Главная / Гуногун / ХОТИРАИ КОМПЮТЕР

ХОТИРАИ КОМПЮТЕР

Хотираи компютер пас аз микропротсессор элементи дуюми асоси хисобида мешавад. Вазифаи асосии хотира аз нигох доштани информатсия иборат аст. Компютер якчанд намуди хотираро дорад. Хотираи асоси, ки ягон компютер бе он кор карда наметавонад, дар шакли микросхема (чип) сохта шудааст. Хотираи асосиро ба хотирахои фаври ва доими таксим мекунанд. Ба гайр аз хотираи асоси (дохили, зудамалкунанда), компютер боз хотирахои беруни (сустамалкунанда) дорад. Хотирахои берунии компютер дар шакли дискхои магнити ва оптики, дискетхо, CDROM ва лентахои магнити сохта мешаванд. Ин намуд хотирахо барои дуру дароз нигох доштан ва аз як компютер ба дигар компютер кучонидани информатсия хизмат мерасонанд.

xotirai-komputerВохиди ченаки бахисобгирии информатсияро бит (bit –binary digit – раками дуи) мегуянд, ки кимати он ба 0 ё 1 ба- робар аст. Компютер асосан на бо бит, балки якбора бо 8 бит кор мекунад. Пайдарпайии 8 битро байт (byte) мегуянд. Дар як байт метавон яке аз 256 символро (28=256) кодгузори кард. Масалан, коди адади 5 ба 00000101 ва коди харфи лотинии L ба 01001100 баробар аст. Барои хамин хам, гунчоиши хотираи компютер низ бо байтхо чен карда мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки як байт ба як символи матни баробар аст. Азбаски байт хам ченаки нисбатан хурд аст, бинобар он барои ба хачми хотираи компютер бахо додан аз ченакхои калонтари байналмиллали истифода мебаранд:

  1. 1 Килобайт (Кбайт) = 1024 байт = 210 байт;
  2. 1 Мегабайт (Мбайт) = 1024 Кбайт = 220 байт;
  3. 1 Гигабайт (Гбайт) = 1024 Мбайт = 230 байт.

Хотираи фаврии компютер хотираест, ки доимо бевосита бо микропротсессор сару кор дорад. Микропротсессор программахо ва маълумотхои заруриро аз хотираи фаври гирифта, онхоро кор карда мебарояд ва натичахои хосилшударо боз ба он равон месозад. Унвони «фаври» ги рифтани ин хотира бехуда нест. Суръати кори ин хотира

бенихоят баланд буда, хангоми хондан ва сабти информатсия протсессор интизори намекашад. Вале хамин ки компютер хомуш карда шуд, хамаи информатсияи дар он махфузбуда нобуд мегардад. Хотираи фавриро бо калимаи RAM (Кandom access memoкyхотирае, ки хамеша дастрас аст) ишорат мекунанд.

Программахое, ки дар компютер истифода бурда мешаванд, бевосита аз хачми хотираи фаврии он (RAM) вобастаанд. Хангоми хурд будани хачми RAM, кисми зиёди программахо ё умуман кор карда наметавонанд ё хеле суст кор мекунанд. Масалан, агар хачми RAM то 1 Мбайт бошад, он гох дар чунин компютер танхо бо программахое

кор кардан мумкин аст, ки онхо барои мухити системаи оператсионии MS DOS сохта шудаанд. Барои дар мухити системаи оператсионии Windows кор кардан, бояд хачми

RAM акаллан ба 8 Мбайт баробар бошад. Агар он ба 16 Мбайт ва зиёдтар баробар мебуд, он гох дар Windows хеле хуб кор кардан мумкин буд. Барои дар сервери шабакахои локали, бо информатсияи графики, бо видеофилмхо ва гайрахо кор кардан, хотираи 32128 Мбайт ва зиёдтар лозим аст.

Барои аз хотираи фаври боз хам тезтар дастрас намудани информатсия дар баъзе компютерхо хотираи махсуси бенихоят зудамале истифода бурда мешавад, ки онро кеш

хотира мегуянд. Кешхотира дар байни микропротсессор ва хотираи фаври чойгир шуда, нусхаи баъзе участкахои RAM-ро дар худ нигох медорад. Микропротсессор пеш аз

он ки информатсияро аз хотираи фаври кобад, аввал онро дар кешхотира чустучу менамояд. Бо хамин усул вакти миёнаи дастраскунии информатсия хеле кутох мегардад.

Барои компютерхои дар асоси микропротсессори Intel80386 DX ва Intel80486 SX коркунанда хачми кешхотира ба 64128 Кбайт баробар аст. Компютерхои Intel-80486 DX, DX2, DX4 ва Pentium бо кешхотирахои 256 Кбайт мучаххаз гардонида шудаанд. Барои компютерхои дар базаи микро- протсессори Pentium коркунанда ва RAM 32 Мбайт кешхотираашон бояд аз 512 Кбайт кам набошад.

Дар компютерхои IBM PC хамчунин хотираи доими мавчуд аст, ки дар он хангоми сохтани компютер баъзе информатсияи заруртарини системави сабт карда шудааст.

Информатсияи дар ин хотира сабтшударо бо ягон рох тагйир додан мумкин нест, вале онро хондан мумкин аст. Хотираи доимиро бо калимаи ROM (read only memory хотира танхо барои хондани информатсия) ишорат мекунанд.

Дар ROM асосан программахои хизматрасонандаи санчишии тарзи кори кисмхои компютер (тестгузаронхо), бакордароварандаи системаи оператсиони ва ичрокунандагони функсияхои асосии амалиёти дохилкунихоричкунии информатсия нигох дошта мешаванд. Дар аксарият мавридхо мундаричаи ROMро BIOS (БИОС) мегуянд: BIOS Basic InputOutput SystemСистемаи база-вии дохилкунихоричкуни.

Ба гайр аз RAM ва ROM дар IBM PC хотираи начандон калоне мавчуд аст, ки он барои нигохдории параметрхои конфигуратсияи компютер хизмат мерасонад. Ин хотира нимдоими буда, онро баъзан хамчун CMOS-хотира ном мебаранд. CMOS ном гирифтани ин хотира ба он вобаста аст, ки он аз руи технологияи СMOS (Complementaкy mataloxide semiconductoк) сохта шуда, кобилияти истеъмоли энергияи шиддаташ хеле пастро дорад. Азбаски CMOS– хотира бо аккумулятори махсус мучаххаз гардонида шудааст, бинобар он информатсияи дар он махфузбуда хангоми хомушкунии компютер тагйир намеёбад.

Барои тагйир додани параметрхои конфигуратсияи компютер дар BIOS программаи махсуси танзимкунии конфигуратсия SETUP мавчуд аст. Аз аккумулятори CMOS– хотира соати компютери низ бо кувваи барк таъмин карда мешавад. Намуди дигари хотира, ки дар IBM PC истифода бурда мешавад, видеохотира ном дорад. Ин хотира барои нигохдории тасвири информатсияи ба экранбароваранда истифода карда мешавад. Видеохотира одатан ба хайати видеоконтроллёр дохил мешавад. Видеоконтроллёр схе-маи электронист, ки барои дар экрани монитор хорич намудани тасвири информатсияи аз RAM гирифташуда хизмат мерасонад.

Саволхо:

  1. Вазифахои асосии хотираи компютер аз чи иборат аст?
  2. Вохидхои гунчоиши хотираи компютер кадомхоянд?
  3. Кадом намудхои хотираи компютерро медонед?
  4. Барои дар мухити системаи оператсионии MS DOS кор кардан, хачми хотираи компютер бояд чи кадар бошад? Дар MS Windows чи?
  5. Хотираи фаври аз дигар хотирахо бо кадом хосиятхояш фарк мекунад?
  6. RAM, ROM, Кешхотира ва CMOS-хотира гуфта кадом хотирахои компютерро дар назар доранд?
  7. Видеохотира барои чи хизмат мерасонад?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Номи хотирахои компютерро дар шакли таблитса биёред ва вазифаю характеристикахои онхоро номбар кунед.
  3. Мафхумхои бит, байт, Кбайт, Мбайт ва Гбайтро маънидод кунед ва бузургихои 125 Кбайт, 247 Мбайт, 369 млн байт, 872 Гбайт ва 613 млрд битро ба ченакхои дигар баргардонед.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …