Главная / Илм / ХУЛБА дар Канзи Шифо (Китоб)

ХУЛБА дар Канзи Шифо (Китоб)

xelba_shanbalila-660x330Хулба (Шанбалила) — ин растании бустони аст, кадаш вобаста ба шароити замин то 65 сантиметр мехезад. Баргаш чун барги юнучка, вале каме дарозтар аз он. Тухмаш сурхи моил ба зарди, чоргушаи пахн, аз наск майдатар ва чун тухми турб дар гилоф мебошад. Баъди хушк шудан буйи латиф ва форами атри аз он шамида мешавад. Баргхояш хам баъди хушк шудан муаттар мегарданд. Таъмаш моил ба талхи. Онро зироат мекунанд ва номи точикиаш шанбалила аст. Ба руси номашро «Хельба» мегуянд.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: баргашро бихуранд, моддахои бегонаро дар дохили бадан мепазонад ва барои хорич шудан мухайё месозад; дарунро мулоим мекунад, моддахои шахшуда ва варамхои дохилиро тахлил медихад, пешоб ва хайзро равон менамояд, барои беморихои аз хунуки сарзада ва чакмезак даво мешавад; суулкиняро, ки сусти ва заифии чигар аст, ба ибро меоварад, истискоро шифо мебахшад: сурфаеро, ки сабабаш сарди бошад, таскин медихад; варами сипурз, дардхои камар, чигар ва бачадонро дафъ мекунад, сардии хичак ва чакмезакро ба ислох меоварад.

Барги онро куфта гузошта банданд, муйро мустахкам мекунад. Тухмашро куфта бихуранд, дарунро мулоим мегардонад; моддахои зарарнокро пазонида, ба хорич шудан тайёр месозад; куввати пушти камарро меафзояд, хайзро равон мекунад, шушро кувват мебахшад.

Ин тухмашро дар об чушонида, он обро бо асал биёшоманд, исхол меоварад, моддахои нодаркори дар узвхои даруни сина бандшударо дафъ мекунад, сурфаро сокин месозад, дамкутахиро шифо мебахшад, душвории нафасро ислох мекунад, бавосир ва варамхои ботиниро дафъ менамояд, бодхоро мешиканад, балгами часпакро аз даруни сина хорич месозад, рудахоро пок мегардонад.

Тухмашро дар об чуш дода, он обро соф намуда, бо асал кивом карда, бо оби сунбул биёшоманд, барои зик-ун-нафас дору мешавад, овозро мекушояд, решахои, узвхои даруни сина ва дарди кухнаи ин аъзоро ба ибро меоварад. Тухми хулбаро давомнок бихуранд, дарунро меронад ва ахлоти бадфиолро дафъ мекунад. Тухмашро дар об чушонида, он обро бинушанд, зоиданро осон мекунад, пешоб ва хайзро равон мегардонад. Агар инро куфта, бо орди гандум, шакар ва асал сиришта бихуранд, баданро фарбех мекунад ва холи бади гурдаро ислох менамояд. Инро дар об чуш дода, он обро бо 17,5 грамм руян бихуранд, буйи саргинро хуш ва дарунро мулоим мекунад, сустии узвхоро ба ислох меоварад, устухонхои шикастаро ба хамдигар мечаспонад, хайзро равон месозад, вале буйи араки бадан ва пешобро нохуш мекунад.

Агар инро куфта гузошта банданд, варамхои сахти зохири ва дохилиро тахлил медихад; захмхои тар ва хушки ширинчаро шифо мебахшад; сабусаки сар, догхои кунчидак, сухтагии оташ, аз сарди кафидани пусти бадан, качии нохун, варами сипурз ва бачадонро ба ибро меоварад, намегузорад, ки муйи сар бирезад ва догхои пусти баданро дафъ мекунад.

xelba_01
Тухми Хулба дар сурат-расм

Тухми хулбаро чун орд махин куфта, бо танакори сурх даромехта гузошта банданд, сипурзро ба дарачае тахлил медихад, ки ёфтани он амри мухол мегардад — ин хуб аст, ки аломати покии сипурз мебошад; орди онро бо анчир хамир карда гузошта банданд, пучак ва чиртакро мекафонад; инро бо орди чав, равгани гули сурх ва сирко хамир карда гузошта банданд, варамхои гармро мегардонад ва агар бо асал хамир карда гузошта банданд, варамхои хунукро тахлил медихад. Агар куфтаи тухми ин растаниро бо об хамир карда бимоланд, ранги руйро тару тоза мегардонад. Инро як шабонаруз дар об тар карда, он обро дар чашм чаконанд, обрави, шилпуки ва нуктахои хунини сурхи чашмро дафъ мегардонад ва бокимондаи варами чашмро тахлил медихад.

Хулбаро дар об чушонида, занхо дар вакти наздик омадани таваллуд кардан дар се об то ноф даромада нишинанд, зоиданро осон мекунад, хамрохаки (ёраки) тифлро зуд меафтонад, бачадонро пок менамояд. Тухми хулбаро куфта, бо равгани гоз сиришта, занхо аз таг бардоранд, сахтии бачадонро, ки дар тибби хозира ноболигии бачадон меноманд, шифо мебахшад ва дахани онро кушода, барои хомила шудан тайёр мегардонад.

Гиёхи хулбаро дар об чуш дода, бо он об сарро бишуянд, муйро сара мегардонад, решахои сар ва сабусаки сарро дафъ мекунад. Хулбаро ба дарун аз хад зиёд истеъмол намоянд, дарди сар медихад, дилро бечо (бехузур) мекунад, ба хояхо низ зарар мерасонад. Дар ин мавридхо сиканчабини турш истеъмол кардан даркор аст, ки ислохи зарар бахшад ё анори майхуш (туршу ширин) бимаканд.

Бояд огох кунем, ки одамони гарммизоч хулбаро ба дарун факат хамрохи косни бояд истифода баранд. Ва агар баргашро дар об чушонида он обро истеъмол кардани бошанд, хатман бояд бо барги исфанох ё бо барги чилмангуштак (семизут) бихуранд. Аз тухми хулба равган кашидан хам мумкин аст. Хох руйи об барояд ва ё аз куфтаи он ба воситаи фишурдан равгани онро биситонанд.

Мизочи равгани хулба гарм аст ва таъми тунд дорад. Истеъмоли ин варам ва моддахои гафсро дар даруни бадан тахлил медихад, сахтихоро дар узвхо мулоим мегардонад, дубайла (куряра)-ро мепазонад; барои банд кардани исхол ва дафъ намудани сабусаки сар, ки аз мурдор щудани хун ба зухур пайваста бошад, дору мешавад. Ва инро бимоланд, захмхои рухсораро пок мегардонад. Ин равганро бо муми занбури асал даромехта бимоланд, кафидани пустро сихат мекунад; ва агар бо куфтаи тухми харбуза даромехта бимоланд, башара, яъне пусти баданро аз хар гуна догхо пок месозад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …