Главная / Чамъият / Хукуки байналмилали нисбат ба андозбандии суди сахмияхо, фоизхо, роялти

Хукуки байналмилали нисбат ба андозбандии суди сахмияхо, фоизхо, роялти

Моддаи 135-и Кодекси Андоз. Тартиби татбики санади хукукии байналмилали нисбат ба андозбандии суди сахмияхо, фоизхо, роялти

  1. Агенти андоз хукук дорад дар лахзаи пардохти даромад ба гайрирезидент дар шакли суди сахмияхо, фоизхо, роялти мукаррароти санади хукукии байналмилалии дахлдорро бе пешниходи ариза аз чониби гайрирезидент чихати татбики мукаррароти санади хукукии байналмилали дар асоси хуччати тасдиккунандаи резиденти татбик намояд, агар чунин гайрирезидент гирандаи охирини даромад буда, барои татбики мукаррароти санади хукукии байналмилали хукук дошта бошад.
  2. Агенти андоз ухдадор аст дар хисоби андоз дар манбаи пардохт, ки ба макомоти андоз пешниход мешавад, маблаги даромади супоридашуда (хисобшуда) ва (ё) андозхои мутобики мукаррароти санади хукукии байналмилали ситонидашуда, меъёрхои андоз, номи санади хукукии байналмилали ва иттилоотро аз хуччати тасдиккунандаи резидентии гайрирезидент дарч намояд.
  3. Дар сурати татбики гайриконунии мукаррароти санади хукукии байналмилали, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба бучет гардидааст, агенти андоз мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …