Сархангзодаеро дар сарои Угулмиш дидам, ки аклу киёсатею фахму фаросате зоидулвасф дошт, хам аз ахди хурди осори бузурги дар носияи у пайдо.
Болои сараш зи хушманди
Метофт ситораи баланди.
Филчумла, макбули назари султон омад, ки чамоли сурату камоли маъни дошт ва хирадмандон гуфтаанд: «Тавонгари ба хунар аст, на ба мол ва бузурги ба акл аст, на ба сол». Абнои чинси у бар мансаби у хасад бурданд ва ба хиёнаташ мутаххам карданд ва дар куштани у саъи бефоида намуданд.
Душмани чи занад, чу мехрубон бошад дуст
Малик пурсид, ки мучиби хасмии инон дар хакки ту чист?
Гуфт:
– Дар сояи давлати худованди хамгинаро рози кардам магар хасудро, ки рози намешавад илло ба заволи неъмати ман ва икболу давлати худованд.
Тавонам он, ки наёзорам андаруни касе,
Хасудро чи кунам, к-у зи худ ба ранч – дар аст.
Бимир, то бирахи, эй хасуд, к-ин ранчест,
Ки аз машаккати он чуз ба марг натвон раст.
***
Шурбахтон ба орзу хоханд
Мукбилонро заволи неъмату чох.
Гар набинад ба руз шабпара чашм,
Чашмаи офтобиро чи гунох?
Рост хохи, хазор чашми чунон
Кур бехтар, ки офтоб сиёх.