Главная / Гуногун / Ғазали Иброҳими Наққош

Ғазали Иброҳими Наққош

Биё, эй толиби ҷаннат, дуруди Мустафо мегӯ,

Шунида номи он Ҳазрат, дуруди Мустафо мегӯ.

Саҳар аз хоб чун хезӣ, зи дида ашки хун резӣ,

Диле бо дард омезӣ, дуруди Мустафо мегӯ.

Паси ҳар тоату одат, фароғи шодиву ҳасрат,

Чу майлат ҳаст бар Ҳазрат, дуруди Мустафо мегӯ.

Чу рафтӣ ҷониби масҷид, ки то гардӣ дар он соҷид,

Гирифтӣ роҳи Ҳақ бо ҷид, дуруди Мустафо мегӯ.

Агар мушкил ба cap дорӣ, тариқи пурхатар дорӣ,

В-агар майле ба зар дорӣ, дуруди Мустафо мегӯ.

В-агар ӯро талаб дорӣ, на оҳи нимашаб дорӣ,

Чу қалбу кому лаб дорӣ, дуруди Мустафо мегӯ.

Ба ҳар маҳфил, ки биншинӣ, ҷамоли дӯстон бинӣ,

Баро як дам зи худбинӣ, дуруди Мустафо мегӯ

Чу бар бустон гузар кардӣ, ба рӯйи гул назар кардӣ,

Машоматро хабар кардӣ, дуруди Мустафо мегӯ.

Агар хоҳӣ шафоатро, наими хулду роҳатро,

Шунида номи Ҳазратро, дуруди Мустафо мегӯ.

Ту, Наққош, аз сабукҷонӣ, нарафтӣ роҳи Раҳмонӣ,

Барои рӯзӣ ҳайронӣ дуруди Мустафо мегӯ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …