Главная / Ҷуғрофия / География: Китоби дарси барои синфи 6 (Электрони)

География: Китоби дарси барои синфи 6 (Электрони)

Геотрафия илмест, ки сатҳи Заминро меомӯзад. Бо мадади география метавонем, ки дар бораи сатҳи Замин, кӯҳҳо, дарёҳо, мамлакатҳо ва қитъахо маълумот бигирем. Бунёди иқтисодӣ, гаркибу гурӯҳҳои аҳолии ҷаҳон, дину мазҳаб ва ҳатто ҷисмҳои осмониро ба воситаи ин фан фаҳмида мегирем. Ҳоло дар марҳалаи аввал диққати шуморо ба кураи Замин ҷалб менамоем.

Замин аз ҷумлаи сайёраҳои низоми шамсӣ аст, ки дар гирди Офтоб давр мезанад. Вақти гирди Офтобро давр зада баромадани Замин 365 рӯзу 6 соат, ё ки як солро ташкил медиҳад. Як солро ба чаҳор фасл тақсим менамоянд: баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон.

География синфи 6 китобЗамин дар гирди меҳвари худ низ ҳар шабонарӯз як маротиба давр мезанад. Дар натиҷаи ин ҳаракат тулӯъ ва ғуруби Офтобро мушоҳида мекунем ва шабу рӯз аз он рух медиҳад.

Замин нур ва равшаниро аз Офтоб мегирад. Бинобар ин он самти Замин, ки ба он шуои Офтоб мерасад, рӯз ва тарафи мукобили ои шаб мебошад.

Асосгузори илми география олими Юнони Қадим Эратосфен (солҳои 276 196-и пеш аз солшумории мо) аст. География калимаи юнонӣ (“гео” – замин, “графо” – менависам) буда, маънояш “тавсифи Замин” мебошад. Аммо ин маъно ба моҳият ва вазифаи имрӯзаи илми география мувофиқат намекунад, чунки тавсифу номбар ва ҳикоя кардани ҳодисаҳо, воқеаҳои алоҳидаи олам асос ёфтааст. Сайёҳон ва баҳрнавардоне, ки аз сафарбар, мегаштанд, дар бораи чизҳои дида ва шунидаи худ ҳикоя мекарданд. Дар ин замина ва мушоҳидаҳои олимони қадим илми география пайдо шуд. Онро географияи тасвирӣ мегӯянд, ки ба тасвири табиат, аҳолӣ ва хоҷагии қисмҳои ҷудогонаи сатҳи Замин машғул буд.

Географияи муосир бошад, на фақат табиат, аҳолй ва хоҷагии рӯи Замин, инчунин қонунияти ташаккулёбӣ, инкишоф, ба ҳам алоқамандӣ ва ҳифзи муҳити зистро меомӯзад. Ҳамаи он ҳодиса ва ҷисмҳое, ки география меомӯзад, ниҳоят гуногунанд. Онҳо дар сатҳи Замин ҳамчун чизу ходисаҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ (аҳолӣ ва фаъолияти хоҷагидории он) зоҳир мегарданд, ки дорои сифат ва хосиятҳои доимӣ мебошанд, Аз ҳамин сабаб онҳоро шохаҳои гуногуни илми география таҳқиқ менамоянд. Ҳамаи он шохаҳоро аз руи мансубият (илми табиӣ ё ҷамьиятӣ) ба ду қисми калон ҷудо мекунанд: географияи табиӣ ва географияи иқтисодию иҷтимоӣ.

Географияи табиӣ табиати сатҳи Замин, қисмҳои ҷудогонаи он ва мамлакатҳои алоҳидаро меомӯзад.

Географияи иқтисодию иҷтимоӣ аҳолӣ, хоҷагӣ ва қонуниятҳои ҷойгиршавии онҳоро меомӯзад. Ҳар ду қисми география (географияи табиӣ ва географияи иқтисодию иҷтимоӣ) дар заминаи қонуниятҳои гуногун (табиӣ ва иқтисодӣ) инкишоф ёбанд ҳам, вале бо якдигар алоқаи зич доранд, зеро бе дониши ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ хоҷагиро инкишоф додан мумкин нест. Барои он ки сарватҳои табииро истифода барем, бояд дар бораи шароит ва имкониятҳои иқтисодӣ истифода бурдани онҳо ва таъсири онҳо ба табиат ва инсон тасаввурот дошта бошем. Ин дониши географияи иқтисодию иҷтимоиро талаб менамояд.

Аҳамняти географняи табиӣ дар фаъолияги хоҷагин ннсои. Табиат барои инсоннят сарвати бебаҳо мебошад. Пеш аз ҳама табиат барои инсон муҳити зист аст. Инсон аз ҳаво нафас мекашад, обу замин ва ҷангалро ба мақсадҳои гуногун истифода мебарад. Меваҳои табииро истеъмол менамояд. Дарахтони гуногунро ҳамчун масолеҳи бинокори ва сузишворӣ, барои сохтани асбобҳои мусиқӣ, рӯзгор ба кор мебарад. Ҳайвоноти ваҳширо бо мақсади гирифтани гӯшт, мӯина, пӯст ва ғайра шикор мекунад. Аз зери Замин маъдан ва сӯзишворӣ истеҳсол менамояд. Обҳои гарм ва маъданиро барои муолиҷа ва ҳамчун нӯшокӣ истифода мебарад. Аз гармии Офтоб истифода бурда, дар заминҳои серҳосил знроат ва дарахтони мева парвариш мекунад. Қувваи обро барои истеҳсоли барқ истифода мебарад.

Ҳамин тавр, ҳамаи он чизҳоеро, ки инсон бевосита ва бавосита аз табиат мегирад, сарвати табиӣ меноманд. Аммо сарватҳои табиӣ вобаста ба шароити табиӣ дар сатҳи Замин нобаробар паҳн гардидаанд. Аз ин ҷост, ки географияи табиии муосир баробари тасвири табиати сатҳи Замин, инчунин сабабҳои гуногунии шароит ва сарватҳои табииро дар қисматҳои алоҳидаи Замин шарҳ дода, роҳу усули истифодаи оқилонаи онҳоро муайян мскунад. Роҳҳои нигоҳ доштани осилнокии замин барқарор кардани заминҳои аз истифода баромада (шӯрзада, ботлоқ, санглох, ба фарсоиш, бодлесӣ дучоршуда), барқарор кардани ҷангалзорҳо, афзун кардаии миқдори намудҳои наботот ва ҳайвоноти ба несту нобудшавӣ дучоршуда, хушкондани ботлоқҳо, обёрӣ кардани заминҳои биёбону нимбиёбои, сарфа кардани об ва ғайраро нишон медиҳад.

Зимни мушоҳида ва тадқиқотҳои илмӣ натиҷаи дахолати номатлуби инсонро ба табиат пешгӯӣ менамояд. Ҳамин тавр, донише, ки дар рафти омӯхтани географияи табиӣ азхуд менамоед, дар зиндагии шумо ба кор меояд.

Географияи табӣӣ чиро меомӯзал? Географияи табиӣ ҳам ба ду қисм тақсим мешавад: географияи табиии умумӣ ва ноҳиявӣ (мамлакатшиносӣ). Мо дар синфи 6-ум географияи табиии умумиро меомӯзем. Он қонунияти инкишоф ва хусусиятхои хосу умумитарини табақаи сатҳи Заминро тадқиқ менамояд. Пеш аз омӯхтани қонуниятҳо ва хусусиятҳои хоси табақаи Замин бояд аввал оид ба таърихи “Инкишофи донишҳои географӣ дар бораи Замин”, “Нақша ва харита” дониш ва малакаи амиқ ҳосил намоем. Бинобар ин дар географияи табиӣ ин бобҳо ва масъалаҳои дар онҳо шомилбударо пеш аз боби “Қабатҳои Замин” мутолиа менамоем. Ин имконият медиҳад, ки дар бораи давраҳои “Инкишофи донишҳои географӣ дар бораи Замин” маълумот ва тасаввурот пайдо кунем.

Дониш ва малакае, ки ҳангоми омӯхтани боби “Нақша ва харита” азбар менамоем, на фақат барои омӯзиши “Географияи табиӣ”, инчунин ба омӯзиши амиқи “Географияи Тоҷикистон”, Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоия ҷаҳон” ҳаматарафа мадад мерасонад. Ин барои ҳосил кардани донишҳои нави географӣ низ ҳидоят Менамояд, чунки нақша, харита ва глобус дар таълими география ду вазифаро иҷро мекунанд: васоити аёнӣ ва манбаи дониш. Ҳангоми мутолиаи бобҳои “Организмҳо дар рӯи Замин” ва “Аҳолии кураи Замин” ба гуногунии организмҳо, ба ҳам алоқамандӣ, дар сатҳи Замин нобаробар паҳн гардиданн онҳо, таъсири инсон ба табиат, шумораи аҳолӣ, нажодҳо, маҳалҳои аҳолинишин, халқҳо, давлатҳо ва тасвири онҳо дар харита маълумоти кофӣ ҳосил мекунем.

Ин маълумотҳо дар омӯзиши курсҳои дигари география, ки дар боло номбар кардем. ҳамчун дониши заминавӣ хидмат мекунанд. Доираи фаҳмиши хонандагон васеъ ва амиқ мегардад. Малакае, ки аз мутолиаи “Географияи табиӣ” ҳосил намудем, дар ҷараёни омӯзиши маҳали худ мушаххас ва мустахкам карда мешавад. Азхуд намудани он донишхо ба мо имконият медиҳад, ки на фақат зоҳиршавии қонуниятҳои табииро дар маҳали худ фаҳмем, балки дахолати номатлуби инсонро ба табиати атроф дарк намуда, барои муҳофизати он чораҳо андешем.

Савол ва супориш

  1. География чиро меомӯзад?
  2. География аз кадом соҳаҳо иборат аст?
  3. Мавзӯи тадкиқоти географияи табиӣ чист?
  4. Дар фаъолияти хочагии инсон табиат чӣ аҳамият дорад?
  5. Дониши географияи табиӣ барои чӣ лозим аст?
  6. Ба дарс тамоми воситаҳои таълимии барои омӯзиши география заруриро оред.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zamin

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, …