Главная / Биология / Харакати растанихо

Харакати растанихо

Агарчанде растанихо дар як чой мукимй сабзанд хам, вале вобаста ба таъсири омилхои мухити беруна ва гайрахо дар раванди рушду инкишофашон харакатхои гуногуни узвхои руизамини ва зерихокии онхоро мушохида кардан мумкин аст. Кисми зиёди харакати растани — сабзиши мебошад. Дар натичаи сабзиши появу навдахо растанихо ботадрич ба тарафхои гуногун сабзида, дар фазо мавкеи муайянеро ишгол мекунанд.

semishka

Ба чуз харакатхои нисбатан сусту ботадрич, боз харакатхои нисбатан босуръати узвхои алохидаи растанихо, вобаста ба омили таъсиркунанда, маъмуланд. Масалан, баргу пояи бисёр растанихо (анчибар, настурсия (лодан), гул ё тудагул (масалан, тудагули (сабадаки) офтобпараст) ба тарафи равшани фаъолона харакат карда, месабзанд.

Маълум мешавад, ки чунин харакат ё майли боавчи растанихо ба ин ё он чониб одатан ба сабзиши нобаробари думчахои барг ё гулпоя во- баста мебошад. Зеро хучайрахои тарафи нисбатан торики думчаи барг ё гулпоя босуръат таксим шуда, калон мешаванд (нисбат ба хучайрахои тарафи равшани онхо). Дар натича тарафи торики дум- чаи барг ё гулпоя нисбат ба тарафи равшани онхо дарозтар шуда, хамшави ба тарафи равшани руй медихад.

Инчунин, дар растанихои буттагию дарахти хотамбандии барг мушохида карда мешавад . Туфайли ин ходиса баргхо дар навда тавре чойгир мешаванд, ки равшани ба аксари онхо дастрас бошад.

Ба чунин сабзиши нобаробари хучайрахои растани, ки боиси харакат ё руйгардонии ин ё он узви онхо мегардад, ба чуз равшани боз дигар омилхои чунин таъсирдошта (харорат, нами, моддахои маъдании тарки- би хок ва гайрахо) сабаб мешаванд. Маса- лан, решахои чавон ба тарафи сернам ё ба самте, ки намакхои маъданиаш зиёд аст, саб- зида харакат мекунанд.

Бо таъсироти тагйи- ротхои шабонарузии равшани ва харорати хаво гул ё тудагули растанихо дар соатхои муайяни шабонарузи кушода ва ё пушида мешаванд. Дар намудхои гуногуни растанихо кушодашавии гул ё тудагули онхо дар соатхои гуногуни руз сурат мегирад. Чунин тагйирёбии холати гул (кушодашавй ё пушидашавии он) дар акса- ри мавридхо ба сабзиши нобаробари тарафхои (дохили ва беру- нии) косабаргу гулбарг вобаста аст. Ин хусусияти растанихои гул- дорро ба инобат гирифта (дар соатхои муайяни руз кушода ё пушидашавии гули растанихои гуногунро), вактро аник кардан мумкин аст. Ё бо таври дигар, онхоро чун “соатхои биологй” ис- тифода бурдан мумкин аст. Барои ин дар майдончаи мактаб рас- танихои дар соатхои гуногуни руз гулашон кушодашавандаро гирд оварда, бо тартиби муайян парвариш кардан лозим аст.

ras

Харакати сабзишии растанихо чи тавр сурат мегирад?Инчунин, дар растанихо харакати босуръати (тези) баъзе узвхо маълуманд, ки ба сабзиши он узвхо алокаманд нестанд. Ин хели харакатхо ба нихоят тез тагйир ёфтани микдори об дар узвхои дахл- дор вобаста аст. Масалан, бо суръати тез (карсосзанон) кушода- шавии гилофакмевахо ё ин ки баробари даст расондан ба мимозаи шармгин баргхояш бо суръати тез ба поён кашол мешаванд МЮ .

  1. Кадом сабабхо боиси харакати узвхои гуногуни растанихо мегарданд?
  2. Ба чуз равшани боз кадом омилхои дигар боиси харакати растанихо мегарданд?
  3. “Соатхои биологи” ба чи асос ёфтаанд?
  4. Кадом харакатхои гайрисабзишии растанихоро медонед?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …