Главная / Гуногун / Газали Иброхими Наккош

Газали Иброхими Наккош

Биё, эй толиби чаннат, дуруди Мустафо мегу,

Шунида номи он Хазрат, дуруди Мустафо мегу.

Сахар аз хоб чун хези, зи дида ашки хун рези,

Диле бо дард омези, дуруди Мустафо мегу.

Паси хар тоату одат, фароги шодиву хасрат,

Чу майлат хаст бар Хазрат, дуруди Мустафо мегу.

Чу рафти чониби масчид, ки то гарди дар он сочид,

Гирифти рохи Хак бо чид, дуруди Мустафо мегу.

Агар мушкил ба cap дори, тарики пурхатар дори,

В-агар майле ба зар дори, дуруди Мустафо мегу.

В-агар уро талаб дори, на охи нимашаб дори,

Чу калбу кому лаб дори, дуруди Мустафо мегу.

Ба хар махфил, ки биншини, чамоли дустон бини,

Баро як дам зи худбини, дуруди Мустафо мегу

Чу бар бустон гузар карди, ба руйи гул назар карди,

Машоматро хабар карди, дуруди Мустафо мегу.

Агар хохи шафоатро, наими хулду рохатро,

Шунида номи Хазратро, дуруди Мустафо мегу.

Ту, Наккош, аз сабукчони, нарафти рохи Рахмони,

Барои рузи хайрони дуруди Мустафо мегу.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …