Главная / Илм / ГУРУСНА МОНДАН

ГУРУСНА МОНДАН

gurusna-mondanГУРУСНА МОНДАН, холатест, ки бинобар вучуд надоштан ё ба организм дохил нашудани моддахои гизои ба амал меояд. Он хамчунин дар сурати пастсифат будани гизо ё хурокро хазм карда натавонистани организм низ пайдо мешавад. Гуруснаги чун холати физиологи дар табиат айёми хоби зимистонаи хайвонот (хирс, юрмон, хорпушт ва г.), аз хунуки карахт шудани курбокка, мохи, хашарот ба мушохида мерасад. Чунин тарзи Г. м. бо заъфи раванди мубодилаи моддахо дар организм алокаманд аст. Он имкон медихад, ки чонварон бо сарфи нихоят ками энергия муддати дароз (дар он даврахои сол, ки барои хаёт номусоид аст) зинда монанд.
Гуруснамони пурра (организм гайр аз об дигар моддахои гизоиро истеъмол намекунад), мутлак (бегизо ва беоб мондани организм) ва нопурра (нимгуруснаги) мешавад. Гайр аз ин, гуруснамонии чузъи (дар сурати муътадил будани калорияи умумии хурок ба организм як ё чанд моддаи гизои намерасад) низ мавчуд аст.
Хангоми гуруснамонии пурра ва мутлак организм аз хисоби сарфи захираи моддахои гизои (асосан чарбу) зинда мемонад. Дар муддати гуруснаги кашидан, кобилияти неруофари тадричан паст мегардад, аммо мубодилаи умумии моддахо аз эътидол намебарояд. Аз ин ру, дар аснои гуруснамонии бардавом тамоми василахое, ки мубодилаи моддахоро метезонанд (кори чисмони, сармо, гармо, беморихои гуногун), боиси бештар талаф ёфтани моддахои гизои ва хатто махви организм мегарданд.
Давомоти хаёти чонварон хангоми гуруснамонии пурра гуногун аст. Мас., паррандахои майда баъди 2 шаборуз, мург баъди 14 – 20 руз мемирад; саг то 40 – 60 руз, асп то 80 руз зинда мемонад. Одами калонсол ба Г. м. 65 – 70 руз тоб меорад. Чавонон нисбат ба калонсолон пештар мефавтанд. Одамони пир бинобар суст будани мубодилаи моддахо дар организм ба гуруснаги бардошт мекунанд. Захираи чарбу хар кадар зиёд бошад, организм ба Г. м. хамон кадар тоб меорад.
Гуруснамонии нопурра аз гуруснамонии пурра бо имконияти муддати дароз зинда мондани организм (дар шароити нарасидани хурок ва ихтилоли чараёни хозима) фарк мекунад.
Хангоми Г. м. (пурра, мутлак ва нопурра) дар хурок нарасидани сафеда таъсири бештар дорад. Ихтилоли фаъолияти узвхо, мубодилаи моддахо ва об, яъне мачмуи иллатхое, ки ба дистрофияи гизои, витаминкохи ва г. хос аст, меафзоянд. Одам рузхои аввали Г. м. аз ташнаги, афзудани иштихо, обварам ва хастахоли азият кашад хам, кобилияти кори пурра гум намешавад. Вале ахволи у тадричан бад гашта, харобу логар мешавад, заъфи мушакхо ва кабзият ба амал меояд; мумкин аст рухия тагйир ёфта, кобилияти кори аз даст равад; фаъолияти гадудхои усораи дохили тагйир меёбад, андозаи дил хурд, низоми нафаскаши вайрон мешавад.
Хамчун воситаи табобат гуруснамониро дар мавриди фарбехи, полиартрит, зики нафас ва г. зери назорати катъии духтур кор мефармоянд. Баъди анчоми давраи табобат ба мариз аввал андак хуроки сергизои зудхазм медиханд. Сипас микдор ва гизонокии хурок тадричан зиёд карда мешавад.
Хангоми омосхои саратони, беморихои хун, сил, нукси дил ва г. табобат бо гуруснаги манъ аст. Ниг. низ Пархезшифои.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …