Главная / Ҷамъият / Хусусиятҳои андозбандӣ ҳангоми интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумруки

Хусусиятҳои андозбандӣ ҳангоми интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумруки

Моддаи 171-и Кодекси Андоз. Хусусиятҳои андозбандӣ ҳангоми интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳангоми воридоти молҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба низоми гумрукии интихобшуда ва риояи шартҳои он андозбандӣ тибқи тартиби зайл сурат мегирад:

-ҳангоми таҳти низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод қарор додани молҳо андоз дар ҳаҷми пурра пардохт мешавад;

-ҳангоми таҳти низоми гумрукии воридоти такрорӣ қарор додани молҳо андозсупоранда маблағҳои андозҳоеро, ки ў аз пардохти онҳо озод шуда буд ё вобаста ба содироти молҳо мутобиқи Кодекси мазкур онҳо ба ў баргардонида шуда буданд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад;

-ҳангоми таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ, анбори гумрукӣ, содироти такрорӣ (реэкспорт), савдои бебоҷ, коркард таҳти назорати гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, нобудкунӣ ва даст кашидан аз молҳо ба манфиати давлат, интиқоли захираҳо ва таҳти низомҳои гумрукии махсус қарор додани молҳо андоз супорида намешавад;

-ҳангоми дар қаламрави гумрукӣ таҳти низоми гумрукии коркард қарор додани молҳои воридшуда, онҳо мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо шартан пурра озод карда мешаванд;

-ҳангоми таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани молҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунӣ аз пардохти андоз пурра ё қисман анҷом дода мешавад;

-ҳангоми ворид намудани маҳсулоти коркарди молҳое, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз қаламрави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунӣ аз пардохти андоз пурра ё қисман анҷом дода мешавад;

-ҳангоми таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод қарор додани молҳо андоз аз арзиши гумрукии маҳсулоти коркард пардохт мешавад.

  1. Ҳангоми содироти молҳо аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мувофиқи тартиби зерин амалӣ мегардад:

-дар сурати таҳти низоми гумрукии содирот берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани молҳо андоз пардохт намешавад ё маблағҳои пардохтшудаи андоз мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида (ба ҳисоб гирифта) мешавад. Тартиби мазкур инчунин нисбат ба баровардани молҳо берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи низоми гумрукии содирот нисбат ба он молҳое, ки дар лаҳзаи содирот таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод ё минтақаи озоди гумрукӣ қарор доранд, истифода бурда мешавад;

-ҳангоми содироти молҳои ҳориҷии таҳти низоми гумрукии содироти такрорӣ (реэкспорт) қарордодашуда маблағи андозҳои ҳангоми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда (бо сабаби гузаштани мўҳлати ҳатмии мувофиқи қонунгузории гумрук муайяншудаи баровардани молҳои ҳориҷии таҳти низоми содироти гумрукӣ қарордошта) мувофиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозсупоранда баргардонида мешавад;

-ҳангоми содироти молҳо аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи низомҳои дигари гумрукӣ дар муқоиса бо низомҳои дар сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисмпешбинигардидаозод кардан аз пардохти андоз ва (ё) баргардонидани маблағҳои пардохтшудаи андоз анҷом дода намешавад, агар қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

  1. Ҳангоми тавассути сарҳади гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол гардидани молҳои барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ пешбининагардида метавонад тартиби соддакардашуда ё имтиёзноки пардохти андоз истифода гардад. Ҳамзамон арзиши молҳои харидашудаи барои истифодаи шахсӣ пешбинишуда набояд аз маблағи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад. Маблағи зиёдатӣ мувофиқи тартиби умумии муқарраршуда (беимтиёз) таҳти андозбандӣ қарор мегирад. Нисбат ба чунин амалиёт татбиқ кардани низоми соддакардашуда ё имтиёзноки андозбандӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Андозсупоранда ҳангоми риоя накардани шартҳои низоми гумрукии интихобкардааш дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андоз, инчунин фоизҳои ба ин маблағ ҳисобшударо мепардозад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …