Главная / Гуногун / ҲОДИСАҲОИ ТАБИӢ

ҲОДИСАҲОИ ТАБИӢ

Ҳамаи дигаргуниҳои дар муҳити зисти мо ба вуҷудояндаро ҳодисаҳои табиӣ меноманд. Онҳо ҳамеша дар натиҷаи кадом як сабаб ба вуҷуд меоянд. Тағйирёбии таркиби ҷинсу моддаҳо, табдил ёфтани як модда ба моддаи дигар ҳодисаи кимиёвӣ номида мешавад.

Оташ гирифтани сӯзишворй, занг зада­ни мехҳои оҳанй ва ғайра намунаи ҳодисаҳои кимиёвй ба шумор мераванд.

hodisaho

Агар таркиби ҷисмҳо ва моддаҳо дар ҷараёни ҳодиса тағйир наёбанд, пас онро ҳодисаи физикӣ меноманд. Васеъ шудани ашё ҳангоми гарм кар­дан, пайдо шудани соя, ҳаракати ашё, гарм шуда­ни ноқил ҳангоми интиқол ёфтани ҷараёни барқ ва ғайра намунаи ҳодисаҳои физикӣ мебошанд.

Дар маҷмуъ мо он ҳодисаҳоро мехоникй, барқй, магнитӣ, рӯшной меномем. Ҳодисае, ки бо ҷисмҳои табиати зинда, ки қобилияти мубодила кардан бо муҳити зистро доранд, нашъунамо карда, афзоиш ёфтанро доранд, ҳодисаҳои биологӣ номида мешаванд.

Нашъунамо ёфтани растаниҳо, ҳаёти ҳайвонот, афзоиш ва рушди онҳо ва ғайра мисоли ҳодисаҳои биологӣ шуда метавонанд.

Дар синфҳои болоӣ мо таври амиқтар ҳодисаҳои зикршуда ва илмҳо дар бораи табиатро: биология, кимиё, физика, география баррасӣ хоҳем кард. Дар параграфҳои оянда мо таври кӯтоҳ дар бораи баъзе аз онҳо таваққуф хоҳем кард.

Дар асоси таъсири мутақобилаи ҳодисаҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва астрономй ҳодисаҳои ҷуғрофӣ метавонанд пайдо шаванд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …