Главная / Чугрофия / ХАМВОРИХОИ КАЪРИ УКЁНУСИ ОЛАМ

ХАМВОРИХОИ КАЪРИ УКЁНУСИ ОЛАМ

Дар каъри Укёнуси Олам вобасга ба сохти кишри Замим се минтакаи баланди дар чукурихои гуногун хосил гардидаанд:

  1.  пастоби материки (дар чукурии то 200-400 метр),
  2. нишебии материки (аз 2000 то 3000 метр).
  3. мачрои укёнуси (дар чукурии аз 3000 метр зиёд). Релефи сатхи онхо гуногун мебошад. Хамворихо асосан дар пастоби материки ва мачрои укёнус пахн гардидаанд.

Релефи хамворихои каъри Укёнуси Олам. Хамворихои каъри укёнус бо хусусиятхои пайдоиш худ аз якдигаф фарк мекунанд. Яке аз чунин хамворихо пастоби материкй мебошад. Он аз чихати пайдоиш давоми материкхо буда, дар натичаи охиста-охиста паст шудани канори онхо зери об мондааст. Ба ин тахшинхои релефи пиряхи кадим ва водии дарёхои зери бахрхои Укёнуси Яхбастаи Шимоли гувохи медиханд. Онхо дар шароити хушки хосил гардида, баъд зери об мондаанд. Тадкикотхо нишон медихадн, ки пастоби материки 7.6 фоизи масохати Укёнуси Оламро ташкил менамояд.

uqyonus-bahr

Сатхи пастоби каъри укёнус моил аст. Релефаш гуногун буда, аз мавзеъхои хамвор, хамида, нова ва теппахои начандон баланд иборат аст. Дар он чойхое, ки дарёхо ба бахрхо чори мешаванд, релеф асосан хамвор мебошад. Агар пастоби материки бо минтакаи куххо хамшафат бошад, релефи он нисбатан мураккаб аст. Пахнии пастоби материки дар сохилхои хамаи материкхо як хел нест. Он метавонад аз якчанд километр ю 400-500 километр ва аз ин хам зиёдтар бошад. Дар он махалхое, ки сохили материкхо ба укёнус рост фаромадааст, пастоби материки тамоман вучуд надорад.

Тахшинхои пастоби материки аз чинсхои шикастаи об оварда ва сохилхоро вайрон кардани мавчи оби бахр хосил шудаанд. Онхо  асосан аз сангхои калон, кайроксанг, регу гил ва гайра иборат мебошанд. Дар зери об онхо  бо тартиби муайян пахн гардидаанд. Дар назди сохил сангхои калон, баъд кайроксанг, сипас peг ва нихоят гил вомехуранд.

Аз канори пастоби материки (ба суи каъри укёнус) нишебин материки давом мекунад. Нишебии материки ба монанди пастоби материки канори хамаи материкхоро ихота кардааст. Тахшинхо ва гилхое, ки дар ин чо вомехуранд, низ пайдоиши материки (хушки) доранд. Ин тахшинхо дар доманаи нишебии материки теппа ва талхои зериобиро хосил кардаанд. Аз канори доманаи нишебии материки cap карда мачрои укёнуси ибтидо меёбад. Релефи онро хамворихои теппадор ташкил додаанд. Сатхи онхоро тахшинхои тунук пушондаанд. Дар хамворихо гафсии тахшинхо 50-300 метрро ташкил медихад. Гафсии он дар доманаи нишебии материки зиёд буда, баробари аз он дур шудан тунук мешавад. Тахшинхо пайдоиши органики ва вулкони доранд.

2.1 Тагйир ёфтани хамворихои каъри укёнус. Хамворихои каъри укёнус мисли хамворихои хушки тадричан тагйир меёбанд. Аммо тагйироти онхо бештар ба харакати кишри Замин ва Чараёни оби укёнус вобаста мебошад. Вулконхо, зилзила ва таркишхои кишри Замин дар хамворихои каъри укёнус дигаргуни ба вучуд меоваранд. Дар сатхи хамворихо пастию баланди ва чокхо пайдо мешаванд. Онхоро об ва чараёни укёнус тагйир медихад. Хангоми оташфишонии вулкон чинсхои ковоки вулкониро об шуста, дар каъри укёнус тахшин мекунад. Онхо  бо хамрохии заррахои гил ва бокимондаи хайвоноти инкирозёфта, микроорганизмхо тавассути харакати оби укёнус пастихоро пур мекунанд. Дар доманаи нишебии укёнуси мачрохои каъри укёнус тахшинхоро омехта, талу теппахоро ба вучуд меоранд. Аз тахшинхои чонварони нобудшуда (марчонхо) бо гузаштани хазорхо сол дар зери об саддхо хосил шудаанд. Як кисми онхо  аз сатхи бахр боло баромада, садд ва чазирахои марчониро ба вучуд овардаанд. Садди бузурги марчонии сохили шимоли шаркии Австралия, чазирахои Малдив (дар Укёнуси Хинд» ва Маршал (дар Укёнуси Ором) аз кобили онхо мебошаид.

Савол ва супориш

  1. Дар каъри Укёнуси Олам чанд минтакаи баланди дида мешавад? Онхоро номбар карда, аз харитаи табий нишон дихед.
  2. Дар кадом минтакахои баланди хамворихои каъри укёнуси бештар пахн гардидаанд?
  3. Пастоби материки чи тавр хосил шудааст? Шаклхои асосии релефи онро номбар кунед.
  4. Дар байни пастоби материки ва мачрои укёнуси кадом минтакаи баланди вокеъ гардидааст?
  5. Он аз пастоб ва мачрои укёнуси бо кадом хусусиятхояш фарк мекунад?
  6. Дар мачрои укёнуси кадом шаклхои релеф зиёд аст?
  7. Кадом омилхо хамворихои каъри укёнусро тагйир медиханд?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …