби И. З. то замони мо омада расидааст: «Китобу-т-тайсир фи-л-мудовоти ва-т-тадбир», «Китобу-л-иктисод» (онро барои амири муробитихо Ибни Тошфин таълиф кардааст) ва «Китобу-л-агзия».
Аз ин миён «Китобу-т-тайсир фи-л-мудовоти ва-т-тадбир» аз бехтарин таълиф дар тиб буда, махз бо хамин китоб И. З. дар таърихи тиб маъруфу машхур гаштааст.
Ад.: Ибни Зухр, «Китобу-т-тайсир фи-л-мудовоти ва-т-тадбир», Димишк, 1983.
С. Шахобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …