Главная / Илм / ИБНИ СИНО

ИБНИ СИНО

ibni-sinoИБНИ СИНО (16. 8. 980, дехаи Афшанаи Бухоро – 18. 6. 1037, Хамадон), Абуали Хусайн ибни Абдуллох ибни Хасан ибни Али ибни Сино; кисми ахири ном – Ибни Сино дар Аврупо ба гунаи «Авенсина» тахриф шуда, ба «Авитсенна» табдил ёфт файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги точик. Падараш Абдуллох аслан аз Балх буда, дар замони салтанати Нух ибни Мансури Сомони ба дехаи Хармайсан (Рометан)-и Бухоро меояд ва ба кори девон машгул мегардад. Модараш Ситорабону аз сокинони Афшана аст. С. 985 оилаи И. С. аз Хармайсан ба ш. Бухоро кучид ва у дар ин чо ба омузиши илм огоз намуд.
И. С. кудаки бохуш будааст, чунон ки дар дахсолаги Куръонро фаро гирифтааст, аз илми адаб ва усули дин бахраи кофи бурдааст. Мукаддамоти улумро аз мубаллигони мазхаби исмоили, ки мехмони падараш буданд, аз худ кардааст. Гуянд, ки И. С. дар хамин айём илми хисобро аз бакколе дар Бухоро омухта, фанхои дигари риёзиро назди Махмуди Моч ёд гирифтааст, дар назди Исмоили Зохид фикх хондааст. Сипас хангоме, ки Абуабдулло Нотили ба Бухоро омадааст, И. С. дар пеши у ба омузиши мантик, хандаса ва нучум пардохтааст. И. С. хамчунин аз мутолиаи китобхои мантику фалсафа гофил набудааст. Пас аз чираги бар мантик, тибииёт ва риёзиёт ба илохиёт руй овард ва ба хондани китобхои метафизикии Арасту пардохт. Аммо баъд аз чихил бор хондан максуди уро нафахмид, то ин ки китобе аз Абунасри Фороби ба дасти у расид. Мутолиаи «Игрози мобъад-ут-табиъиа»-и Фороби гиреххоро бар у кушод ва фахми китоби Арастуро бар вай осон кард.
И. С. хамчунин дар 16-солаги ба тиб руй овард ва онро аз Абумансур Хасан ибни Нух фаро гирифт. Дар ин чода чунон махорате касб кард, ки пизишкони дигар дар назди вай шогирди мекарданд. И. С. дар худуди синни 17 Нух ибни Мансури Сомониро аз беморие, ки гиребонашро гирифта буд ва ба шиддат озораш медод, начот бахшид. Муоличаи Нух ибни Мансур шухрати уро сабаб шуд ва арчу курбашро дар назди подшохи Сомони афзун кард. Наздикии И. С. ба Нух ибни Мансур ва эътиборе, ки дар дарбори у дошт, боис шуд, ки ичозаи истифода аз китобхонаи маъруфи Сомониёнро ба даст оварад. Аз он чое, ки И. С. аз хушу кувваи омузиши фавкулоддае бахраманд буд, дар замони кутох хамаи улуми замони худро фаро гирифт ва дар 18-солаги аз омухтани улум фориг шуд.
И. С. дар 21-солаги ба навиштан ва таълифи китоб шуруъ кард. Дар хамин замон китобхонаи Сомониён оташ гирифт ва И. С. муттахам шуд, ки баркасд китобхонаро сузондааст. Касоне ки ин иттихомро бар И. С. ворид мекарданд, далел меоварданд, ки вай китобхонаро нобуд сохтааст то дигарон дасташон аз улуми замон кутох шавад ва ба нуктахо ва донише, ки дар китобхо нухуфта буд, пай набаранд.
И. С. 22-сола буд, ки падараш аз дунё рафт. Пас аз инкирози силсилаи Сомониён Илакхон – Наср ибни Али вориди Бухоро шуд. Илакхон аз ханафиёни Бухоро пуштибони мекард ва И. С. эхтимолан пайрави афкори шуъубия ва мухолифи истилои туркон буд ва созгори бо Илакхони туркро муассир ва писандида намедидааст. И. С. пас аз хичрат аз Бухоро зиндагии пурталотум ва пурфарозу шеберо пушти сар гузошт. Аз ин пас, кисмате аз зиндагии вай сарфи лаззатчуи ва кисмати дигар сарфи дарсу бахс ва таълифу корхои илми шуд. Пас аз азимат аз Бухоро, нахуст ба Гурганч рафт, ки дар он замон пойтахти Хоразмшохиён буд ва мардуми донишдуст дошт. Дар Гурганч ба халкаи хакимону донишмандон ва пизишкон пайваст ва мохонае барои у мукаррар шуд.
Дар с. 408 Султон Махмуди Газнави Хоразмро тасхир кард ва дастур дод иддае аз донишмандон, аз чумла И. С.-ро ба Газни назди у бифристанд. И. С. кабл аз он ки маъмурони Султон Махмуд ба Хоразм бирасанд, бохабар шуд ва чун аз рафтан ба пеши Султон Махмуд бимнок буд, рохи Гургону Райро пеш гирифт. у бо сахтию душвори худро аз рохи Нисо ба Абевард расонд, сипас ба Тусу Самангон ва Чочарм рафт ва маъмурони Султон Махмудро пайваста дар таъкиби худ медид. И. С. дар Чочарм низ намонд, оханги Гургон карда дар он чо муким шуд ва ба табобат пардохт. Гургон дар он замон пойтахти подшохони Оли Зиёр буд. И. С. ба Оли Зиёр ба муровида пардохт ва китобе барои Заррингес, духтари Кобус навишт. Дар Гургон донишманди маъруф Абуубайдулло Абдулвохид Чузчони, ки машхуртарин шогирди И. С. аст, ба хидмати у пайваст ва аз он пас хамвора бо эшон буд ва бисёре аз осори вайро пас аз маргаш чамъовари ва тадвин кард.
Абумухаммади Шерози дар Гургон хонае барои И. С. харид, ки дар он тадрис мекард. у дар Гургон ба кори табобат машгул буд ва баъзе аз таълифоташро низ дар он чо навишт. Сипас ба шахри Рай омад ва Мачдуддавла Абутолиб Рустам – писари Фахруддавлаи Дайламиро, ки аз подшохони Оли Буя буд ва бемории молихулиё дошт, муолича кард. И. С. хамчунон дар Рай буд, то ин ки Хилол ибни Бадр кушта шуд ва лашкари Багдод дархам шикаст ва у оханги хидмати Шамсуддавла кард. Шамсуддавларо дарди миён расида буд, ки бо табобати И. С. муолича шуд ва ба воситаи хамин мудово арчу курбаш дар назди шох афзуд ва аз акрабону надимони вай гардид.
Шамсуддавла И. С.-ро ба вазорат баргузид, вале пас аз муддати кутох сипохиёни турку курд дар натичаи нарасидани мохонаи худ уро масъул ва мусаббиб донистанд ва дороиашро ба тороч бурданд. Шамсуддавла низ барои фуру нишондани хашму газаби сипохиён ва хобондани кина дастури дур кардани вайро содир намуд. И. С. чихил руз дар хонаи яке аз дустонаш пинхон шуд. Шамсуддавла дубора гирифтори дарди миён шуд ва И. С.-ро ба мудово хост ва бори дигар уро ба вазорат мансуб кард. Пас аз даргузашти Шамсуддавла писараш Самоуддавла чои уро гирифт ва И. С.-ро аз мансаб дур намуд.
И. С. ба хонаи дусташ Абутолиби Аттор рафт ва дар он чо гушаи узлат гузид. Дар химоят бо Ибни Кокуя – амири машхури Исфахон, Хамадон ва Язд, ки марди донишманде буд, мукотиба кард. Самоуддавла чун аз мукотибаи пинхонии И. С. огох шуд, хашм гирифта ба зиндонаш афканд. Пас аз чахор мохи хабс уро бахшид. И. С. рахсипори Хамадон шуд ва гушаи узлату хилват гузида ба таълиф руй овард.
И. С. пас аз чанде дар либоси дарвешон хамрохи бародараш Махмуд ва шогирди вафодораш Абуубайди Чузчони ба Исфахон назди Алоуддавла рафт ва аз вай бисёр хурмат дид. Замоне, ки И. С. дар Исфахон ба сар мебурд, давраи нисбатан пурсамари эчоди у аст. Дар ин чо таълифи китобхои «Шифо» ва «Ал-Конун фи-т-тиб»-ро анчом дода, «Донишнома»-ро ба забони модарии худ – точики навишт. И. С. ба точики рубоихои дилнишин низ гуфтааст. Ба илми нучум биёр машгул мешуд, афзорхои нучуми ихтироъ мекард, ба сохтмони расадхона огоз намуд. Алоуддавла оханги Хамадон кард, И. С. низ харчанд аз бемории дарди миён дар ранчу захмат буд, хамрохи у ба Хамадон рафт. Дар он чо бемориаш руз ба руз сахттар шуд ва арсаро бар у тангтар кард, то ин ки дар рамазони с. 1037 сар ба болини марг гузошт ва дунёро видоъ намуд. Пайкарашро дар чануби Хамадон, ки акнун бинои ёдбуде бар он барпост, ба хок супурданд. Гуё И. С. дар замони марг 58-сола будааст.
Дар тиб макоми И. С. ошкортар аз он аст, ки бо баёне хочат дошта бошад. Осори уро садсолахо дар Осиё ва Аврупо бехтарин рохнамои пизишкон донистаанд. Китоби «Ал-Конун фи-т-тиб» мухимтарин асари И. С. дар пизишки аст. Онро Герард Кремонский (1114 – 1187) ба забони лотини тарчума кард, сипас ба забонхои гуногуни аврупои баргардонида шуд. Вакте ки дастгохи чопи китоб ихтироъ гардид, «Ал-Конун фи-т-тиб» дар катори нахустин китобхои чопи карор гирифт ва аз руи теъдоди нашр бо Библия ракобат мекард. Матни лотинии «Ал-Конун фи-т-тиб» с. 1473 ба табъ расид, матни арабии он дар Рим дар матбааи Медичи с. 1593 аз чоп баромад. Танхо дар 30 соли ахири а. 15 «Ал-Конун фи-т-тиб» 16 маротиба ба лотини нашр гашта, он хамаги 40 маротиба пурра ва ба микдори бешумор порча – порча чоп шудааст. Дар тамоми донишгоххои Аврупо, мас. дар Монпеле ва Лувен, то нимаи дуюми а. 17 «Ал-Конун фи-т-тиб» дастури асосие буд, ки аз руи он таълими тиб сурат мегирифт. Дар энсиклопедияхои руси, ба ном «азбуковникхо»-и а. 17 И. С. дар баробари Чолинус, Плиний, Алберти Бузург мавриди истинод карор дошт. Садхо сол пизишкони тамоми кишвархо аз руи «Ал-Конун фи-т-тиб» илми тибро меомухтанд, аз он хамчун сарчашмаи бепоёни дониш истифода мебурданд. «Ал-Конун фи-т-тиб» фахмиши мохияти бемори, тандурусти, хунари пизишки, ошкор, дармон ва пешгири кардани дард, муносибат кардан бо беморро меомузонд.
Дар огози китоб таърифи бисёр аники илми тиб оварда шудааст, ки он ба тасаввуроти имруза басе наздик аст: «Тиб илмест дар бораи донистани тани инсон дар холи саломати ё бемори ва баргардонидани саломатии инсон, ки ру ба заъф овардааст. Вакте мегуянд, ки тиб аз назария ва амалия иборат аст, бояд гумон кард, ки бахше аз он илм асту бахше амал (чунонки баъзе мухаккикони ин масъала пиндоштаанд). Баръакс, бидон, ки маънии ин дигар аст, яъне харду бахши тиб илм аст: яке илми усули тиб, дигаре – илми тарзи табобат». И. С. дар асоси хамин таъбири илми тиб тарзхои нигох доштани тандурусти ва табобати беморихои гуногунро баён кардааст. Бисёр фикру мулохизахо ва маслихатхои у доир ба ин масъалахо (мас., речаи зиндаги ва хурок, пархез, ахамияти варзиш дар нигох доштани саломати ва г.) хануз хам арзиши илми ва амалии худро аз даст надодаанд. Хизмати бузурги И. С. дар сохаи илми тиб аз кушиши бунёд кардани аломатшиноси (семиотика), ташхис (диагностика) ва назарияи илмии табобат иборат буд. Дар ин соха ва дигар кисматхои илми тиб у кашфиёт ва ихтирооти зиёде кардааст. Мас., хамчун мушаррех И. С. аввалин табибест, ки сохти дурусти чашмро тасвир намудааст. То замони у чунин акида хукмрон буд, ки узви асосии чашм зучочия аст. Аз чашм нуре бархоста ашёро равшан мекунад ва сурати онхоро пайдо менамояд. И. С. исбот кард, ки узви асосии чашм шабакия аст ва махз дар он сурати чизхо пайдо мешаванд. И. С. чун мушаххис (диагностик) фарки байни вабо ва тоун, чузом (махав) ва доъулфил, зотулчанб (варами пардаи шуш) ва зотурриё (варами шуш)-ро мукаррар кард, бемории сирояти будани нагзакро пай бурд, варами меъдаро басо равшан тавсиф кард, сарсомро хамчун бемории махсус – варами пардаи магзи сар муайян намуд, аломатхои бемории канд (диабет)-ро аввалин бор дар таърихи тиб возех баён кард ва ангуштзани (перкусия)-ро чун усули дардшиноси чори намуд.
И. С. дар сохаи илми чаррохи низ ихтироъхои зиёде ба миён овард. Чунончи вай тарзи бевосита ба чояш андохтани бозуи баромадаро пешниход кардааст, ки дар таърихи тиб бо номи усули И. С. машхур аст. Тарзи чаррохии саратон, ки дар «Ал-Конун фи-т-тиб» тасвир шудааст, ба усулхои табобати хозираи ин бемори хеле наздик аст: «Баъзан варами начандон калони саратонро бурида партофтан мумкин аст. Саратонро метавон танхо бо рохи пурра ва комилан буридани он нест кард: саратонеро, ки бофтахои узверо фаро гирифтааст, мебуранд ва хама рагхоеро, ки онро гизо медиханд, берун меоранд, то ягонтояш боки намонад… Вале катъи саратон аксаран боиси бадтар шудани холи бемор мешавад. Гохо баъди катъ дог кардан хам зарур мешавад, вале дог кардан аксаран хеле хатарнок аст, хусусан, агар саратон дар назди узвхои асоси (магзи сар, дил, чигар) чой гирифта бошад».
И. С. чун муолич (терапевт) усулхои набзшиноси, бавлшиноси, табшиноси ва г.-ро такмил дода, аломатхои болинии чандин беморихои даруни, асаби, рухиро анику сарех баён кард, дармони онхоро бештар аз руи тачрибахои худ таъин намуд.
Дар сохаи вабошиноси (эпидемиология) вай дар хусуси дар мухити беруна (об, хок, хаво ва г.) вучуд доштани мавчудоти ба чашми одди ноаёни касалиовар (яъне микробхо) фарзияе пешниход намуд ва гояи сироят кардани бисёр беморихоро равшан ифода намуд. Ин фарзияхои И. С.-ро пас аз хаштсад сол тачрибахои Л. Пастер, ки мавчудияти микробхоро кашф намуд, тасдик карданд. Хизматхои И. С. дар илмхои дорушиноси (фармакология), дорусози (фарматсия), муайян кардани хосияти давочот (фармакогнозия) низ кам нестанд. Дар «Ал-Конун-фи-т-тиб» 811 навъи дорухои гуногун тавсиф шудааст, ки 70 номгуи онхо холо хам дар амалияи тиб истифода мешавад. И. С. аввалин бор дар таърихи тиб доир ба давохои дарди дил бо номи «Адвияту-л-калбия» китоби махсус таълиф кард, ки дар он тавсифи 70 номгуи дорухо оварда шудааст. Дах номгуи ин дорухоро худи у ихтироъ карда, дар тиб чори кардааст.
Дар баробари ин бисёр дастурхои методологии И. С. хам то ба хол арзиши худро гум накардаанд. Гояхои табобати фардии беморон, дакиккорона санчидану тафтиш кардани дорухо ва ба таври фарди таъин кардани онхо (зеро хар бемор табиати хос дорад), робитаи мутакобилаи бемории узвхои чудогонаи бадани инсон ва холати физиологии тамоми организм, хангоми чаррохи ба хисоб гирифтани авзои бемор, кайфият ва холати рухию чисмонии вай аз хамин кабиланд. Хамаи ин далели он аст, ки И. С. олими бузурги эчодкор буд ва касоне, ки уро шорехи хушку холии Букрот (Гиппократ) ва Чолинус (Гален) тасвир кардаанд, ба хато рох доданд.
И. С. дар «Урчуза фи-т-тиб» хулосае аз «Ал-Конун фи-т-тиб»-ро дар 1326 байт овардааст. «Маколату фи ахкоми-л-адвияти-л-калбия» дар ду бахш танзим шудааст: бахши аввал ба физиология, вазоифу беморихои дил ихтисос дорад; дар бахши дуввум дорухое, ки барои танзими фаъолияти дил судманданд, ба тартиби хуруфи алифбо оварда шудаанд. Рисолахои «Маърифату-т-танаффус ва-н-набз», «Ал-Кулинч», «Ал-Куввоту-табиия» низ аз осори пизишкии И. С. мебошанд.
Китобхои маъруфи пизишкии И. С. наздик ба чорсад сол ягона рохнамои пизишкони Шарку Гарб будааст. И. С. худуди чихил сол бо хамаи машогили бисёр, ки аз табобат ва дарсу бахси сафар дошт, хамвора таълиф кардааст. Ва инак 456 китобу рисола ба номи у мансуб аст, ки бисёре аз онхо чоп шуда ва шарххои гуногун бар онхо навиштаанд.
Аз И. С. осори точикии бисёр муътабаре дар даст аст. Онхо собит мекунанд, ин марди бузург, ки дар радифи донишмандони машхури чахон карор дорад ва пахлу ба пахлуи Арасту, Афлотун, Сукрот ва Чолинус мезанад, ба хамон дарача, ки дар забони араби анчоми кудратро дошта, ба хамон дарача низ дар забоне, ки аз модари худ фаро гирифтааст, устод буд, гохе ба назм ва гохе ба наср адои максуд мекард, замоне мустакиман ба забони форси китоб менавишт ва замоне низ яке аз китобхо ва расоилеро, ки пеш аз он ба араби таълиф карда буд, худ ба форси тарчума мекард.
Бо даъвати Шурои Умумичахонии Сулх с. 1952 хазорсолагии зодрузи И. С. дар тамоми кишвархои олам аз руи гохшумории исломи тачлил гардид. Макбараи И. С. дар ш. Хамадон аз нав бунёд ёфт, конгрессхои байналмилалии бахшида ба И. С. дар Багдод (1952) ва Техрон (1954) баргузор гардиданд; даври 20-уми Конференсияи умумии ЮНЕСКО (1980) ба хазораи зодрузи И. С. аз руи гохшумории григори бахшида шуд. Дар ш. Душанбе ба хотири бузургдошти нобига нохия (Сино), майдон ва хиёбон, Чоизаи давлатии ЧТ дар сохаи илм ва техника, Китобхонаи илмии тиббии ЧТ, 2 рузнома («Сино» ва «Авитсенна») ба номи у нихода шудаанд. Дар майдони ба номи И. С. хайкали ин хакими фарзона комат афрохтааст. Пули арзишаш 20 сомонии Бонки Миллии Точикистонро тасвири И. С. зинат медихад. Донишгохи давлатии тиббии Точикистон низ номи И. С.-ро дорад (1952).

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …