Главная / Гуногун / ХОДИСАХОИ ТАБИИ

ХОДИСАХОИ ТАБИИ

Хамаи дигаргунихои дар мухити зисти мо ба вучудояндаро ходисахои табии меноманд. Онхо хамеша дар натичаи кадом як сабаб ба вучуд меоянд. Тагйирёбии таркиби чинсу моддахо, табдил ёфтани як модда ба моддаи дигар ходисаи кимиёви номида мешавад.

Оташ гирифтани сузишворй, занг зада­ни меххои оханй ва гайра намунаи ходисахои кимиёвй ба шумор мераванд.

hodisaho

Агар таркиби чисмхо ва моддахо дар чараёни ходиса тагйир наёбанд, пас онро ходисаи физики меноманд. Васеъ шудани ашё хангоми гарм кар­дан, пайдо шудани соя, харакати ашё, гарм шуда­ни нокил хангоми интикол ёфтани чараёни барк ва гайра намунаи ходисахои физики мебошанд.

Дар мачмуъ мо он ходисахоро мехоникй, баркй, магнити, рушной меномем. Ходисае, ки бо чисмхои табиати зинда, ки кобилияти мубодила кардан бо мухити зистро доранд, нашъунамо карда, афзоиш ёфтанро доранд, ходисахои биологи номида мешаванд.

Нашъунамо ёфтани растанихо, хаёти хайвонот, афзоиш ва рушди онхо ва гайра мисоли ходисахои биологи шуда метавонанд.

Дар синфхои болои мо таври амиктар ходисахои зикршуда ва илмхо дар бораи табиатро: биология, кимиё, физика, география барраси хохем кард. Дар параграфхои оянда мо таври кутох дар бораи баъзе аз онхо таваккуф хохем кард.

Дар асоси таъсири мутакобилаи ходисахои физики, кимиёви, биологи ва астрономй ходисахои чугрофи метавонанд пайдо шаванд.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

urolog

Урологи бехтарин аз Хиндустон октябри 2021 ба Точикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муоличаи беморихои уролочи бе чарохи тарики дастгоххои эндоскопи ва лазери аз …