Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялти

Ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялти

Моддаи 135-и Кодекси Андоз. Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялти

  1. Агенти андоз ҳуқуқ дорад дар лаҳзаи пардохти даромад ба ғайрирезидент дар шакли суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялти муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалии дахлдорро бе пешниҳоди ариза аз ҷониби ғайрирезидент ҷиҳати татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ татбиқ намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи охирини даромад буда, барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ ҳуқуқ дошта бошад.
  2. Агенти андоз ўҳдадор аст дар ҳисоби андоз дар манбаи пардохт, ки ба мақомоти андоз пешниҳод мешавад, маблағи даромади супоридашуда (ҳисобшуда) ва (ё) андозҳои мутобиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ ситонидашуда, меъёрҳои андоз, номи санади ҳуқуқии байналмилалӣ ва иттилоотро аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии ғайрирезидент дарҷ намояд.
  3. Дар сурати татбиқи ғайриқонунии муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, агенти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …