Главная / Илм / ИБНИ ЗУҲР

ИБНИ ЗУҲР

ibni-zuhrИБНИ ЗУҲР (Avenzoar), Абумарвон Абдулмалик ибни Абилъало Зуҳур ибни Зуҳр (с. тав. номаълум, ш. Ишбилия – ваф. 1162, ҳамон ҷо), табиб. Дар Андалус (Испанияи исломӣ) фаъолият кардааст. Хонадони И. З. дар Андалус бо илму адаб, фиқҳу сиёсат ва тиб шӯҳрат дошта, чандин фақеҳу табибу шоиру вазирро ба камол расондааст. Аз ҷумла номи шаш нафар табиб аз ин хонадон дар таърихи тиб сабт шудааст, ки машҳуртарини онҳо И. З. мебошад. И. З. баъд аз касби камолот кардан, дар дарбори ҳокимони муробитӣ ба ҷои падараш адои вазифа мекунад. Пас аз шикаст хӯрдани муробитиҳо ва дар Мағриб рӯи кор омадани давлати муваҳҳидиҳо И. З. дар назди халифа Абӯмуҳаммад Абдулмӯъмин вазифаи вазоратро бар ӯҳда мегирад. Дар ин ҳангом, ки ҳокимияти муваҳҳидиҳо аз Мағриб то Андалус густариш ёфта буд, шӯҳрати донишмандӣ ва табибии И. З. ба авҷи аълои худ расида, дар Аврупо низ паҳн мешавад ва то Италиёву Фаронса меравад. И. З. ҳанӯз дар замони зиндагияш чандон шӯҳрат доштааст, ки файласуфи номии ҳамасраш Ибни Рушд ӯро бузургтарин табиб баъд аз Ҷолинус меҳисобидааст ва таърихнигори тиб Леклер (ваф. 1892) гуфтааст, ки И. З.-ро фақат бо Закариёи Розӣ ва Ибни Сино метавон муқояса кард.
Аз таълифоти И. З. оид ба тиб дар «Уюну-л-анбо»-и Ибни Усайбиъа ва диг. сарчашмаҳои таърихӣ фақат ҳашт китоб ёд шудааст: «Китобу-т-тайсир фӣ-л-мудовоти ва-т-тадбир», «Китобу-л-ағзия», «Китобу-з-зинат», «Тазкира фӣ амри-д-давои-л-мусҳил», «Мақола фӣ илали-л-куло», «Рисола фӣ иллатайя-л-барас ва ва-л-баҳақ», «Тазкира» ва «Ал-Иқтисод фӣ ислоҳи-л-анфуси ва-л-аҷсод». Аз ин маҷмӯъ фақат се китоби И. З. то замони мо омада расидааст: «Китобу-т-тайсир фӣ-л-мудовоти ва-т-тадбир», «Китобу-л-иқтисод» (онро барои амири муробитиҳо Ибни Тошфин таълиф кардааст) ва «Китобу-л-ағзия».
Аз ин миён «Китобу-т-тайсир фӣ-л-мудовоти ва-т-тадбир» аз беҳтарин таълиф дар тиб буда, маҳз бо ҳамин китоб И. З. дар таърихи тиб маъруфу машҳур гаштааст.
Ад.: Ибни Зуҳр, «Китобу-т-тайсир фӣ-л-мудовоти ва-т-тадбир», Димишқ, 1983.
С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …