Главная / Гуногун / Хунарманди дар асри XVI

Хунарманди дар асри XVI

Истехсолоти хунарманди ва сифати махсулоти он дар давоми асри XVI ба холати пешинаи худ боки монд. Лашкаркаши ва тохтутози бешумор ба Хуросон барои ахоли бисёр гарон буд. Хусусан чангхои байнихуди, ки кариб ним аср давом кард, ахволи мардумро нихоят табох сохт. Заминхои кишт поймол, шахрхо тороч ва хирочу андозхо зиёд шуданд.

buxoro

Шахрхо дар хаёти сиёси, иктисоди ва мадании мамлакат накши калон бозидаанд. Махсусан шахрхои Самарканд, Бухоро, Тошканд, Фаргона, Хучанд, Хисор таракки карда буданд. Хунармандон дар шахрхо кам набуданд. Касбхои маъруф дар шахрхо бофандаги, кордгари, кулоли, охангари, бинокори, дузандаги, ошпази буданд. Махсусан, хунари устохои когазрези Самарканд маъруфу машхури мамлакатхои дигар гашта буд.

Дар таърихн касбу кссибии марду.ми Осиеи Миёна знёда аз 100 хунар ма ълуму машхур аст. Косибон устохонахои худро доштанд. Дар баъзе шахрхо косибони як сохаи хунарманди дар гузар ё махаллахои алохида истикомат мекарданд. Аз хамин сабаб баъзе гузархои шахр номи “гузари кордгарон”, “гузари собунгарон”, “гузари дегрезон”. “гузари мехчагарон”, ва амсоли инхоро гирифтааст.

Дар шахрхо бозорхо буданд. Дар шахрхои калон дар як хафта ду руз рузи бозор мешуд. Хунармандон маснуоти худро ба бозор низ мебароварданд. Косибоне буданд, ки дар устохонахо кироя кор мекарданд ва ба ивази корашон музд мегирифтанд. Аз косибон низ андоз ситонида мешуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …