Главная / Илм / ҲОДИСАҲОИ ГАРМЙ

ҲОДИСАҲОИ ГАРМЙ

Дар Табиат ҳодисаҳои марбут ба гарму хунук кардани ҷисмҳо, аз як ҳолат ба ҳолати дигар ёфтани модда, ба назар мерасанд. Таври мисол, хунуку гарм кардани ҳаво ва ё хок, обшавии барфҳо, ях ва ғайра. Чунин ҳодисаҳоро ҳодисаҳои гармӣ меноманд.

Ҳангоми аз ҳад зиёд гарм кардани моддаҳо, ҳаракати ҳиссачаҳои хурди он тез шуда, моддаҳои сахт ба моддаҳои моеъ табдил, моддаҳои моеъ бухор шуда, ба худ ҳолати газмонандро мегиранд.

А Гузаштани мавод аз ҳолати сахтй ба ҳолати моеъгиро, гудохnан меноманд.

Моддаҳои гуногун дар ҳароратҳои гуногун гудохта мешаванд. Ҳарорате, ки дар он модда гудохта мешавад, ҳарорати гудохтани моддаҳо номида мешавад.

Ҳарорати гудохташавии баъзе моддаҳо дар тоблуи 9 нишон дода шудааст.

Тоблуи 9.

Номи моддаҳо Ҳарорати гудохташави, (° С)
Ях 0
Оҳан 1539
Спирт – 114
Симоб -39
Волфрам 3387

Падидаи гузаштани моеъ дар ҷуфти номида.

Бухоршавй дар ҳама ҳарорат сурат мегирад. Таври мисол, замин пас аз борон, ҳам пас аз рӯзи гарми баҳорӣ ва ҳам рӯзи салқини тирамоҳй хушк мешавад.

Ҳатто рӯи ҷое, ки зимистон дар кӯча овезон карда шудааст, хушк мешавад. Ҳар қадар ҳарорати ҳаво баланд бошад, ҳамон андоза бухоршавй тезтар сурат мегирад.

Ҳангоми хунукшавии моддаҳо, ҳаракати ҳиссачаҳои онро ташкилкунанда суст, ҷозибаи байниҳамдигарии онҳо пурқувват гардида, онҳо ба ҳамдигар наздик мешаванд. Дар натиҷаи ин моддаҳо аз ҳолати газмонанд ба ҳолати моеъгй мегузаранд.

Ҳодисаи аз ҳолати буғ ба ҳолати моеъ табдил ёфтани моддаро конденсатсия меноманд.

Агар ба осонӣ ба оина пуф кунем, мо мебинем, ки дар он қатраҳои майдаи об пайдо шудаанд.

Агар хунуккунии моддаро идома бидиҳем, пае ҳиссачаҳои он боз қавитар ба ҳам ҷафс шуда, он ба ҳолати сахnй мегузарад.

Ҳодисаи гузаштани модда аз холати моеъгй ба ҳолати сахтиро ҳодисаи сахтшавй ва ё кристаллизация меноманд.

Ҳамон тавре тачриба нишон дод, модда дар ҳамон ҳарорате, ки гудохта мешавад, сахт мешавад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …