Главная / Чугрофия / География: Китоби дарси барои синфи 6 (Электрони)

География: Китоби дарси барои синфи 6 (Электрони)

Геотрафия илмест, ки сатхи Заминро меомузад. Бо мадади география метавонем, ки дар бораи сатхи Замин, куххо, дарёхо, мамлакатхо ва китъахо маълумот бигирем. Бунёди иктисоди, гаркибу гуруххои ахолии чахон, дину мазхаб ва хатто чисмхои осмониро ба воситаи ин фан фахмида мегирем. Холо дар мархалаи аввал диккати шуморо ба кураи Замин чалб менамоем.

Замин аз чумлаи сайёрахои низоми шамси аст, ки дар гирди Офтоб давр мезанад. Вакти гирди Офтобро давр зада баромадани Замин 365 рузу 6 соат, ё ки як солро ташкил медихад. Як солро ба чахор фасл таксим менамоянд: бахор, тобистон, тирамох ва зимистон.

География синфи 6 китобЗамин дар гирди мехвари худ низ хар шабонаруз як маротиба давр мезанад. Дар натичаи ин харакат тулуъ ва гуруби Офтобро мушохида мекунем ва шабу руз аз он рух медихад.

Замин нур ва равшаниро аз Офтоб мегирад. Бинобар ин он самти Замин, ки ба он шуои Офтоб мерасад, руз ва тарафи мукобили ои шаб мебошад.

Асосгузори илми география олими Юнони Кадим Эратосфен (солхои 276 196-и пеш аз солшумории мо) аст. География калимаи юнони (“гео” – замин, “графо” – менависам) буда, маънояш “тавсифи Замин” мебошад. Аммо ин маъно ба мохият ва вазифаи имрузаи илми география мувофикат намекунад, чунки тавсифу номбар ва хикоя кардани ходисахо, вокеахои алохидаи олам асос ёфтааст. Сайёхон ва бахрнавардоне, ки аз сафарбар, мегаштанд, дар бораи чизхои дида ва шунидаи худ хикоя мекарданд. Дар ин замина ва мушохидахои олимони кадим илми география пайдо шуд. Онро географияи тасвири мегуянд, ки ба тасвири табиат, ахоли ва хочагии кисмхои чудогонаи сатхи Замин машгул буд.

Географияи муосир бошад, на факат табиат, ахолй ва хочагии руи Замин, инчунин конунияти ташаккулёби, инкишоф, ба хам алокаманди ва хифзи мухити зистро меомузад. Хамаи он ходиса ва чисмхое, ки география меомузад, нихоят гуногунанд. Онхо дар сатхи Замин хамчун чизу ходисахои табии ва чамъияти (ахоли ва фаъолияти хочагидории он) зохир мегарданд, ки дорои сифат ва хосиятхои доими мебошанд, Аз хамин сабаб онхоро шохахои гуногуни илми география тахкик менамоянд. Хамаи он шохахоро аз руи мансубият (илми табии ё чамьияти) ба ду кисми калон чудо мекунанд: географияи табии ва географияи иктисодию ичтимои.

Географияи табии табиати сатхи Замин, кисмхои чудогонаи он ва мамлакатхои алохидаро меомузад.

Географияи иктисодию ичтимои ахоли, хочаги ва конуниятхои чойгиршавии онхоро меомузад. Хар ду кисми география (географияи табии ва географияи иктисодию ичтимои) дар заминаи конуниятхои гуногун (табии ва иктисоди) инкишоф ёбанд хам, вале бо якдигар алокаи зич доранд, зеро бе дониши чойгиршавии сарватхои табии хочагиро инкишоф додан мумкин нест. Барои он ки сарватхои табииро истифода барем, бояд дар бораи шароит ва имкониятхои иктисоди истифода бурдани онхо ва таъсири онхо ба табиат ва инсон тасаввурот дошта бошем. Ин дониши географияи иктисодию ичтимоиро талаб менамояд.

Ахамняти географняи табии дар фаъолияги хочагин ннсои. Табиат барои инсоннят сарвати бебахо мебошад. Пеш аз хама табиат барои инсон мухити зист аст. Инсон аз хаво нафас мекашад, обу замин ва чангалро ба максадхои гуногун истифода мебарад. Мевахои табииро истеъмол менамояд. Дарахтони гуногунро хамчун масолехи бинокори ва сузишвори, барои сохтани асбобхои мусики, рузгор ба кор мебарад. Хайвоноти вахширо бо максади гирифтани гушт, муина, пуст ва гайра шикор мекунад. Аз зери Замин маъдан ва сузишвори истехсол менамояд. Обхои гарм ва маъданиро барои муолича ва хамчун нушоки истифода мебарад. Аз гармии Офтоб истифода бурда, дар заминхои серхосил знроат ва дарахтони мева парвариш мекунад. Кувваи обро барои истехсоли барк истифода мебарад.

Хамин тавр, хамаи он чизхоеро, ки инсон бевосита ва бавосита аз табиат мегирад, сарвати табии меноманд. Аммо сарватхои табии вобаста ба шароити табии дар сатхи Замин нобаробар пахн гардидаанд. Аз ин чост, ки географияи табиии муосир баробари тасвири табиати сатхи Замин, инчунин сабабхои гуногунии шароит ва сарватхои табииро дар кисматхои алохидаи Замин шарх дода, роху усули истифодаи окилонаи онхоро муайян мскунад. Роххои нигох доштани осилнокии замин баркарор кардани заминхои аз истифода баромада (шурзада, ботлок, санглох, ба фарсоиш, бодлеси дучоршуда), баркарор кардани чангалзорхо, афзун кардаии микдори намудхои наботот ва хайвоноти ба несту нобудшави дучоршуда, хушкондани ботлокхо, обёри кардани заминхои биёбону нимбиёбои, сарфа кардани об ва гайраро нишон медихад.

Зимни мушохида ва тадкикотхои илми натичаи дахолати номатлуби инсонро ба табиат пешгуи менамояд. Хамин тавр, донише, ки дар рафти омухтани географияи табии азхуд менамоед, дар зиндагии шумо ба кор меояд.

Географияи табии чиро меомузал? Географияи табии хам ба ду кисм таксим мешавад: географияи табиии умуми ва нохияви (мамлакатшиноси). Мо дар синфи 6-ум географияи табиии умумиро меомузем. Он конунияти инкишоф ва хусусиятхои хосу умумитарини табакаи сатхи Заминро тадкик менамояд. Пеш аз омухтани конуниятхо ва хусусиятхои хоси табакаи Замин бояд аввал оид ба таърихи “Инкишофи донишхои географи дар бораи Замин”, “Накша ва харита” дониш ва малакаи амик хосил намоем. Бинобар ин дар географияи табии ин бобхо ва масъалахои дар онхо шомилбударо пеш аз боби “Кабатхои Замин” мутолиа менамоем. Ин имконият медихад, ки дар бораи даврахои “Инкишофи донишхои географи дар бораи Замин” маълумот ва тасаввурот пайдо кунем.

Дониш ва малакае, ки хангоми омухтани боби “Накша ва харита” азбар менамоем, на факат барои омузиши “Географияи табии”, инчунин ба омузиши амики “Географияи Точикистон”, Географияи иктисоди ва ичтимоия чахон” хаматарафа мадад мерасонад. Ин барои хосил кардани донишхои нави географи низ хидоят Менамояд, чунки накша, харита ва глобус дар таълими география ду вазифаро ичро мекунанд: васоити аёни ва манбаи дониш. Хангоми мутолиаи бобхои “Организмхо дар руи Замин” ва “Ахолии кураи Замин” ба гуногунии организмхо, ба хам алокаманди, дар сатхи Замин нобаробар пахн гардиданн онхо, таъсири инсон ба табиат, шумораи ахоли, нажодхо, махалхои ахолинишин, халкхо, давлатхо ва тасвири онхо дар харита маълумоти кофи хосил мекунем.

Ин маълумотхо дар омузиши курсхои дигари география, ки дар боло номбар кардем. хамчун дониши заминави хидмат мекунанд. Доираи фахмиши хонандагон васеъ ва амик мегардад. Малакае, ки аз мутолиаи “Географияи табии” хосил намудем, дар чараёни омузиши махали худ мушаххас ва мустахкам карда мешавад. Азхуд намудани он донишхо ба мо имконият медихад, ки на факат зохиршавии конуниятхои табииро дар махали худ фахмем, балки дахолати номатлуби инсонро ба табиати атроф дарк намуда, барои мухофизати он чорахо андешем.

Савол ва супориш

  1. География чиро меомузад?
  2. География аз кадом сохахо иборат аст?
  3. Мавзуи тадкикоти географияи табии чист?
  4. Дар фаъолияти хочагии инсон табиат чи ахамият дорад?
  5. Дониши географияи табии барои чи лозим аст?
  6. Ба дарс тамоми воситахои таълимии барои омузиши география заруриро оред.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …