Главная / Чамъият / Хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани моликияти муштараки зану шавхар

Хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани моликияти муштараки зану шавхар

Моддаи 35-и Кодекси оила. Хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани моликияти муштараки зану шавхар

 Хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавхар карор дорад, танхо бо розигии мутакобилаи онхо сурат мегирад. (КЧТ аз 26.12.11с. №791)

  1. Хангоми аз чониби зан ё шавхар анчом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умуми чунин тасаввур мешавад, ки у бо розигии хамсари худ амал мекунад.

Муомилоте, ки аз чониби яке аз хамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умуми анчом дода шудааст, аз чониби суд кисман бо сабаби мавчуд набудани розигии хамсари дигар  танхо хангоме, гайриконуни эътироф мегардад, ки агар яке аз онхо бо чунин талаб мурочиат намояд ва танхо дар  сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огох буд ё пешаки бояд  норози будани тарафи дигарро барои анчом додани чунин муомилот медонист.

  1. Барои ба анчом расонидани  муомилот вобаста ба ихтиёрдори кардани молу мулки гайриманкул ва муомилоте, ки мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун тасдик ё кайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тарики идораи наториалии давлати тасдикшудаи зан ё шавхар гирифта шавад. (КЧТ аз 26.12.11с. №791)

Хамсаре, ки  ризоияти дар идораи нотариалии давлати тасдикшудаи худро барои ичрои ахд  надодааст, хукук дорад  дар кисми молу мулки ба худаш таалук дошта дар моликияти умумии якчоя бекор кардани ахдро талаб намояд, ё хамсар хукук дорад ба андозаи хиссаи дар боло зикргардида аз маблаге, ки хамсараш аз фуруши молу мулки ба даст овардааст, дар  давоми се сол аз рузи огох шудан аз чунин муомилот  ё мебоист  аз ичрои чунинмуомилот ё пардохти пули онро талаб намояд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …