Главная / Чамъият / Хусусиятхои андозбанди хангоми интиколи молхо тавассути сархади гумруки

Хусусиятхои андозбанди хангоми интиколи молхо тавассути сархади гумруки

Моддаи 171-и Кодекси Андоз. Хусусиятхои андозбанди хангоми интиколи молхо тавассути сархади гумрукии Чумхурии Точикистон

  1. Хангоми воридоти молхо ба каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон вобаста ба низоми гумрукии интихобшуда ва риояи шартхои он андозбанди тибки тартиби зайл сурат мегирад:

-хангоми тахти низоми гумрукии ичозат барои муомилоти озод карор додани молхо андоз дар хачми пурра пардохт мешавад;

-хангоми тахти низоми гумрукии воридоти такрори карор додани молхо андозсупоранда маблагхои андозхоеро, ки у аз пардохти онхо озод шуда буд ё вобаста ба содироти молхо мутобики Кодекси мазкур онхо ба у баргардонида шуда буданд, мувофики тартиби мукарраркардаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон мепардозад;

-хангоми тахти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилали, анбори гумруки, содироти такрори (реэкспорт), савдои бебоч, коркард тахти назорати гумруки, минтакаи озоди гумруки, анбори озод, нобудкуни ва даст кашидан аз молхо ба манфиати давлат, интиколи захирахо ва тахти низомхои гумрукии махсус карор додани молхо андоз супорида намешавад;

-хангоми дар каламрави гумруки тахти низоми гумрукии коркард карор додани молхои воридшуда, онхо мутобики конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон аз пардохти андозхо шартан пурра озод карда мешаванд;

-хангоми тахти низоми гумрукии воридоти муваккати карор додани молхо мувофики тартиби пешбининамудаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон озодкуни аз пардохти андоз пурра ё кисман анчом дода мешавад;

-хангоми ворид намудани махсулоти коркарди молхое, ки тахти низоми гумрукии коркард берун аз каламрави гумруки Чумхурии Точикистон карор доранд, мувофики тартиби пешбининамудаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон озодкуни аз пардохти андоз пурра ё кисман анчом дода мешавад;

-хангоми тахти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод карор додани молхо андоз аз арзиши гумрукии махсулоти коркард пардохт мешавад.

  1. Хангоми содироти молхо аз каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон андозбанди мувофики тартиби зерин амали мегардад:

-дар сурати тахти низоми гумрукии содирот берун аз каламрави Чумхурии Точикистон баровардани молхо андоз пардохт намешавад ё маблагхои пардохтшудаи андоз мувофики тартиби пешбининамудаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон ва Кодекси мазкур аз чониби макомоти андози Чумхурии Точикистон баргардонида (ба хисоб гирифта) мешавад. Тартиби мазкур инчунин нисбат ба баровардани молхо берун аз каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон мутобики низоми гумрукии содирот нисбат ба он молхое, ки дар лахзаи содирот тахти низоми гумрукии анбори гумруки, анбори озод ё минтакаи озоди гумруки карор доранд, истифода бурда мешавад;

-хангоми содироти молхои хоричии тахти низоми гумрукии содироти такрори (реэкспорт) карордодашуда маблаги андозхои хангоми воридот ба Чумхурии Точикистон пардохтшуда (бо сабаби гузаштани мухлати хатмии мувофики конунгузории гумрук муайяншудаи баровардани молхои хоричии тахти низоми содироти гумруки карордошта) мувофики тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон ба андозсупоранда баргардонида мешавад;

-хангоми содироти молхо аз каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон мутобики низомхои дигари гумруки дар мукоиса бо низомхои дар сархатхои якум ва дуюми хамин кисмпешбинигардидаозод кардан аз пардохти андоз ва (ё) баргардонидани маблагхои пардохтшудаи андоз анчом дода намешавад, агар конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

  1. Хангоми тавассути сархади гумруки Чумхурии Точикистон аз чониби шахсони вокеи интикол гардидани молхои барои фаъолияти истехсоли ё фаъолияти дигари сохибкори пешбининагардида метавонад тартиби соддакардашуда ё имтиёзноки пардохти андоз истифода гардад. Хамзамон арзиши молхои харидашудаи барои истифодаи шахси пешбинишуда набояд аз маблаги мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон зиёд бошад. Маблаги зиёдати мувофики тартиби умумии мукарраршуда (беимтиёз) тахти андозбанди карор мегирад. Нисбат ба чунин амалиёт татбик кардани низоми соддакардашуда ё имтиёзноки андозбанди мувофики тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  2. Андозсупоранда хангоми риоя накардани шартхои низоми гумрукии интихобкардааш дар холатхои пешбининамудаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон маблаги андоз, инчунин фоизхои ба ин маблаг хисобшударо мепардозад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб махкум …