Главная / Ҷуғрофия / ҲАМВОРИҲОИ ҚАЪРИ УҚЁНУСИ ОЛАМ

ҲАМВОРИҲОИ ҚАЪРИ УҚЁНУСИ ОЛАМ

Дар қаъри Уқёнуси Олам вобасга ба сохти қишри Замим се минтақаи баландӣ дар чуқуриҳои гуногун ҳосил гардидаанд:

  1.  пастоби материкӣ (дар чуқурии то 200-400 метр),
  2. нишебии материкӣ (аз 2000 то 3000 метр).
  3. маҷрои уқёнусӣ (дар чуқурии аз 3000 метр зиёд). Релефи сатҳи онҳо гуногун мебошад. Ҳамвориҳо асосан дар пастоби материкӣ ва маҷрои уқёнус паҳн гардидаанд.

Релефи ҳамвориҳои қаъри Уқёнуси Олам. Ҳамвориҳои қаъри уқёнус бо хусусиятҳои пайдоиш худ аз якдигаф фарқ мекунанд. Яке аз чунин ҳамвориҳо пастоби материкй мебошад. Он аз ҷиҳати пайдоиш давоми материкҳо буда, дар натиҷаи оҳиста-оҳиста паст шудани канори онҳо зери об мондааст. Ба ин таҳшинҳои релефи пиряхи қадим ва водии дарёҳои зери баҳрҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ гувоҳӣ медиҳанд. Онҳо дар шароити хушкӣ хосил гардида, баъд зери об мондаанд. Тадқиқотҳо нишон медиҳадн, ки пастоби материкӣ 7.6 фоизи масоҳати Уқёнуси Оламро ташкил менамояд.

uqyonus-bahr

Сатҳи пастоби каъри уқёнус моил аст. Релефаш гуногун буда, аз мавзеъҳои ҳамвор, хамида, нова ва теппаҳои начандон баланд иборат аст. Дар он ҷойхое, ки дарёҳо ба баҳрҳо ҷорӣ мешаванд, релеф асосан ҳамвор мебошад. Агар пастоби материкӣ бо минтақаи кӯҳҳо ҳамшафат бошад, релефи он нисбатан мураккаб аст. Паҳнии пастоби материкӣ дар соҳилҳои ҳамаи материкҳо як хел нест. Он метавонад аз якчанд километр ю 400-500 километр ва аз ин ҳам зиёдтар бошад. Дар он маҳалҳое, ки соҳили материкҳо ба уқёнус рост фаромадааст, пастоби материкӣ тамоман вуҷуд надорад.

Таҳшинҳои пастоби материкӣ аз ҷинсҳои шикастаи об оварда ва соҳилҳоро вайрон кардани мавҷи оби баҳр ҳосил шудаанд. Онҳо  асосан аз сангҳои калон, қайроксанг, регу гил ва ғайра иборат мебошанд. Дар зери об онҳо  бо тартиби муайян паҳн гардидаанд. Дар назди соҳил сангҳои калон, баъд қайроксанг, сипас peг ва ниҳоят гил вомехӯранд.

Аз канори пастоби материкӣ (ба сӯи қаъри уқёнус) нишебин материкӣ давом мекунад. Нишебии материкӣ ба монанди пастоби материкӣ канори ҳамаи материкҳоро иҳота кардааст. Таҳшинҳо ва гилҳое, ки дар ин ҷо вомехӯранд, низ пайдоиши материкӣ (хушкӣ) доранд. Ин таҳшинҳо дар доманаи нишебии материкӣ теппа ва талҳои зериобиро ҳосил кардаанд. Аз канори доманаи нишебии материкӣ cap карда маҷрои уқёнусӣ ибтидо меёбад. Релефи онро ҳамвориҳои теппадор ташкил додаанд. Сатҳи онҳоро таҳшинҳои тунук пӯшондаанд. Дар ҳамвориҳо ғафсии таҳшинҳо 50-300 метрро ташкил медиҳад. Ғафсии он дар доманаи нишебии материкӣ зиёд буда, баробари аз он дур шудан тунук мешавад. Таҳшинҳо пайдоиши органикӣ ва вулқонӣ доранд.

2.1 Тағйир ёфтани ҳамвориҳои каъри уқёнус. Ҳамвориҳои каъри уқёнус мисли ҳамвориҳои хушкӣ тадриҷан тағйир меёбанд. Аммо тағйироти онҳо бештар ба ҳаракати қишри Замин ва Ҷараёни оби уқёнус вобаста мебошад. Вулконҳо, зилзила ва таркишҳои қишри Замин дар ҳамвориҳои қаъри уқёнус дигаргунӣ ба вуҷуд меоваранд. Дар сатҳи ҳамвориҳо пастию баландӣ ва чокҳо пайдо мешаванд. Онҳоро об ва ҷараёни уқёнус тағйир медиҳад. Ҳангоми оташфишонии вулқон ҷинсҳои ковоки вулқониро об шуста, дар қаъри уқёнус таҳшин мекунад. Онҳо  бо ҳамроҳии зарраҳои гил ва боқимондаи ҳайвоноти инқирозёфта, микроорганизмҳо тавассути ҳаракати оби уқёнус пастиҳоро пур мекунанд. Дар доманаи нишебии уқёнусӣ маҷроҳои каъри уқёнус таҳшинҳоро омехта, талу теппаҳоро ба вуҷуд меоранд. Аз таҳшинҳои ҷонварони нобудшуда (марҷонхо) бо гузаштани ҳазорҳо сол дар зери об саддҳо ҳосил шудаанд. Як қисми онҳо  аз сатҳи баҳр боло баромада, садд ва ҷазираҳои марҷониро ба вуҷуд овардаанд. Садди бузурги марҷонии соҳили шимоли шарқии Австралия, ҷазираҳои Малдив (дар Уқёнуси Ҳинд» ва Маршал (дар Уқёнуси Ором) аз қобили онхо мебошаид.

Савол ва супориш

  1. Дар қаъри Уқёнуси Олам чанд минтақаи баландӣ дида мешавад? Онҳоро номбар карда, аз харитаи табий нишон диҳед.
  2. Дар кадом минтақаҳои баландӣ ҳамвориҳои қаъри уқёнусӣ бештар паҳн гардидаанд?
  3. Пастоби материки чӣ тавр ҳосил шудааст? Шаклҳои асосии релефи онро номбар кунед.
  4. Дар байни пастоби материкӣ ва маҷрои уқёнуси кадом минтақаи баландӣ воқеъ гардидааст?
  5. Он аз пастоб ва маҷрои уқёнусӣ бо кадом хусусиятхояш фарқ мекунад?
  6. Дар маҷрои уқёнусӣ кадом шаклҳои релеф зиёд аст?
  7. Кадом омилҳо ҳамвориҳои қаъри уқёнусро тағйир медиҳанд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …