Хокимеро хикоят кунанд, ки хезуми дарвешон хариди ба хайру тавонгаронро доди ба тарх. Сохибдиле бар у гузар карду гуфт:
«Мохи ту, ки хар киро бубини, бизани,
Ё бум, ки хар кучо нишини, бикани.
***
Зурат ар беш меравад бо мо,
Бо худованди гайбдон наравад.
Зурманди макун бар ахли замин,
То дуое бар осмон наравад».
Хоким аз гуфтани у биранчид ва руй аз насихати у дархам кашид ва бар у илтифот накард, то шабе оташи матбах дар анбори хезумаш афтод ва соири амволаш бисухт ва аз бистари нармаш ба хокистари гарм нишонд. Иттифокан хамон шахс бар у бигузашт ва дидаш, ки бо ёрон хаме гуфт:
– Надонам, ин оташ аз кучо дар сарои ман афтод?
Гуфт:
– Аз дуди дили дарвешон.
Хазар кун зи дуди дарунхои реш,
Ки реши дарун окибат сар кунад.
Ба хам бармакун, то тавони, диле,
Ки охе чахоне ба хам баркунад.