Главная / Чамъият / ХИКОЯИ ГУНЧИШК ВА СУСМОР

ХИКОЯИ ГУНЧИШК ВА СУСМОР

Шунидаам, ки ду гунчишк бар шохи дарахте ошёна нихода ва аз матои дунё ба обу дона каноат карда буданд. Бар сари кухе, ки он дарахт дар поёни вай истода буд, бошае маком дошт, ки дар вакти сайд кардан чун барк аз гушае берун мечаст ва соикавор хирмани чони мургони заифболро пок месухт.

Хар гох ки гунчишкон бача мебароварданд ва онро паррончак мекарданд, боша аз камингох берун часта, бачаи онхоро рабуда, туъмаи бачагони худ месохт. Он гунчишкон аз ошёнаи худ дил канда наметавонистанд. Боша бошад, хамеша бачахои онхоро нобуд мекард.

Мор ва гунчишк

Навбате бачагони онхо кувват ёфта ва пару бол бароварда харакат мекарданд. Падару модар ба дидори фарзандон хурсанд шуда аз вакти парвози онхо хуррами менамуданд. Ногох андешаи боша ба хотири онхо гузашт ва якбораги аз хурсанди боз монда ба изтиробу бекарори нолаву зори огоз карданд.

Яке аз фарзандонашон сабаби ин хол пурсид. Гуфтанд: Аз мо мапурс, к-оташи дил то чи гоят аст, Аз оби дида пурс, ки у тарчумони мост.

Пас киссаи зулми бошаро батафсил гуфтанд. Он писар гуфт:

– Хар дарде даво ва хар ранче шифое дорад. Мумкин аст, ки дар дафъи ин бало саъй кунед, у аз сари мо бардошта шавад.

Ин сухан ба гунчишкон мувофик омад. Яке аз онхо ба бачагони худ нигох карда истода, дигаре ба чорачуи парвоз кард. Чун кадре рох бипарид, дар андешаи он афтод, ки оё кучо равам ва дарди дили худро ба ки гуям:

Ба дарди дил гирифторам, давои дил намедонам, Давои дарди дил корест бас мушкил, намедонам. Охир ба хотираш омад, ки хар чонваре, ки ба назари у

аввал афтад, сухан ба вай бигуяд ва илочи дарди дил аз вай биталабад. Иттифоко, Самандаре аз маъдани оташ берун омада дар фазои сахро сайругашт менамуд. Гунчишк онро дид ва бо худ гуфт: «Биё, то дарди дил ба ин мурги булъачаб бигуям, шояд, ки гирех аз кори ман бикшояд ва маро ба суи чора рох намояд». Пас аз таъзим назди Самандар омад.

Самандар уро дида гуфт:

– Дар башараи ту осори малол пайдост, агар аз ранчи рох бошад, чанд руз дар ин чой икомат кун, агар холати дигар бошад, бигуй, то ки чораи он ба кадри токати худ бубинам.

Гунчишк забон бикшод ва холи зори худ пеши Самандар арз кард:

Бар хар касе, ки шарх дихам достони хеш, Сад доги тоза бар дили он нотавон нихам.

Самандар ин суханхоро шунида гуфт:

– Гам махур, ки ман ин балоро аз сари ту дафъ гардонам ва имшаб чунон кунам, ки хонаву ошёнаи уро бисузам. Ту ба ман манзили худ нишон дех ва худ ба сари фарзандон рав, то вакте ки назди ту оям.

Гунчишк нишони макони худ ба Самандар нишон дод, бо хотири шод ва аз бори гам озод ру ба ошёнаи худ ниход.

Чун шаб даромад, Самандар бо чамъи хамчинсони худ хар як микдоре нафт ва гугирд бардошта ба он манзил равон шуд ва ба рахнамунии гунчишк худро ба наздикии он ошёнаи боша расонд. Боша бо фарзандон сер хурда ва дар хоб шуда буданд. Самандарон он чи аз нафту гугирд хамрох доштанд, ба ошёнаи онхо рехта бозгаштанд. Аз шуьлаи оташ ошёнаи он золим афтод ва хамаи онхо ба як бор бо хонаву ошёна хокистар шуданд. Ситамгар зи зулм оташе барфурухт.

Чу зад шуъла аввал хам уро бисухт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Боша чи хел паранда аст?
  2. Самандар чи хел чонвар аст?
  3. Чаро гунчишк хар сол бачахои худро туъмаи нафси боша мегардонид?
  4. Гунчишк барои халосии бачахояш чи чора андешид?
  5. Самандар ба гунчишк чи сон ёри расонид?
  6. Аз ин хикоят ба кадом хулоса омадед?

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …