Главная / Гуногун / ХИКОЯИ ХИРС ВА ОН АБЛАХ, КИ БАР ВАФОИ У ЭЪТИМОД КАРДА БУД

ХИКОЯИ ХИРС ВА ОН АБЛАХ, КИ БАР ВАФОИ У ЭЪТИМОД КАРДА БУД

Хирс хам аз аждахо чун ворахид
Во-н карам з-он мард мардона бидид.
Чун саги асхоби Кахф100 он хирси зор
Шуд мулозим101 дар пайи он бурдбор.
Он яке бигзашту гуфташ: «Хол чист?
Ай бародар, мар туро ин хирс кист?»
Он мусулмон сар ниход аз хастаги,
Хирс хорис102 гашт аз дилбастаги,
Кисса вогуфту хадиси103 аждахо,
Гуфт: «Бар хирсе манех дил, аблахо!
Дусти (й) аблах батар аз душманист,
У ба хар хила, ки дони, ронданист»
Гуфт: «Валлох, аз хасуди гуфт ин
В-арна хирсе чи-нгари? Ин мехр бин»
Гуфт: «Мехри аблахон ишвадех аст,
Ин хасудии ман аз мехраш бех аст.
Хай, биё бо ман, бирон ин хирсро
Хирсро магзин, мухил104 хамчинсро».
Гуфт: «Рав, рав кори худ кун, ай хасуд!»
Гуфт: «Корам ин буду ризкат набуд.
Ман кам аз хирсе набошам, ай шариф,
Тарки у кун, то манат бошам хариф.
Бар ту дил меларзадам з-андешае,
Бо чунин хирсе марав дар бешае,
Ин дилам харгиз наларзад аз газоф.
Нури Хак аст, ин на даъвою на лоф».
«Муъминам, «Янзур бинуриллах,
Хуну хон, бигрез аз ин оташкада».
Ин хама гуфту ба гушам дарнарафт,
Бадгумони мардро саддест зафт106.
Дасти у бигрифту даст аз вай кашид.
Гуфт: «Рафтам, чун найи ёри рашид»107
Гуфт: «Рав бар ман ту гамхора мабош,
Булфузуло108 маърифат камтар тарош»
Боз гуфташ, «Ман адувви ту наям,
Лутф бошад, гар биёи дар паям»
Гуфт: «Хоб астам, маро бигзору рав»,
Гуфт: «Охир ёрро мункад109 шав.
То бихуспи дар панохи окиле,
Дар чавори дусте, сохибдиле».
Дар хаёл афтод мард аз хадди у,
Хашмгин шуд, зуд гардонид ру.
К-ин магар касди ман омад, хуни аст,
Ё тамаъ дорад, гадою туни110 аст.
Ё гарав бастаст бо ёрон бад-ин,
Ки битарсонад маро з-ин хамнишин.
Худ наёмад хеч аз хубси111 сираш,
Як гумони нек андар хотираш,
Занни некаш чумлаги бар хирс буд,
У магар хирсро хамчинс буд.
Окилеро аз саги тухмат ниход,
Хирсро донист ахли мехру дод…

xirs

ТАРК КАРДАНИ ОН МАРДИ НОСЕХ БАЪД АЗ МУБОЛИГАИ ПАНД МАГРУРИ ХИРСРО

Он мусулмон тарки аблах карду тафт112 .
Зери лаб «Ло хавла» гуён бозрафт.
Гуфт: «Чун аз чидду пандам в-аз чидол
Дар дили у беш мезояд хаёл.
Пас сари панду насихат баста шуд,
Амри «аъриз анхуму» пайваста шуд».
Чун давоят мефизояд дард, пас
Кисса бар толиб бигу, бархол абас.
Чунки аъмо толиби Хак омадаст,
Бахри факри у нашояд сина хаст.
Ту хариси бар рашоди мехтарон.
То биёмузанд ом аз сарварон.
Ахмадо, диди, ки кавме аз мулук
Мустамеъ гаштанд, гашти хуш ки бук.
Ин райисон ёри дин гарданд х(в) аш,
Бар араб инхо саранду бар хабаш…
З-ин сабаб ту аз зарири118 мухтади
Ру бигардонидию танг омади
К-андар ин фурсат кам афтад он мунох,
Ту зи ёрониву вакти ту фарох.
Муздахим мегардиям дар вакти танг,
Ин насихат мекунам н-аз хашму чанг.
Ахмадо, назди Худо ин як зарир
Бехтар аз сад кайсар асту сад вазир.
Ёди «ан-носу маъодин» хин биёр,
Маъдане бошад фузун аз сад хазор.
Маъдани лаълу акики муктанис,
Бехтар аст аз сад хазорон кони мис.
Ахмадо, ин чо надорад мол суд,
Сина бояд пур зи ишку дарду дуд.
Аъмие рушандил омад, дар мабанд,
Панд уро дех, ки хакки уст панд.
Гар ду-се аблах туро мункир шуданд,
Талх кай гарди? Чу хасти кони канд,
Гар ду-се аблах туро тухмат нихад,
Хак барои ту гувохи медихад.
Гуфт: «Аз икрори олам форигам»
Он ки Хак бошад, гувох уро чи гам?
Гар хуфошеро зи хуршеде хурест,
Он далел омад, ки он хуршед нест,
Нафрати хуффошакон бошад далел,
Ки манам хершеди тобони чалил.
Гар гулоберо чуъалрогиб шавад.
Он далели ногулоби мекунад.
Гар шавад калбе харидори михак,
Дар михаккеаш дарояд наксу шакк.
Дузд шаб хохад на руз, инро бидон,
Шаб наям, рузам, ки тобам дар чахон.
Форикам125, форукаму галбервор,
То ки кох аз ман наёбад гузор.
Ордро пайдо кунам ман аз сабус,
То намоям, к-ин нукуш аст, он нуфус128.
Ман чи мизони Худоям дар чахон,
Вонамоям хар сабукро аз гарон.
Говро донад Худо гусолае,
Хар харидориву дар хур колае.
Ман на говам, то ки гусолам харад,
Ман на хорам, к-уштуре аз ман чарад.
У гумон дорад, ки бо ман чавр кард?
Балки аз ойинаи ман руфт гард…
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То чи кард он хирс бо он некмард.

ТАТИММАИ ЭЪРОФИ ОН МАГРУР
БАР ТАМАЛЛУКИ ХИРС

Шахс хуфту хирс мерондаш магас
В-аз ситез омад магас з-у бозпас.
Чанд бораш ронд аз руи чавон.
Он магас з-у боз меомад давон.
Хашмгин шуд бо магас хирсу бирафт
Баргирифт аз кух санге сахт зафт.
Санг оварду магасро дид боз,
Бар рухи хуфта гирифта чою соз.
Баргирифт он осиёсангу бизад
Бар магас, то он магас вопас хазад,
Санг руи хуфтаро хашхош кард129,
Ин масал бар чумла олам фош кард,
Мехри аблах, мехри хирс омад якин,
Кини у мехр асту мехри уст кин.
Ахди у суст асту вайрону заъиф,
Гуфти у зафту вафои у нахиф130.
Гар хурад савганд хам бовар макун,
Бишканад савганд марди кажсухун.
Чун ба бесавганд гуфташ буд дуруг,
Ту маюфт аз макру савгандаш ба дуг.
Нафси у мир асту акли у асир,
Сад хазорон мусхафаш131 худ хурда гир.
Чунки бесавганд паймон бишканад,
Гар хурад савганд хам, он бишканад.
З-он ки нафс ошуфтатар гардад аз он,
Ки куни бандаш ба савганди гарон.
Чун асире банд бар хоким нихад,
Хоким онро бардарад, берун чахад.
Бар сараш кубад зи хашм он бандро,
Мезанад бар руйи у савгандро.
Ту зи «урфу билукуд»132 — аш даст шу,
«Ихфазу аймонакум»133 бо у магу.
В-он ки Хакро сохт дар паймон санад,
Тан кунад чун тору гирди у танад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Киссаро бодиккат хонда мазмуни онро накл кунед.
2. Кадом хислати мард водор сохт, ки хирсро аз дасти аждахо начот дихад?
3. Хислатхои мардони шердил кадомхоянд?
4. Кисса чи тавр анчом меёбад?

МуаллифЧАЛОЛУДДИНИ БАЛХИ

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …