Главная / Гуногун / ХОТИРАИ КОМПЮТЕР

ХОТИРАИ КОМПЮТЕР

Хотираи компютер пас аз микропротсессор элементи дуюми асосӣ ҳисобида мешавад. Вазифаи асосии хотира аз нигоҳ доштани информатсия иборат аст. Компютер якчанд намуди хотираро дорад. Хотираи асосӣ, ки ягон компютер бе он кор карда наметавонад, дар шакли микросхема (чип) сохта шудааст. Хотираи асосиро ба хотираҳои фаврӣ ва доимӣ тақсим мекунанд. Ба ғайр аз хотираи асосӣ (дохилӣ, зудамалкунанда), компютер боз хотираҳои берунӣ (сустамалкунанда) дорад. Хотираҳои берунии компютер дар шакли дискҳои магнитӣ ва оптикӣ, дискетҳо, CDROM ва лентаҳои магнитӣ сохта мешаванд. Ин намуд хотираҳо барои дуру дароз нигоҳ доштан ва аз як компютер ба дигар компютер кўчонидани информатсия хизмат мерасонанд.

xotirai-komputerВоҳиди ченаки баҳисобгирии информатсияро бит (bit –binary digit – рақами дуӣ) мегўянд, ки қимати он ба 0 ё 1 ба- робар аст. Компютер асосан на бо бит, балки якбора бо 8 бит кор мекунад. Пайдарпайии 8 битро байт (byte) мегўянд. Дар як байт метавон яке аз 256 символро (28=256) кодгузорӣ кард. Масалан, коди адади 5 ба 00000101 ва коди ҳарфи лотинии L ба 01001100 баробар аст. Барои ҳамин ҳам, ғунҷоиши хотираи компютер низ бо байтҳо чен карда мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки як байт ба як символи матнӣ баробар аст. Азбаски байт ҳам ченаки нисбатан хурд аст, бинобар он барои ба ҳаҷми хотираи компютер баҳо додан аз ченакҳои калонтари байналмиллалӣ истифода мебаранд:

  1. 1 Килобайт (Кбайт) = 1024 байт = 210 байт;
  2. 1 Мегабайт (Мбайт) = 1024 Кбайт = 220 байт;
  3. 1 Гигабайт (Гбайт) = 1024 Мбайт = 230 байт.

Хотираи фаврии компютер хотираест, ки доимо бевосита бо микропротсессор сару кор дорад. Микропротсессор программаҳо ва маълумотҳои заруриро аз хотираи фаврӣ гирифта, онҳоро кор карда мебарояд ва натиҷаҳои ҳосилшударо боз ба он равон месозад. Унвони «фаврӣ» ги рифтани ин хотира беҳуда нест. Суръати кори ин хотира

бениҳоят баланд буда, ҳангоми хондан ва сабти информатсия протсессор интизорӣ намекашад. Вале ҳамин ки компютер хомўш карда шуд, ҳамаи информатсияи дар он маҳфузбуда нобуд мегардад. Хотираи фавриро бо калимаи RAM (Қandom access memoқyхотирае, ки ҳамеша дастрас аст) ишорат мекунанд.

Программаҳое, ки дар компютер истифода бурда мешаванд, бевосита аз ҳаҷми хотираи фаврии он (RAM) вобастаанд. Ҳангоми хурд будани ҳаҷми RAM, қисми зиёди программаҳо ё умуман кор карда наметавонанд ё хеле суст кор мекунанд. Масалан, агар ҳаҷми RAM то 1 Мбайт бошад, он гоҳ дар чунин компютер танҳо бо программаҳое

кор кардан мумкин аст, ки онҳо барои муҳити системаи оператсионии MS DOS сохта шудаанд. Барои дар муҳити системаи оператсионии Windows кор кардан, бояд ҳаҷми

RAM ақаллан ба 8 Мбайт баробар бошад. Агар он ба 16 Мбайт ва зиёдтар баробар мебуд, он гоҳ дар Windows хеле хуб кор кардан мумкин буд. Барои дар сервери шабакаҳои локалӣ, бо информатсияи графикӣ, бо видеофилмҳо ва ғайраҳо кор кардан, хотираи 32128 Мбайт ва зиёдтар лозим аст.

Барои аз хотираи фаврӣ боз ҳам тезтар дастрас намудани информатсия дар баъзе компютерҳо хотираи махсуси бениҳоят зудамале истифода бурда мешавад, ки онро кеш

хотира мегўянд. Кешхотира дар байни микропротсессор ва хотираи фаврӣ ҷойгир шуда, нусхаи баъзе участкаҳои RAM-ро дар худ нигоҳ медорад. Микропротсессор пеш аз

он ки информатсияро аз хотираи фаврӣ кобад, аввал онро дар кешхотира ҷўстуҷў менамояд. Бо ҳамин усул вақти миёнаи дастраскунии информатсия хеле кўтоҳ мегардад.

Барои компютерҳои дар асоси микропротсессори Intel80386 DX ва Intel80486 SX коркунанда ҳаҷми кешхотира ба 64128 Кбайт баробар аст. Компютерҳои Intel-80486 DX, DX2, DX4 ва Pentium бо кешхотираҳои 256 Кбайт муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Барои компютерҳои дар базаи микро- протсессори Pentium коркунанда ва RAM 32 Мбайт кешхотираашон бояд аз 512 Кбайт кам набошад.

Дар компютерҳои IBM PC ҳамчунин хотираи доимӣ мавҷуд аст, ки дар он ҳангоми сохтани компютер баъзе информатсияи заруртарини системавӣ сабт карда шудааст.

Информатсияи дар ин хотира сабтшударо бо ягон роҳ тағйир додан мумкин нест, вале онро хондан мумкин аст. Хотираи доимиро бо калимаи ROM (read only memory хотира танҳо барои хондани информатсия) ишорат мекунанд.

Дар ROM асосан программаҳои хизматрасонандаи санҷишии тарзи кори қисмҳои компютер (тестгузаронҳо), бакордароварандаи системаи оператсионӣ ва иҷрокунандагони функсияҳои асосии амалиёти дохилкунӣхориҷкунии информатсия нигоҳ дошта мешаванд. Дар аксарият мавридҳо мундариҷаи ROMро BIOS (БИОС) мегўянд: BIOS Basic InputOutput SystemСистемаи база-вии дохилкунӣхориҷкунӣ.

Ба ғайр аз RAM ва ROM дар IBM PC хотираи начандон калоне мавҷуд аст, ки он барои нигоҳдории параметрҳои конфигуратсияи компютер хизмат мерасонад. Ин хотира нимдоимӣ буда, онро баъзан ҳамчун CMOS-хотира ном мебаранд. CMOS ном гирифтани ин хотира ба он вобаста аст, ки он аз рўи технологияи СMOS (Complementaқy mataloxide semiconductoқ) сохта шуда, қобилияти истеъмоли энергияи шиддаташ хеле пастро дорад. Азбаски CMOS– хотира бо аккумулятори махсус муҷаҳҳаз гардонида шудааст, бинобар он информатсияи дар он маҳфузбуда ҳангоми хомўшкунии компютер тағйир намеёбад.

Барои тағйир додани параметрҳои конфигуратсияи компютер дар BIOS программаи махсуси танзимкунии конфигуратсия SETUP мавҷуд аст. Аз аккумулятори CMOS– хотира соати компютерӣ низ бо қувваи барқ таъмин карда мешавад. Намуди дигари хотира, ки дар IBM PC истифода бурда мешавад, видеохотира ном дорад. Ин хотира барои нигоҳдории тасвири информатсияи ба экранбароваранда истифода карда мешавад. Видеохотира одатан ба ҳайати видеоконтроллёр дохил мешавад. Видеоконтроллёр схе-маи электронист, ки барои дар экрани монитор хориҷ намудани тасвири информатсияи аз RAM гирифташуда хизмат мерасонад.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои асосии хотираи компютер аз чӣ иборат аст?
  2. Воҳидҳои ғунҷоиши хотираи компютер кадомҳоянд?
  3. Кадом намудҳои хотираи компютерро медонед?
  4. Барои дар муҳити системаи оператсионии MS DOS кор кардан, ҳаҷми хотираи компютер бояд чӣ қадар бошад? Дар MS Windows чӣ?
  5. Хотираи фаврӣ аз дигар хотираҳо бо кадом хосиятҳояш фарқ мекунад?
  6. RAM, ROM, Кешхотира ва CMOS-хотира гуфта кадом хотираҳои компютерро дар назар доранд?
  7. Видеохотира барои чӣ хизмат мерасонад?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Номи хотираҳои компютерро дар шакли таблитса биёред ва вазифаю характеристикаҳои онҳоро номбар кунед.
  3. Мафҳумҳои бит, байт, Кбайт, Мбайт ва Гбайтро маънидод кунед ва бузургиҳои 125 Кбайт, 247 Мбайт, 369 млн байт, 872 Гбайт ва 613 млрд битро ба ченакҳои дигар баргардонед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …