Главная / Илм / ХОДИСАХОИ ГАРМЙ

ХОДИСАХОИ ГАРМЙ

Дар Табиат ходисахои марбут ба гарму хунук кардани чисмхо, аз як холат ба холати дигар ёфтани модда, ба назар мерасанд. Таври мисол, хунуку гарм кардани хаво ва ё хок, обшавии барфхо, ях ва гайра. Чунин ходисахоро ходисахои гарми меноманд.

Хангоми аз хад зиёд гарм кардани моддахо, харакати хиссачахои хурди он тез шуда, моддахои сахт ба моддахои моеъ табдил, моддахои моеъ бухор шуда, ба худ холати газмонандро мегиранд.

А Гузаштани мавод аз холати сахтй ба холати моеъгиро, гудохnан меноманд.

Моддахои гуногун дар хароратхои гуногун гудохта мешаванд. Харорате, ки дар он модда гудохта мешавад, харорати гудохтани моддахо номида мешавад.

Харорати гудохташавии баъзе моддахо дар тоблуи 9 нишон дода шудааст.

Тоблуи 9.

Номи моддахо Харорати гудохташави, (° С)
Ях 0
Охан 1539
Спирт – 114
Симоб -39
Волфрам 3387

Падидаи гузаштани моеъ дар чуфти номида.

Бухоршавй дар хама харорат сурат мегирад. Таври мисол, замин пас аз борон, хам пас аз рузи гарми бахори ва хам рузи салкини тирамохй хушк мешавад.

Хатто руи чое, ки зимистон дар куча овезон карда шудааст, хушк мешавад. Хар кадар харорати хаво баланд бошад, хамон андоза бухоршавй тезтар сурат мегирад.

Хангоми хунукшавии моддахо, харакати хиссачахои онро ташкилкунанда суст, чозибаи байнихамдигарии онхо пуркувват гардида, онхо ба хамдигар наздик мешаванд. Дар натичаи ин моддахо аз холати газмонанд ба холати моеъгй мегузаранд.

Ходисаи аз холати буг ба холати моеъ табдил ёфтани моддаро конденсатсия меноманд.

Агар ба осони ба оина пуф кунем, мо мебинем, ки дар он катрахои майдаи об пайдо шудаанд.

Агар хунуккунии моддаро идома бидихем, пае хиссачахои он боз кавитар ба хам чафс шуда, он ба холати сахnй мегузарад.

Ходисаи гузаштани модда аз холати моеъгй ба холати сахтиро ходисаи сахтшавй ва ё кристаллизация меноманд.

Хамон тавре тачриба нишон дод, модда дар хамон харорате, ки гудохта мешавад, сахт мешавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

УСУЛХОИ ТАХКИКИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулхои тахкики илми география – Ахамияти тахкикоти географи Хангоми омузиши ходисахои табии, хар як илм …