ГУРУСНА МОНДАН, ҳолатест, ки бинобар вуҷуд надоштан ё ба организм дохил нашудани моддаҳои ғизоӣ ба амал меояд. Он ҳамчунин дар сурати пастсифат будани ғизо ё хӯрокро ҳазм карда натавонистани организм низ пайдо мешавад. Гуруснагӣ чун ҳолати физиологӣ дар табиат айёми хоби зимистонаи ҳайвонот (хирс, юрмон, хорпушт ва ғ.), аз хунукӣ карахт шудани қурбоққа, моҳӣ, ҳашарот ба мушоҳида мерасад. Чунин тарзи Г. м. бо заъфи раванди мубодилаи моддаҳо дар организм алоқаманд аст. Он имкон медиҳад, ки ҷонварон бо сарфи ниҳоят ками энергия муддати дароз (дар он давраҳои сол, ки барои ҳаёт номусоид аст) зинда монанд.
Гуруснамонӣ пурра (организм ғайр аз об дигар моддаҳои ғизоиро истеъмол намекунад), мутлақ (беғизо ва беоб мондани организм) ва нопурра (нимгуруснагӣ) мешавад. Ғайр аз ин, гуруснамонии ҷузъӣ (дар сурати мӯътадил будани калорияи умумии хӯрок ба организм як ё чанд моддаи ғизоӣ намерасад) низ мавҷуд аст.
Ҳангоми гуруснамонии пурра ва мутлақ организм аз ҳисоби сарфи захираи моддаҳои ғизоӣ (асосан чарбу) зинда мемонад. Дар муддати гуруснагӣ кашидан, қобилияти неруофарӣ тадриҷан паст мегардад, аммо мубодилаи умумии моддаҳо аз эътидол намебарояд. Аз ин рӯ, дар аснои гуруснамонии бардавом тамоми василаҳое, ки мубодилаи моддаҳоро метезонанд (кори ҷисмонӣ, сармо, гармо, бемориҳои гуногун), боиси бештар талаф ёфтани моддаҳои ғизоӣ ва ҳатто маҳви организм мегарданд.
Давомоти ҳаёти ҷонварон ҳангоми гуруснамонии пурра гуногун аст. Мас., паррандаҳои майда баъди 2 шаборӯз, мурғ баъди 14 – 20 рӯз мемирад; саг то 40 – 60 рӯз, асп то 80 рӯз зинда мемонад. Одами калонсол ба Г. м. 65 – 70 рӯз тоб меорад. Ҷавонон нисбат ба калонсолон пештар мефавтанд. Одамони пир бинобар суст будани мубодилаи моддаҳо дар организм ба гуруснагӣ бардошт мекунанд. Захираи чарбу ҳар қадар зиёд бошад, организм ба Г. м. ҳамон қадар тоб меорад.
Гуруснамонии нопурра аз гуруснамонии пурра бо имконияти муддати дароз зинда мондани организм (дар шароити нарасидани хӯрок ва ихтилоли ҷараёни ҳозима) фарқ мекунад.
Ҳангоми Г. м. (пурра, мутлақ ва нопурра) дар хӯрок нарасидани сафеда таъсири бештар дорад. Ихтилоли фаъолияти узвҳо, мубодилаи моддаҳо ва об, яъне маҷмӯи иллатҳое, ки ба дистрофияи ғизоӣ, витаминкоҳӣ ва ғ. хос аст, меафзоянд. Одам рӯзҳои аввали Г. м. аз ташнагӣ, афзудани иштиҳо, обварам ва хастаҳолӣ азият кашад ҳам, қобилияти корӣ пурра гум намешавад. Вале аҳволи ӯ тадриҷан бад гашта, харобу лоғар мешавад, заъфи мушакҳо ва қабзият ба амал меояд; мумкин аст рӯҳия тағйир ёфта, қобилияти корӣ аз даст равад; фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ тағйир меёбад, андозаи дил хурд, низоми нафаскашӣ вайрон мешавад.
Ҳамчун воситаи табобат гуруснамониро дар мавриди фарбеҳӣ, полиартрит, зиқи нафас ва ғ. зери назорати қатъии духтур кор мефармоянд. Баъди анҷоми давраи табобат ба мариз аввал андак хӯроки серғизои зудҳазм медиҳанд. Сипас миқдор ва ғизонокии хӯрок тадриҷан зиёд карда мешавад.
Ҳангоми омосҳои саратонӣ, бемориҳои хун, сил, нуқси дил ва ғ. табобат бо гуруснагӣ манъ аст. Ниг. низ Парҳезшифоӣ.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …